[1] Эй писарам! Агар ба ёри худ зомин шуда, барои одами бегона дасти паймон дода бошӣ,
[2] Ва бо гуфтаҳои даҳони худ ба дом афтода, ба бало монда бошӣ,
[3] Пас, эй писарам, чунин бикун ва худро халосӣ деҳ, зеро ки ба дасти ёри худ афтодаӣ: рафта, гардан фурор ва аз ёри худ зорию илтиҷо намо;
[4] Хобро ба чашмони худ роҳ надеҳ, ва ғанабро ба мижгони худ;
[5] Худро мисли гавазне аз дасти сайёд ва мисли мурғе аз дасти домгузор халосӣ деҳ.
[6] Эй коҳил! Назди мӯрча бирав, рафтори онро бингар ва ҳикмат биомӯз,
[7] Ки вай қозӣ, мулозим ва ҳоким надорад,
[8] Лекин хӯроки худро тобистон тайёр мекунад, ғизои худро дар мавсими дарав захира менамояд.
[9] То ба кай, эй коҳил, хоб меравӣ? Аз хоби худ кай мехезӣ?
[10] «Андак хоб, андак ғанаб, андак даст дар бағал хобидан».
[11] Вале бенавоии ту мисли роҳзан хоҳад омад, ва мӯҳтоҷии ту — монанди шахси яроқнок.
[12] Одами сафил, шахси талбискор бо каҷии даҳон рафтор мекунад,
[13] Чашмакӣ мезанад, бо пойҳои худ сухан меронад, бо ангуштҳои худ имо мекунад;
[14] Дасисаҳо дар дили ӯст; ҳамеша андешаи бад мекунад, ситезаҳо меангезад;
[15] Бинобар ин ногаҳон ҳалокати ӯ хоҳад омад, нохост ӯ ба шикаст дучор хоҳад шуд, ва муолиҷае нахоҳад буд.
[16] Инак шаш чиз, ки Худованд аз онҳо нафрат дорад, ва чизи ҳафтум, ки асли моҳияти он назди Ӯ зишт аст:
[17] Чашмони ҳавобаландона, забони дурӯғгӯй ва дастҳое ки хуни бегуноҳро мерезад,
[18] Диле ки қасдҳои бадро мепарварад, пойҳое ки сӯи бадӣ мешитобад,
[19] Шоҳиди козибе ки суханони дурӯғ мебофад ва шахсе ки дар миёни бародарон ситезаҳо меангезад.
[20] Эй писарам! Ҳукми падаратро риоя намо, ва таълими модаратро рад накун;
[21] Онҳоро бар дили худ ба таври доимӣ бибанд, бар гардани худ онҳоро овезон бикун.
[22] Вақте ки роҳ равӣ, ба ту роҳнамоӣ хоҳад кард; вақте ки хоб равӣ, туро нигаҳбонӣ хоҳад кард; вақте ки бедор шавӣ, бо ту мусоҳиба хоҳад кард,
[23] Зеро ки ҳукм чароғ аст, ва таълим нур аст, ва насоеҳи адабомӯз роҳи ҳаёт аст,
[24] То ки туро аз зани бадрафтор, аз нармзабонии зани зинокор нигоҳ дорад.
[25] Зебоии варо дар дили худ тамаъ накун, ва туро вай бо пилкҳои худ ҷалб накунад,
[26] Чунки аз дасти зани зинокор кас мӯҳтоҷи як лаб нон мешавад, ва зани шавҳардор ҷони азизеро ба дом меоварад.
[27] Оё мумкин аст, ки касе оташро дар бағали худ бигирад, ва либосҳояш насӯзад?
[28] Ё ки касе бар оташпораҳо роҳ равад, ва пойҳояш насӯзад?
[29] Чунин аст ҳоли касе ки назди зани ёри худ биёяд: ҳар кӣ ба вай даст расонад, пок нахоҳад монд.
[30] Дуздро афв мекунанд, агар ӯ дуздӣ кунад, то ки ҷони худро сер кунад, вақте ки гурусна монда бошад;
[31] Вале ҳангоме ки вай дастгир мешавад, ҳафт чандон адо хоҳад кард: оре, тамоми бисоти хонаи худро хоҳад дод.
[32] Касе ки бо зане зино кунад, беақл аст: нобудкунандаи ҷони худ чунин амал мекунад.
[33] Ӯ зарбу лат ва шармандагӣ хоҳад ёфт, ва расвоии ӯ аз миён нахоҳад рафт,
[34] Чунки рашк ғазаби шавҳарро меафрӯзад, ва дар рӯзи ниқор ӯ раҳм нахоҳад кард:
[35] Ба бадали ҳеҷ фидия ба ту рӯйбинӣ нахоҳад кард, ва ришваро ҳар чанд бисьёр диҳӣ, розӣ нахоҳад шуд.