Skip to content
Opens in a new window

[1] Эй писарам! Таълими маро фаромӯш накун, ва бигзор дили ту аҳкоми маро маҳфуз дорад,

[2] Зеро ки дарозии айём ва солҳои ҳаёт ва осоиштагиро барои ту афзун хоҳанд кард.

[3] Бигзор эҳсон ва ростӣ туро тарк накунанд: онҳоро бар гардани худ бибанд, ва бар лавҳи дили худ бинавис,

[4] Ва дар назари Худо ва одамон таваҷҷӯҳ ва шиносоии нек пайдо хоҳӣ кард.

[5] Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такья накун.

[6] Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо, ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард.

[7] Дар назари худат хирадманд набош, аз Худованд битарс, ва аз бадӣ дур шав:

[8] Ин барои нофи ту офият ва барои устухонҳои ту илик хоҳад шуд.

[9] Аз дороии худ ва аз гузини тамоми ҳосилоти худ Худовандро ҷалол деҳ,

[10] Ва анборҳои ту то ба ҳадди фаровонӣ пур хоҳад шуд, ва чархуштҳои ту аз шираи ангур лабрез хоҳад гардид.

[11] Эй писарам! Ҷазои Худовандро рад накун, ва аз мазаммати Ӯ дилгир нашав,

[12] Зеро ки Худованд ҳар киро дӯст дорад, варо мазаммат мекунад, ва ба вай, монанди падар ба писараш, таваҷҷӯҳ менамояд.

[13] Хушо касе ки ҳикмат пайдо кардааст, ва касе ки ба хирад ноил шудааст!

[14] Зеро ки фоидаи он аз фоидаи нуқра, ва ҳосили он аз зари холис беҳтар аст.

[15] Он аз ҷавоҳир азизтар аст, ва ҳеҷ чизи дилхоҳи ту ба он баробар нест.

[16] Дар ямини он дарозии айём аст, ва дар дасти чапи он — сарват ва ҷалол.

[17] Роҳҳои он роҳҳои хуш аст, ва ҳамаи тариқҳои он — осоиштагӣ.

[18] Барои касоне ки онро нигоҳ медоранд, нахли ҳаёт аст, — ва хушо касе ки онро маҳфуз медорад!

[19] Худованд заминро бо ҳикмат буньёд кард, осмонро бо хирад барқарор намуд.

[20] Бо ҳикмати Ӯ вартаҳо шикофта шуд, ва абрҳо шабнамро меборонад.

[21] Эй писарам! Ин чизҳо аз назарат дур нашавад; зеҳн ва фаросатро нигоҳдорӣ намо, —

[22] Ва онҳо барои ҷони ту ҳаёт ва барои гардани ту зевар хоҳанд буд.

[23] Он гоҳ дар роҳи худ бо амният қадамгузор хоҳӣ шуд, ва пои ту нахоҳад лағжид.

[24] Вақте ки хоб равӣ, нахоҳӣ тарсид; ва чун хобат барад, хоби ту ширин хоҳад буд.

[25] Аз ваҳми ногаҳонӣ нахоҳӣ тарсид, ва аз ситами шарирон, вақте ки падид ояд,

[26] Зеро ки Худованд умедбахши ту хоҳад буд, ва пои туро аз дом нигоҳ хоҳад дошт.

[27] Аз некӣ кардан ба мӯҳтоҷе даст накаш, вақте ки кардани он аз дастат ояд.

[28] Ба ёри худ нагӯй: «Бирав ва бозгард, ва фардо хоҳам дод», вақте ки дар пеши худ дошта бошӣ.

[29] Дар ҳаққи ёри худ андешаи бад накун, вақте ки вай пеши ту бо эътимод нишаста бошад.

[30] Бо касе бе сабаб муноқиша накун, вақте ки вай ба ту бадӣ накарда бошад.

[31] Аз шахси золим ҳасад набар, ва аз роҳҳои вай ҳеҷ якеро интихоб накун,

[32] Зеро ки каҷкор назди Худованд зишт аст, аммо бо росткорон Ӯ маҳрами асрор аст.

[33] Лаънати Худованд бар хонаи шарир аст, вале маскани одилонро Ӯ баракат медиҳад.

[34] Масхарабозонро Ӯ албатта тамасхур мекунад, лекин ба фурӯтанон файз мебахшад.

[35] Хирадмандон вориси ҷалол мешаванд, вале аблаҳон ба худ нанг меоваранд.

Китоби Масалҳои Сулаймон — Chapters