[1] Оё ҳикмат даъват наменамояд? Оё хирад овози худро намебарорад?
[2] Дар ҷойҳои баланди сари роҳ, дар миёни чорроҳа меистад;
[3] Дар паҳлуи дарвозаҳо, назди даромадгоҳи шаҳр, дар остонаи дарҳо нидо мекунад:
[4] «Шуморо, эй шахсон, даъват менамоям, ва овози ман барои банӣ‐одам аст.
[5] Эй соддадилон! Фаросат биомӯзед, ва эй аблаҳон, дониш биомӯзед.
[6] Бишнавед, чунки суханони муҳим мегӯям, ва он чи аз лабҳои ман мебарояд, рост аст,
[7] Зеро ки забони ман сухани ростро баён мекунад, ва шарорат барои лабҳои ман зишт аст;
[8] Ҳамаи суханони даҳони ман ҳаққонист; дар онҳо каҷравӣ ва талбис нест;
[9] Ҳамааш барои хирадманд равшан аст, ва барои ёбандагони дониш рост аст.
[10] Насиҳати маро бештар аз нуқра қабул кунед, ва донишро беҳтар аз зари холис бидонед;
[11] Зеро ки ҳикмат беҳ аз ҷавоҳир аст, ва ҳеҷ чизи дилхоҳ ба он баробар нест.
[12] Ман, ҳикмат, дар фаросат сокин ҳастам, ва дониши тадбирсозро пайдо мекунам.
[13] Худотарсӣ — аз бадӣ нафрат доштан аст: аз ғурур, ва ҳавобаландӣ, ва роҳи бад, ва даҳони каҷгуфтор нафрат дорам.
[14] Машварат ва зиракӣ дар ман аст; ман хирад ҳастам; қувват дар ман аст.
[15] Бо ман подшоҳон салтанат меронанд, ва мирон адлро ба сурати қонун медароваранд.
[16] Бо ман сарварон, ва акобир, ва ҳамаи доварони замин сардорӣ мекунанд.
[17] Дӯстдорони худро дӯст медорам, ва толибони ман маро хоҳанд ёфт.
[18] Сарват ва ҷалол, ганҷи бақодор ва хайр бо ман аст.
[19] Самари ман беҳ аз тилло ва зари холис аст, ва ҳосили ман беҳ аз нуқраи хушъиёр аст.
[20] Бо роҳи адолат, андаруни тариқҳои инсоф меравам,
[21] То ки дӯстдорони худро соҳиби сарват гардонам ва ганҷинаҳошонро пур кунам.
[22] Худованд маро ибтидои роҳи Худ сохтааст, — пеш аз амалиёти Худ, аз қадимулайём:
[23] Аз азал тарҳ ёфтаам, — аз ибтидо, пеш аз хилқати замин.
[24] Вақте ки вартаҳо набуд, ба вуҷуд омадаам, — вақте ки чашмаҳои пур аз об набуд.
[25] Пеш аз барпо шудани кӯҳҳо, пеш аз талҳо ба вуҷуд омадаам,
[26] Вақте ки замин ва саҳроҳо ва аввали ғубори дуньёро Ӯ ҳанӯз наофарида буд.
[27] Вақте ки Ӯ афлокро муҳайё мекард, он ҷо будам. Вақте ки Ӯ хати уфуқро бар рӯи варта мекашид,
[28] Вақте ки абрҳоро дар боло барқарор менамуд, вақте ки чашмаҳои вартаро мустаҳкам мекард,
[29] Вақте ки низоми баҳрро амр мефармуд, то ки обҳо аз ҳудуди он нагузаранд, вақте ки асосҳои заминро мегузошт, —
[30] Он вақт назди Ӯ дастпарвард будам, ва ҳар рӯз ҳаловат мебурдам, ва ба ҳузури Ӯ ҳамеша хушҳолӣ менамудам, —
[31] Дар замини офаридаи Ӯ хушҳолӣ менамудам, ва ба туфайли банӣ‐одам ҳаловат мебурдам.
[32] Ва акнун, эй писарон, маро бишнавед; хушо касоне ки роҳҳои маро риоят мекунанд!
[33] Насиҳатро бишнавед, ва ҳикматпеша бошед, ва онро рад накунед.
[34] Хушо касе ки маро мешунавад, ҳар рӯз назди дарвозаи ман бедор меистад ва паҳлудариҳои маро нигаҳбонӣ мекунад!
[35] Зеро касе ки маро ёфта бошад, ҳаётро ёфтааст, ва аз ҷониби Худованд ҳусни таваҷҷӯҳ хоҳад ёфт.
[36] Валекин касе ки аз ман дур шавад, ба ҷони худ ҷафо мекунад; ҳамаи онҳое ки аз ман нафрат доранд, мамотро дӯст медоранд».