[1] Аз касони бад ҳасад набар, ва бо онҳо буданро ҳавас накун,
[2] Чунки дили онҳо дар фикри тороҷ аст, ва лабҳои онҳо дар бораи хабосат сухан меронад.
[3] Хона бо ҳикмат бино меёбад ва бо хирад барқарор мегардад.
[4] Ва бо дониш ҳуҷраҳо аз ҳар навъ молу мулки гаронбаҳо ва дилпазир пур мешавад.
[5] Марди хирадманд боиқтидор аст, ва шахси донишманд бо қуввати худ ҷасур аст,
[6] Чунки бо тадбирсозӣ метавонӣ барои худ ҷанг кунӣ, ва зафар аз машваратчиёни бисьёр аст.
[7] Ҳикмат барои беақл аз ҳад зиёд баланд аст: назди дарвоза ӯ даҳони худро намекушояд.
[8] Касе ки бадиро ният кунад, ӯро дасисакор меноманд.
[9] Нияти беақлӣ гуноҳ кардан аст, ва масхарабоз барои одамон зишт аст.
[10] Агар дар рӯзи тангӣ заифдил бошӣ, қуввати ту кам аст.
[11] Онҳоеро, ки барои мамот гирифта шудаанд, халос кун, ва маҳкумони қатлро кошки маҳфуз медоштӣ!
[12] Агар гӯӣ, ки «инро надонистаам», Санҷандаи дилҳо, охир, мефаҳмад, ва Нигаҳбони ҷони ту медонад, ва ба одам мувофиқи аъмоли вай подош медиҳад.
[13] Эй писарам! Асалро бихӯр, чунки хуб аст, ва шаҳдро, чунки барои коми ту ширин аст;
[14] Чунин аст омӯхтани ҳикмат барои ҷони ту: агар онро ба даст оварӣ, ояндае дорӣ, ва умеди ту барбод намеравад.
[15] Эй шарир! Бар маскани одил камин нагир; оромгоҳи ӯро безобита накун,
[16] Зеро ки одил ҳафт маротиба афтад ҳам, мехезад, вале шарирон гирифтори бало мешаванд.
[17] Вақте ки душмани ту фурӯ ғалтад, шодӣ накун, ва ҳангоме ки вай ба нокомӣ дучор шавад, бигзор дили ту ба ваҷд наояд:
[18] Мабодо Худованд инро бинад, ва ин дар назари Ӯ бад намояд, ва Ӯ ғазаби Худро аз вай бигардонад.
[19] Аз бадкешон дар қаҳр нашав, ва аз шарирон ҳасад набар,
[20] Чунки шахси бад оянда надорад: чароғи шарирон хомӯш мешавад.
[21] Эй писарам! Аз Худованд ва подшоҳ битарс; бо исьёнгарон алоқа накун,
[22] Чунки ногаҳон ҳалокаташон меояд, ва мусибатеро, ки аз ҷониби ҳар дуи онҳост, кист, ки бидонад?
[23] Инҳо низ гуфтори хирадмандон аст: рӯйбинӣ кардан дар доварӣ хуб нест.
[24] Касе ки ба шарир гӯяд: «Ту одил ҳастӣ», қавмҳо ба вай лаънат хоҳанд хонд, қабилаҳо аз вай нафрат хоҳанд кард,
[25] Вале онҳое ки ӯро мазаммат мекунанд, хурсанд хоҳанд шуд, ва баракати хайрхоҳӣ бар онҳо хоҳад омад.
[26] Касе ки бо суханони дуруст ҷавоб гардонад, лабҳоро мебӯсад.
[27] Барои кори худ дар берун тадорук намо, ва онро дар киштзори худ ба тартиб овар, ва баъд хонаи худро низ бино бикун.
[28] Ба зидди ёри худ шоҳиди ноҳақ набош; чаро бо лабҳои худ мехоҳӣ фиреб диҳӣ?
[29] Нагӯй: «Чӣ гунае ки вай ба ман рафтор кард, ман низ ба вай ҳамон гуна рафтор мекунам; ба ин одам мувофиқи кирдораш подош медиҳам».
[30] Аз киштзори шахси коҳиле мегузаштам, ва аз токзори одами беақл,
[31] Ва инак, ҳамаи инро хорҳо зер кардааст, рӯяшро газна пӯшидааст, ва тавораи сангинаш вайрон шудааст.
[32] Ва ман назар кардам, диққат додам, дидам, сабақ гирифтам:
[33] «Андак хоб, андак ғанаб, андак даст дар бағал хобидан».
[34] Вале бенавоии ту мисли роҳзан хоҳад омад, ва мӯҳтоҷии ту — монанди шахси яроқнок.