[1] Инҳо низ масалҳои Сулаймон аст, ки одамони Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо ҷамъ овардаанд.
[2] Пӯшида доштани кор ҷалоли Худост, ва тафтиш кардани кор ҷалоли подшоҳон аст.
[3] Чунон ки осмон аз ҷиҳати баландияш ва замин аз ҷиҳати умқаш бошад, ончунон дили подшоҳон тафтишнопазир аст.
[4] Ғашро аз нуқра дур кун, ва зарфе назди заргар пайдо мешавад;
[5] Шарирро аз ҳузури подшоҳ дур кун, ва тахти ӯ бар адолат барқарор мегардад.
[6] Дар ҳузури подшоҳ калонигарӣ накун, ва дар ҷои бузургон наист,
[7] Чунки беҳтар аст ба ту бигӯянд: «Болотар бинишин», аз ин ки ба ҳузури калоншавандае ки чашмонат ӯро дидааст, туро поёнтар фуроранд.
[8] Барои ҷанҷол хезондан шитоб накун, зеро дар охири он, вақте ки туро ёри ту расво кунад, чӣ кор мекунӣ?
[9] Ҷанҷоли худро бо ёри худ бикун, вале сирри шахси дигарро ошкор накун:
[10] Мабодо касе ки бишнавад, туро мазаммат намояд, ва бӯҳтони ту бимонад.
[11] Сухане ки дар мавқеаш гуфта шуда бошад, мисли себҳои заррин аст, ки кандакориҳои нуқра доранд.
[12] Панди хирадманд барои гӯши шунаво мисли гӯшвораи тилло ва зевари зари сурх аст.
[13] Қосиди амин барои фиристандагони худ мисли салқинии барф дар рӯзи дарав аст, чунки ҷони оғоёни худро қувват мебахшад.
[14] Касе ки аз инъомҳои бардурӯғ фахр кунад, мисли абрҳо ва шамоли беборон аст.
[15] Бо сабурӣ мирро ба марҳамат моил кардан мумкин аст, ва забони нарм устухонро мешиканад.
[16] Агар асал ёфтӣ, ба қадри кофӣ бихӯр: мабодо аз ҳад зиёд аз он сер шуда, қай кунӣ.
[17] Пои худро аз зуд‐зуд рафтан ба хонаи ёри худ нигоҳ дор: мабодо аз дидори ту сер шуда, аз ту нафрат кунад.
[18] Касе ки ба зидди ёри худ шаҳодати дурӯғ диҳад, мисли табарзин ва шамшер ва тири тез аст.
[19] Умед бастан ба хоин дар рӯзи сахт мисли дандони лиққонак ва пои лағзанда аст.
[20] Сурудани ғазалҳо барои дили ғамгин мисли кашидани либос дар рӯзи сард ва рехтани сирко бар ҷароҳат аст.
[21] Агар душмани ту гурусна бошад, шиками ӯро сер кун; ва агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ,
[22] Зеро ки бо чунин рафторат бар сари ӯ оташпораҳо фурӯ хоҳӣ рехт, ва Худованд ба ту подош хоҳад дод.
[23] Боди шимолӣ боронро ба вуҷуд меоварад, ва забони бӯҳтонгӯй — чеҳраҳои хашмгинро.
[24] Зистан дар гӯшаи бом беҳ аз зистан бо зани ситезакор дар хонаи фарох.
[25] Хабари хуш аз кишвари дур мисли оби сард барои ҷони хаста аст.
[26] Одиле ки пеши шарир фурӯ меғалтад, мисли чашмаи лойолуд ва манбаи вайрон аст.
[27] Бисьёр асал хӯрдан хуб нест, ва ҷалол он аст, ки кас ҷалоли худро маҳдуд намояд.
[28] Касе ки бар рӯҳи худ ҳоким нест, мисли шаҳри вайронаи беҳисор аст.