Skip to content
Opens in a new window

[1] Шароб масхара медорад, бӯза талотум мекунад, ва ҳар кӣ саргарми он гардад, хирадманд намешавад.

[2] Ҳайбати подшоҳ мисли ғурриши шери ҷавон аст; касе ки ӯро ба хашм оварад, ҷони худро дар хатар мемонад.

[3] Аз ҷанҷол дур шудан барои одам шараф аст, вале ҳар шахси беақл манша мекунад.

[4] Коҳил зимистон шудгор намекунад, ва дар мавсими дарав толиби ҳосил мешавад — ва намеёбад.

[5] Андешаи дили одам обҳои чуқур аст, вале шахси хирадманд онҳоро мекашад.

[6] Бисьёр касон ба шахси эҳсонкоре дучор меоянд, вале кист, ки тавонад шахси аминро биёбад?

[7] Одил дар беайбии худ рафтор мекунад; хушо писарони ӯ баъд аз ӯ!

[8] Подшоҳ, ки бар курсии доварӣ менишинад, бо нигоҳи чашмони худ ҳар бадиро пароканда мекунад.

[9] Кист, ки тавонад бигӯяд: «Дили худро тоза кардаам, аз гуноҳи худ пок шудаам»?

[10] Сангҳои дигар‐дигар, андозаҳои дигар‐дигар — ҳар дуяш ҳам назди Худованд зишт аст.

[11] Бача низ аз рӯи корҳояш шинохта мешавад, ки оё рафтораш пок ва рост аст ё не.

[12] Гӯши шунаво ва чашми бино — ҳар дуяшро ҳам Худованд офаридааст.

[13] Хобро дӯст надор: мабодо бенаво гардӣ; чашмонатро воз кун, то ки аз нон сер шавӣ.

[14] Харидор мегӯяд: «Бад аст, бад аст»; вале пас аз рафтани худ аз харидаш фахр мекунад.

[15] Тилло ва ҷавоҳири бисьёре ҳаст, вале лабҳои оқилона аз ҳар чиз гаронбаҳотар аст.

[16] Либоси ӯро бигир, чунки ба бегона зомин шудааст: ва аз ӯ, ки зомини шахси ғайр аст, гарав бигир.

[17] Нони ҳаром ба кас ширин аст, вале баъд даҳони ӯ аз сангреза пур мешавад.

[18] Нақшаҳо бо машварат ба амал меояд, ва ту бо тадбирсозӣ ҷанг бикун.

[19] Хабаркаш сирро ошкор мекунад; пас ту бо даҳаньяла алоқа накун.

[20] Касе ки падару модари худро дашном диҳад, чароғаш дар торикии зулмот хомӯш мешавад.

[21] Меросе ки дар аввал бо осонӣ ба даст омада бошад, оқибаташ бобаракат намешавад.

[22] Нагӯй: «Барои бадӣ интиқом мегирам»; ба Худованд таваккал намо, ва Ӯ туро наҷот медиҳад.

[23] Сангҳои дигар‐дигар назди Худованд зишт аст, ва тарозуи нодуруст хуб нест.

[24] Қадамҳои кас аз ҷониби Худованд аст; пас одамизод чӣ гуна тавонад роҳи худро бифаҳмад?

[25] Чизеро сабукфикрона муқаддас хондан ва баъд аз назр мулоҳиза кардан — дом аст барои одамизод.

[26] Подшоҳи хирадманд шариронро пароканда мекунад, ва чархро бар онҳо мегардонад.

[27] Рӯҳи одам чароғи Худованд аст, ки тамоми ботинро месанҷад.

[28] Эҳсон ва ростӣ подшоҳро нигаҳбонӣ мекунад, ва ӯ тахти худро бо эҳсон тақвият медиҳад.

[29] Ҷалолати ҷавонон қуввати онҳост, ва шавкати пирон — мӯи сафедашон.

[30] Ҷароҳатҳои шаллоқ давои шахси бадкор аст, ва зарбу лат, ки андаруни батн фурӯ меравад.

Китоби Масалҳои Сулаймон — Chapters