Skip to content
Opens in a new window

[1] Дили подшоҳ мисли ҷӯйҳои об дар дасти Худованд аст: онро Ӯ ба ҳар куҷо ки хоҳад равона мекунад.

[2] Ҳар роҳи одам дар назари вай рост аст, вале Худованд дилҳоро месанҷад.

[3] Риоя кардани адлу инсоф назди Худованд мақбултар аз қурбонист.

[4] Чашмони ҳавобаландона ва дили пурғурур манбаи гуноҳи шарирон аст.

[5] Мулоҳизаҳои шахси ғайратманд яқинан нафъовар аст, вале ҳар шитобкор яқинан гирифтори бенавоӣ мешавад.

[6] Пайдо кардани ганҷҳо бо забони дурӯғгӯй — саъи беҳудаи толибони мамот аст.

[7] Зулми шарирон онҳоро ба ҳалокат мерасонад, чунки аз риояти инсоф даст кашидаанд.

[8] Роҳи касе ки аз адл бегона аст, пур аз дасисаҳост, вале ҳар кӣ пок бошад, амали ӯ рост аст.

[9] Зистан дар гӯшаи бом беҳ аз зистан бо зани ситезакор дар хонаи фарох.

[10] Ҷони шарир бадиро орзу мекунад; дар назари ӯ ёраш ҳам эҳтиром надорад.

[11] Ҳангоме ки масхарабоз ҷазо ёбад, соддадил хирадманд мешавад; ва ҳангоме ки хирадманд соҳиби фаҳм гардад, ӯ дониш пайдо мекунад.

[12] Одил ба хонаи шарир менигарад, ки чӣ гуна шарирон ба бало гирифтор мешаванд.

[13] Касе ки гӯши худро аз фиғони бенаво баста бошад, худаш низ фарьёд занад, фарьёдрас намеёбад.

[14] Инъоми ниҳонӣ хашмро фурӯ менишонад, ва ришваи кисагӣ — ғазаби сахтро.

[15] Риояти инсоф шодмонӣ барои одилон, ва тарсу ҳарос барои бадкирдорон аст.

[16] Одаме ки аз роҳи хирад дур шуда бошад, дар ҷамоати мурдагон сокин мешавад.

[17] Касе ки айшу ишратро дӯст дорад, бенаво мешавад; касе ки шароб ва равғанро дӯст дорад, сарватдор намешавад.

[18] Барои одил шарир фидия мешавад, ва барои росткорон — хоин.

[19] Зистан дар замини бодия беҳ аз зистан бо зани ситезакор ва хашмгин.

[20] Махзани дилпазир ва равған дар маскани хирадманд аст, вале одами аблаҳ онҳоро исроф менамояд.

[21] Касе ки адолат ва марҳаматро риоят кунад, ҳаёт, адолат ва ҷалол меёбад.

[22] Хирадманд ба шаҳри зӯроварон медарояд ва қалъаи умеди онҳоро ба хок яксон мекунад.

[23] Касе ки даҳони худ ва забони худро нигоҳ дорад, ҷони худро аз мусибатҳо муҳофизат мекунад.

[24] Бадқасди ҳавобаланд, ки масхарабоз ном дорад, бо ғазаби бадқасдона амал мекунад.

[25] Ҳарисии коҳил ӯро мекушад, чунки дастҳои ӯ кор кардан намехоҳад;

[26] Ҳар рӯз ӯ пайваста ҳарисӣ мекунад, вале одил медиҳад ва дареғ намедорад.

[27] Қурбонии шарирон зишт аст, алалхусус вақте ки онро бо нияти бад биёранд.

[28] Шоҳиди козиб ба ҳалокат мерасад, вале сухани шахси бофаҳм ҳаргиз катъ намешавад.

[29] Шахси шарир чеҳраи худро бешарм мегардонад, вале росткор роҳҳои худро месанҷад.

[30] Ҳикмате нест, ва хираде нест, ва машварате нест бар хилофи Худованд.

[31] Асп барои рӯзи ҷанг тайёр аст, вале зафар аз ҷониби Худованд аст.

Китоби Масалҳои Сулаймон — Chapters