[1] Бенавое ки бо роҳи рости худ равон аст, беҳ аз каҷгуфторе ки аблаҳ бошад.
[2] Бепарвогии ҷон ҳам хуб нест, ва касе ки бо пойҳои худ шитобад, пешпо мехӯрад.
[3] Беақлии одам роҳи ӯро каҷ мекунад, вале дили ӯ аз Худованд гиламанд мешавад.
[4] Сарват ёрони бисьёрро ҳамроҳ мекунад, вале бенаво аз ёри худ ҷудо мешавад.
[5] Шоҳиди козиб беҷазо намемонад, ва касе ки суханони дурӯғ бофад, раҳо намешавад.
[6] Бисьёр касон дидори валинеъматро толибанд, ва ҳама ёри шахси инъомдеҳ ҳастанд.
[7] Ҳамаи бародарони бенаво аз ӯ нафрат мекунанд, алалхусус ёронаш аз ӯ дур мешаванд; аз паи ваъдаҳошон медавад, аммо нестанд.
[8] Касе ки ҳикмат пайдо кунад, ҷони худро дӯст медорад; касе ки хирадро нигоҳ дорад, файз меёбад.
[9] Шоҳиди козиб беҷазо намемонад, ва касе ки суханони дурӯғ бофад, ба ҳалокат мерасад.
[10] Ба аблаҳ айшу тараб намезебад, алалхусус ба ғулом — ҳукмронӣ бар мирон.
[11] Ақли одам хашми ӯро бозмедорад, ва аз бадкорӣ чашм пӯшида гузаштан ҷалолати ӯст.
[12] Ғазаби подшоҳ мисли ғурриши шери ҷавон аст, ва хусни таваҷҷӯҳи ӯ мисли шабнам аст бар алаф.
[13] Писари аблаҳ фалокат аст барои падар, ва ситезаҳои зан мисли чак‐чаки шилқин аст.
[14] Хона ва дороӣ мероси падарон аст, вале зани соҳибфаҳм аз ҷониби Худованд аст.
[15] Коҳилӣ касро хоболуд мегардонад, ва шахси танбал гирифтори гуруснагӣ мешавад.
[16] Касе ки аҳкомро риоя кунад, ҷони худро нигаҳбонӣ менамояд, вале касе ки ба роҳҳои худ беэътиноӣ кунад, ба ҳалокат мерасад.
[17] Касе ки ба бенаво марҳамат кунад, ба Худованд қарз медиҳад, ва Ӯ мукофоти некии варо ба вай адо мекунад.
[18] Писари худро ҷазо деҳ, ҳанӯз ки умеде ҳаст, ва аз гирьяи ӯ ҷони худро накоҳон.
[19] Пурхашм албатта ҷазо мебинад, чунки агар ӯро раҳо намоӣ, боз ҳам ҷазо додан лозим мешавад.
[20] Машваратро бишнав ва насиҳатро қабул намо, то ки оқибат ту хирадманд шавӣ.
[21] Дар дили одам фикрҳо бисьёр аст, вале фақат нақши Худованд ба амал меояд.
[22] Ифтихори одам эҳсонкории ӯст, ва бенаво беҳ аз шахси каззоб.
[23] Худотарсӣ боиси ҳаёт аст, ва тарсгор дар некӣ сокин аст ва аз ҳар бадӣ эмин аст.
[24] Коҳил дасти худро дар табақ меандозад, ва онро ҳатто ба даҳони худ намебарад.
[25] Масхарабозро шаллоқ занӣ, соддадил ҳушьёр мешавад; оқилро мазаммат намоӣ, насиҳатро дарк мекунад.
[26] Писари нанговар ва беор падарро тороҷ мекунад, ва модарро меронад.
[27] Эй писарам! Шунидани пандро бас кун, агар аз суханони дониш дур мешуда бошӣ.
[28] Шоҳиди сафил довариро тамасхур мекунад, ва даҳони шарирон талбисро фурӯ мебарад.
[29] Қасосҳо барои масхарабозон муҳайёст, ва зарбу латҳо — барои ҷисми аблаҳон.