Skip to content
Opens in a new window

[1] Касе ки насиҳатро дӯст дорад, донишро дӯст медорад, вале касе ки аз мазаммат нафрат кунад, монанди ҳайвон аст.

[2] Каси нек аз ҷониби Худованд ҳусни таваҷҷӯҳ меёбад; вале шахси дасисакорро Ӯ маҳкум мекунад.

[3] Одамизод бо шарорат устувор намешавад, вале решаи одилон ноҷунбон аст.

[4] Зани солеҳа тоҷи шавҳари худ мебошад, вале зани нанговар мисли фасоде дар устухонҳои ӯст.

[5] Фикру хаёли одилон инсоф аст; вале тадбирсозиҳои шарирон макр аст.

[6] Суханони шарирон камин аст барои хунрезӣ, вале даҳони росткорон онҳоро халосӣ медиҳад.

[7] Ҳамин ки шарирон фурӯ ғалтанд, нест мешаванд, вале хонаи одилон қоим меистад.

[8] Одамро аз рӯи ақлаш ситоиш мекунанд, вале каҷдил ба нафрат дучор мешавад.

[9] Каси оддие ки ғуломе дорад, беҳ аз касе ки худро болонишин нишон медиҳад, вале мӯҳтоҷи нон аст.

[10] Одил ба ҷони чорвои худ раҳм мекунад, вале марҳаматҳои шарирон бераҳмона аст.

[11] Касе ки замини худро кор кунад, аз нон сер мешавад, вале касе ки аз паи корҳои ҳеҷу пуч шавад, беақл аст.

[12] Шарир ҳавас дорад ба доми бадкешон дароварад, вале решаи одилон самар меоварад.

[13] Гуноҳи лабҳо барои бадкеш дом аст, вале одил аз тангӣ берун меояд.

[14] Аз самари даҳони худ кас аз некӯӣ сер мешавад, ва подоши аъмоли дастҳои одам ба ӯ бармегардад.

[15] Роҳи аблаҳ дар назари худаш рост аст, вале касе ки машваратро шунавад, хирадманд аст.

[16] Хашми аблаҳ дарҳол маълум мешавад, вале шахси бофаросат дашномро шунида, худдорӣ мекунад.

[17] Каси ростгӯй адолатро баён мекунад, вале шоҳиди козиб — фиребро.

[18] Баъзеҳо неши забон мезананд, ки мисли зарби шамшер аст, вале забони хирадмандон офият мебахшад.

[19] Даҳони ростгӯй то абад қоим аст, вале забони дурӯғгӯй — то як чашм задан.

[20] Дар дили бадандешон макр аст, вале дар дили оштидиҳандагон — шодӣ.

[21] Ба одил ҳеҷ осеб намерасад, вале шарирон пур аз бадбахтӣ ҳастанд.

[22] Даҳони дурӯғгӯй назди Худованд зишт аст, вале росткорон ба Ӯ мақбуланд.

[23] Шахси бофаросат донишро пӯшида медорад, вале дили аблаҳон беақлиро зоҳир месозад.

[24] Дасти ғайратмандон ҳукмфармо мешавад, вале танбал гирифтори хироҷи бандагӣ мегардад.

[25] Ғуссаи дили одам ӯро фишор медиҳад, вале сухани меҳрубонона ӯро хурсанд мекунад.

[26] Одил ба ёри худ роҳ нишон медиҳад, вале роҳи шарирон онҳоро дар иштибоҳ меандозад.

[27] Танбал сайдашро бирьён намекунад, вале молу мулки одами ғайратманд гаронбаҳост.

[28] Дар тариқи адолат ҳаёт аст, ва хати роҳи он лоямут аст.

Китоби Масалҳои Сулаймон — Chapters