Skip to content
Opens in a new window

[1] Эй писарон! Насиҳати падарро бишнавед, ва диққат намоед, то ки хирад биомӯзед,

[2] Зеро ки ба шумо сабақи некӯ медиҳам; таълими маро тарк накунед.

[3] Вақте ки ман дар хонаи падари худ писар будам, ва пеши модари худ азиз ва ягона,

[4] Ӯ маро таълим медод, ва ба ман мегуфт: «Бигзор дили ту суханони маро маҳфуз дорад; Аҳкоми маро нигоҳ дор, ва зиндагӣ бикун.

[5] Ҳикмат ба даст овар, хирад ба даст овар; инро фаромӯш накун, ва аз гуфтаҳои даҳони ман сар напеч.

[6] Онро тарк накун, ва он туро ҳифз хоҳад кард; онро дӯст дор, ва он туро нигаҳбонӣ хоҳад намуд.

[7] Ибтидои ҳама чиз ҳикмат аст, пас ҳикмат ба даст овар, ва бо тамоми дороии худ хирад ба даст овар.

[8] Онро қадрдонӣ намо, ва он туро баланд хоҳад бардошт; агар онро дар оғӯш кашӣ, он туро ҷалол хоҳад дод,

[9] Бар сарат тоҷи латофат хоҳад гузошт, ва афсари шавкат ба ту ато хоҳад кард».

[10] Эй писарам! Бишнав, ва суханони маро қабул намо, — ва солҳои умри ту афзун хоҳад шуд.

[11] Тариқи ҳикматро ба ту меомӯзам, ба роҳҳои ростӣ туро ҳидоят менамоям.

[12] Ҳангоме ки роҳ равӣ, қадамҳоят танг нахоҳад шуд, ва ҳангоме ки бидавӣ, пешпо нахоҳӣ хӯрд.

[13] Насиҳатро нигоҳ дор, тарк накун; онро маҳфуз дор, зеро ки он ҳаёти туст.

[14] Ба роҳи шарирон дохил нашав, ва дар тариқи бадкешон қадам нагузор.

[15] Онро рад намо, дар он қадамгузор нашав; аз он канорагирӣ намуда, гузашта рав,

[16] Чунки, агар бадӣ накунанд, хобашон намебарад, ва агар касеро пешпо надиҳанд, хобашон мегурезад,

[17] Зеро ки нони шароратро мехӯранд ва шароби зулмро менӯшанд.

[18] Вале тариқи одилон мисли нури саҳар аст, ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад.

[19] Роҳи шарирон мисли зулмот аст: намедонанд, ки ба чӣ пешпо мехӯранд.

[20] Эй писарам! Ба суханони ман диққат намо, ба гуфтаҳои ман гӯши худро бикшо.

[21] Онҳо аз назарат дур нашавад; онҳоро андаруни дили худ маҳфуз дор,

[22] Зеро, ҳар кӣ онҳоро биёбад, барои вай онҳо ҳаёт аст, ва барои тамоми ҷисми вай офият аст.

[23] Бештар аз ҳар чизи ҳифзталаб дили худро маҳфуз дор, зеро ки зуҳуроти ҳаёт аз он аст.

[24] Кизбро аз даҳони худ рад намо, ва маломатро аз лабҳои худ дур соз.

[25] Бигзор чашмони ту рост бингарад, ва мижгони ту ба самти рӯ ба рӯ равона бошад.

[26] Барои пойҳои худ роҳро ҳамвор намо, то ки ҳамаи тариқҳои ту рост бошад.

[27] Ба тарафи рост ва чап моил нашав; пои худро аз бадӣ дур соз.

Китоби Масалҳои Сулаймон — Chapters