Skip to content
Opens in a new window

[1] Эй писарам! Агар гуфтаҳои маро бипазирӣ ва аҳкоми маро дар худ маҳфуз дорӣ,

[2] Ба тавре ки гӯши худро ба шунидани ҳикмат роғиб ва дили худро ба хирад моил гардонӣ;

[3] Агар донишро даъват намоӣ ва овози худро сӯи хирад баланд кунӣ;

[4] Агар онро мисли нуқра орзу кунӣ ва мисли ганҷҳо ҷустуҷӯ намоӣ, —

[5] Он гоҳ худотарсиро хоҳӣ фаҳмид ва дониши Худоро хоҳӣ ёфт,

[6] Зеро ки Худованд ҳикмат мебахшад: дониш ва хирад аз даҳони Ӯст;

[7] Барои росткорон зеҳнро маҳфуз медорад; барои ростравон сипар аст,

[8] То ки роҳҳои адолатро риоя кунанд. Ва Ӯ тариқи порсоёни Худро нигаҳбонӣ менамояд.

[9] Он гоҳ адолат ва инсоф ва ҳаққонияти ҳар тариқи некро хоҳӣ фаҳмид,

[10] Зеро ки ҳикмат дар дили ту дохил хоҳад шуд, ва дониш ба ҷони ту писанд хоҳад омад,

[11] Фаросат туро нигаҳбонӣ хоҳад намуд, хирад туро муҳофизат хоҳад кард,

[12] То ки туро аз роҳи бад халос кунад, аз касе ки каҷгуфтор аст,

[13] Аз онҳое ки тариқҳои ростро тарк мекунанд, то ки бо роҳҳои торикӣ равона шаванд,

[14] Аз онҳое ки аз кирдори бад хурсанд мешаванд, аз рафтори бад ба ваҷд меоянд,

[15] Ки тариқҳои онҳо каҷу килеб аст, ва онҳо дар роҳҳои худ каҷравӣ мекунанд.

[16] То ки туро аз зани ғайр халос кунад, аз зани зинокоре ки гуфтори худро нарм мекунад,

[17] Ки вай ёри ҷавонии худро тарк кардааст, ва аҳди Худои худро аз хотир баровардааст;

[18] Хонаи вай сӯи мамот мебарад, ва роҳҳои вай — сӯи мурдагон;

[19] Ҳар кӣ назди вай биёяд, бозгашт нахоҳад кард, ва ба роҳҳои ҳаёт дохил нахоҳад шуд.

[20] Беҳтар аст, ки бо роҳи некон равона шавӣ, ва тариқҳои одилонро пайравӣ намоӣ,

[21] Зеро ки росткорон сокини замин хоҳанд буд, ва беайбон бар он боқӣ хоҳанд монд,

[22] Валекин шарирон аз замин маҳв хоҳанд шуд, ва хоинон аз он решакан хоҳанд гардид.

Китоби Масалҳои Сулаймон — Chapters