Skip to content
Opens in a new window

[1] Аз рӯзи фардо фахр накун, зеро намедонӣ, ки дар як рӯз чӣ ҳодиса рӯй медиҳад.

[2] Бигзор туро дигаре ситоиш намояд, на ин ки даҳони худат, — бегонае, на ин ки лабҳои худат.

[3] Санг гарон аст, ва рег вазнин, вале хашми шахси беақл аз ҳар дуи онҳо гаронтар аст.

[4] Ғазаб бераҳм аст, ва хашм мисли селоб, вале кист, ки тавонад пеши рашк истодагӣ кунад?

[5] Мазаммати ошкор беҳ аз муҳаббати пинҳонӣ.

[6] Таънаҳои дӯст самимист, вале бӯсаҳои бадхоҳ бисьёр аст.

[7] Ҷони сер аз шаҳд ҳам нафрат мекунад, вале барои ҷони гурусна ҳар талхӣ ширин аст.

[8] Чунон ки мурғак аз лонаи худ овора мешавад, ончунон аст касе ки аз макони худ овора шавад.

[9] Равған ва атр дилро шод мекунад, ва ширинии ёр аз машварати ҷонист.

[10] Ёри худ ва ёри падари худро тарк накун, ва дар рӯзи мусибати худ ба хонаи бародари худ нарав: ҳамсояи наздик беҳ аз бародари дур.

[11] Эй писарам! Бохирад бош, ва дили маро шод гардон, то ки ман ба бадгӯи худ тавонам ҷавоб диҳам.

[12] Шахси бофаросат мусибатро мебинад, пинҳон мешавад: соддадилон гузашта мераванд, ва ҷазо меёбанд.

[13] Либоси ӯро бигир, чунки ба бегона зомин шудааст; ва аз ӯ, ки зомини шахси ғайр аст, гарав бигир.

[14] Кас агар, субҳидам бармаҳал хеста, ёри худро бо овози баланд табрик гӯяд, ин барои вай лаънат ҳисоб меёбад.

[15] Чак‐чаки шилқини бом дар рӯзи борон ва зани ситезакор баробар аст:

[16] Касе ки хоҳад варо ниҳон дорад, мисли касест, ки мехоҳад бодро ниҳон дорад, ё равғанеро, ки дар кафи рости худ нигоҳ дошта бошад.

[17] Оҳан оҳанро тез мекунад; ҳамчунин одам симои ёри худро пардоз медиҳад.

[18] Касе ки ба дарахти анҷир нигоҳубин кунад, меваи онро хоҳад хӯрд; ҳамчунин касе ки оғои худро нигоҳдорӣ кунад, иззат хоҳад ёфт.

[19] Чунон ки дар об чеҳра акси чеҳра бошад, ончунон дили одам акси одам аст.

[20] Асфалуссофилин ва эъдом сер намешаванд; ҳамчунин чашмони одам сер намешавад.

[21] Бӯта барои нуқра аст, ва кӯра — барои тилло; вале одам аз рӯи таърифи ӯ озмуда мешавад.

[22] Агар беақлро дар ҳован дар миёни дону дун бо ҳовандаста бикӯбӣ, беақлии вай аз вай ҷудо намешавад.

[23] Аз аҳволи чорвои худ ба хубӣ хабардор бош, ба рамаҳо ғамхорӣ намо,

[24] Зеро ки сарват абадӣ нест, тоҷ ҳам магар аз насл ба насл аст?

[25] Вақте ки алаф аз назар ғоиб шуд, ва сабза неш зада баромад, ва гиёҳҳои кӯҳӣ ғундошта мешавад,

[26] Гӯсфандон барои либоси туст, ва такаҳо — барои нархи замин.

[27] Ва шири бузҳо барои хӯроки ту, барои хӯроки аҳли байти ту ва барои ризқу рӯзии канизони ту кофист.

Китоби Масалҳои Сулаймон — Chapters