[1] Вақте ки бо ҳоким ба хӯрок хӯрдан биншинӣ, ба он чи пеши назари туст, ба хубӣ диққат намо,
[2] Ва корде дар ҳалқуми худ бимон, агар одами пурхӯр бошӣ:
[3] Таомҳои лазизи ӯро тамаъ накун, чунки ин хӯроки назарфиреб аст.
[4] Барои сарват ғун кардан заҳмат накаш; тадбирсозиҳои худро тарк намо.
[5] Оё мехоҳӣ чашмони худро ба он бидӯзӣ, ва ҳол он ки он ғоиб шудааст? Зеро ки он барои худ болҳо месозад ва мисли уқоб ба осмон парида меравад.
[6] Хӯроки бахилро нахӯр, ва таомҳои лазизи ӯро тамаъ накун,
[7] Зеро, чӣ гунае ки ӯ дар дили худ мулоҳиза мекунад, худаш низ ҳамон гуна аст: «Бихӯр ва бинӯш!» — мегӯяд ӯ ба ту, вале дили ӯ бо ту нест.
[8] Луқмае ки хӯрдаӣ, қай мекунӣ, ва суханони неки худро барбод медиҳӣ.
[9] Ба гӯши аблаҳ гап назан, чунки аз суханони оқилонаи ту нафрат дорад.
[10] Марзаи қадимиро накӯчон, ва ба киштзори ятимон дохил нашав,
[11] Чунки Раҳокунандаи онҳо боқудрат аст: Ӯ даъвои онҳоро бо ту доварӣ мекунад.
[12] Дили худро ба насиҳат моил намо, ва гӯши худро — ба суханони оқилона.
[13] Аз бача ҷазоро дареғ надор; агар ӯро бо чӯб занӣ, намемирад:
[14] Ту ӯро бо чӯб мезанӣ, ва ҷони ӯро аз дӯзах халос мекунӣ.
[15] Эй писарам! Агар дили ту бохирад шавад, дили ман низ шод мегардад,
[16] Ва ботини ман хурсанд мешавад, вақте ки лабҳои ту ба ростӣ сухан ронад.
[17] Бигзор дили ту аз гуноҳкорон ҳасад набарад, балки аз онҳое ки ҳамеша тарсгори Худованд бошанд,
[18] Чунки дар ҳақиқат оқибате ҳаст, ва умеди ту барбод нарафтааст.
[19] Эй писарам! Бишнав ва хирадманд бош, ва дили худро ба роҳи рост ҳидоят намо.
[20] Дар миёни мастон набош, ва дар миёни онҳое ки аз ҳад зиёд аз гӯштхӯрӣ лаззат мебаранд,
[21] Чунки мастон ва пурхӯрон бенаво мешаванд, ва серхобӣ жандапӯш мегардонад.
[22] Ба падари худ, ки туро ба дуньё овардааст, гӯш андоз; ва аз модари худ, барои пир шуданаш, нафрат накун.
[23] Ростиро бихар ва онро нафурӯш; ҳикмат, хулқу адаб ва хирадро низ.
[24] Падари шахси одил хурсандӣ мекунад, ва касе ки хирадмандро ба дуньё овардааст, аз вай шод мешавад.
[25] Бигзор падари ту ва модари ту шод шаванд, ва касе ки туро ба дуньё овардааст, хурсандӣ кунад.
[26] Эй писарам! Дили худро ба ман деҳ, ва чашмони ту бигзор роҳҳои маро риоят кунад,
[27] Чунки фоҳиша ҷари чуқур аст, ва зани зинокор — чоҳи танг;
[28] Вай яқинан мисли роҳзане камин мегирад ва хоинонро дар миёни мардум афзун мекунад.
[29] Оҳ аз они кист? Воҳ аз они кист? Ситезаҳо аз они кист? Андӯҳ аз они кист? Ҷароҳатҳои бесабаб аз они кист? Ҷашмони сурхтоб аз они кист?
[30] Аз они онҳоест, ки пайваста шароб менӯшанд, ва барои чашидани шароби дорувордор меоянд.
[31] Ба шароб назар надӯз, ки чӣ гуна сурхча метобад, чӣ гуна дар қадаҳ мавҷ мезанад, чӣ гуна бемалол ба гулӯ меравад,
[32] Лекин оқибат мисли мор мегазад, ва мисли афъӣ заҳр мезанад;
[33] Чашмони ту манзараҳои аҷибу ғарибе мебинад, ва дили ту ба каҷгуфторӣ моил мешавад;
[34] Ва ту мисли касе мешавӣ, ки дар миёнҷои баҳр хобида бошад, ва мисли касе ки бар сари сутуни киштӣ хобида бошад;
[35] Ва мегӯӣ: «Маро заданд, вале дардро ҳис накардам; маро кӯфтанд, вале нафаҳмидам. Вақте ки бедор шавам, боз ва боз ҳамон чизро ҷустуҷӯ мекунам».