[1] Ҳикмати зан хонаи варо бино мекунад, вале зани аблаҳ бо дасти худ онро вайрон мекунад.
[2] Касе ки бо роҳи рост равад, тарсгори Худованд аст, вале касе ки роҳҳояш каҷ аст, Ӯро хор медорад.
[3] Дар даҳони аблаҳ навдаи ғурур аст, вале лабҳои хирадмандон онҳоро нигаҳбонӣ мекунад.
[4] Агар барзаговҳо набошад, охур холист, вале аз қуввати барзагов маҳсулот бисьёр аст.
[5] Шоҳиди амин дурӯғ намегӯяд, вале шоҳиди козиб суханони дурӯғ мебофад.
[6] Масхарабоз ҳикмат меҷӯяд, ва намеёбад; вале барои оқил дониш осон аст.
[7] Аз ҳузури шахси аблаҳ дур шав, вагар на лабҳои оқилонаро нахоҳӣ донист.
[8] Ҳикмати шахси бофаросат — дар фаҳмидани роҳи ӯст; вале беақлии аблаҳон макр аст.
[9] Беақлонро гуноҳ миёнарав аст, вале дар миёни росткорон — ҳусни таваҷҷӯҳ.
[10] Дил талхии ҳиссиёти худро медонад, ва дар шодии вай бегонае иштирок надорад.
[11] Хонаи шарирон вайрон мешавад, вале хаймаи росткорон нашъунамо меёбад.
[12] Роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост менамояд, вале оқибаташ роҳҳои мамот аст.
[13] Дар вақти ханда ҳам баъзан дили кас дард мекунад, ва шодие ҳаст, ки оқибаташ андӯҳ аст.
[14] Каҷдил аз роҳҳои худ сер мешавад, ва шахси нек — аз амалиёти худ.
[15] Соддадил ба ҳар сухан имон меоварад, вале бофаросат ба ҳар қадами худ диққат медиҳад.
[16] Хирадманд метарсад ва аз бадӣ дур мешавад, вале аблаҳ пурғурур ва худписанд аст.
[17] Тундмизоҷ беаклӣ мекунад, ва шахси дасисакор нафратангез аст.
[18] Насиби соддадилон беақлист, вале дониш тоҷи бофаросатон аст.
[19] Бадон назди некон сархам меистанд, ва шарирон — пеши дарвозаҳои одилон.
[20] Бенаво барои ёри худ низ нафратангез аст, вале сарватдор дӯстони бисьёре дорад.
[21] Касе ки аз ёри худ нафрат дорад, гуноҳ мекунад, вале хушо касе ки хайрхоҳи мискинон аст!
[22] Оё бадандешон гумроҳ намешаванд? Вале эҳсон ва ростӣ бо некандешон аст.
[23] Дар ҳар кори сахт нафъе ҳаст, вале пургӯӣ фақат сӯи бенавоӣ мебарад.
[24] Тоҷи хирадмандон сарвати онҳост; вале тавонгарии аблаҳон беақлист.
[25] Шоҳиди ростгӯй ҷонҳоро халос мекунад, вале шоҳиди маккор суханони дурӯғ мебофад.
[26] Дар худотарсӣ қалъаи мустаҳкаме ҳаст, ва вай барои фарзандонаш паноҳгоҳ мешавад.
[27] Худотарсӣ чашмаи ҳаёт аст, ва аз домҳои мамот дур мекунад.
[28] Шавкати подшоҳ дар бисьёрии қавм аст, ва шикасти амир дар камии қабила аст.
[29] Собир пурхирад аст, вале зудранҷ беақлиро зоҳир месозад.
[30] Дили ором ҳаёти ҷисм аст, вале ҳасад фасоди устухонҳост.
[31] Касе ки бенаворо ба танг оварад, Офаринандаи ӯро хорӣ медиҳад, вале касе ки ба мискин марҳамат мекунад, Ӯро ҷалол медиҳад.
[32] Шарир барои бадии худ рад карда мешавад, вале одил дар вақти мамоти худ низ ба Худо паноҳ мебарад.
[33] Ҳикмат дар дили оқил қарор меёбад, вале он чи андаруни аблаҳон аст, ошкор мешавад,
[34] Адолат қавмро сарбаланд мегардонад, вале гуноҳ нанги қабилаҳост.
[35] Таваҷҷӯҳи подшоҳ бар бандаи соҳибфаҳм аст, вале хашми ӯ — бар каси нанговар.