Skip to content
Opens in a new window

[1] Ҳикмат хонаи худро бино кард, ҳафт рукни онро тарошид,

[2] Парвории худро забҳ намуд, шароби худро омехта кард, ва суфраи худро орост;

[3] Канизони худро фиристод, то ки аз болои баландиҳои шаҳр даъват намоянд:

[4] «Касе ки соддадил аст, ин ҷо биёяд!» Ба ҳар каси беақл гуфт:

[5] «Биёед, аз нони ман бихӯред, ва аз шаробе ки омехта кардаам, бинӯшед;

[6] Соддадилиро тарк намоед ва зиндагӣ кунед, ва бо роҳи хирад қадамгузор шавед».

[7] Ҳар кӣ масхарабозро насиҳат диҳад, ба худаш нанг меоварад, ва ҳар кӣ шарирро мазаммат кунад, худро доғдор месозад.

[8] Масҳарабозро мазаммат накун: мабодо аз ту нафрат кунад; хирадмандро мазаммат намо, ва ӯ туро дӯст хоҳад дошт.

[9] Хирадмандро сабақ омӯз, ва ӯ боз ҳам хирадмандтар хоҳад шуд; одилро таълим деҳ, ва дониши ӯ хоҳад афзуд.

[10] Ибтидои ҳикмат тарси Худованд аст, ва шинохтани Қуддус хирад аст,

[11] Чунки ба воситаи ман айёми ту зиёд хоҳад шуд, ва солҳои умри ту хоҳад афзуд.

[12] Агар хирадманд бошӣ, ба нафъи худат хирадманд ҳастӣ; ва агар масхарабоз бошӣ, бори онро танҳо худат хоҳӣ бардошт.

[13] Зани аблаҳ пуршӯр ва сабукмағз аст, ва чизе намедонад,

[14] Ва назди дари хонаи худ, бар курсӣ, дар ҷойҳои баланди шаҳр менишинад,

[15] То ки роҳгузаронро даъват намояд, — онҳоеро, ки бо роҳҳои рости худ равонанд:

[16] «Касе ки соддадил аст, ин ҷо биёяд!» Ва ба ҳар каси беақл гуфт:

[17] «Оби дуздӣ ширин аст, ва нони рустӣ лазиз аст».

[18] Ва ӯ намедонад, ки он ҷо мурдагон ҳастанд: онҳое ки вай даъват намудааст, дар қаъри дӯзах мебошанд.

Китоби Масалҳои Сулаймон — Chapters