[1] Ва Худованд ба Нӯҳ гуфт: «Ту ва тамоми аҳли байтат ба киштӣ дароед; зеро ки туро дар ин насл пеши Худам одил дидам.
[2] Аз ҳар чорпои пок ҳафт‐ҳафт, нар ва мода, бо худ бигир, ва аз чорпои нопок ҷуфт‐ҷуфт, нар ва мода.
[3] Аз паррандагони осмон низ ҳафт‐ҳафт, нар ва мода, то ки насле бар рӯи тамоми замин нигоҳ дорӣ.
[4] Зеро, баъд аз ҳафт рӯз, Ман чил рӯз ва чил шаб ба замин борон меборонам; ва тамоми махлуқотеро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв мекунам».
[5] Ва Нӯҳ ҳар он чиро, ки Худованд ба ӯ фармуд, ба ҷо овард.
[6] Ва Нӯҳ шашсадсола буд, чун тӯфони об бар замин омад.
[7] Ва Нӯҳ, ва писаронаш, ва занаш, ва занони писаронаш бо ӯ аз боиси оби тӯфон ба киштӣ даромаданд.
[8] Аз чорпоёни пок, ва аз чорпоёни нопок, ва аз паррандагон, ва аз тамоми ҳайвоноти хазандаи замин,
[9] Ҷуфт‐ҷуфт, нар ва мода, назди Нӯҳ ба киштӣ даромаданд, чунон ки Худо ба Нӯҳ фармуда буд.
[10] Ва баъд аз ҳафт рӯз оби тӯфон бар замин омад.
[11] Дар соли шашсадуми ҳаёти Нӯҳ, дар моҳи дуюм, дар рӯзи ҳафдаҳуми моҳ, дар ҳамон рӯз ҳамаи чашмаҳои вартаи азим шикофта шуд, ва равзанҳои осмон кушода.
[12] Ва борон чил рӯз ва чил шаб бар рӯи замин борид.
[13] Дар худи ҳамон рӯз Нӯҳ, ва Сом, Ҳом ва Ёфат, писарони Нӯҳ, ва зани Нӯҳ, ва се зани писаронаш бо онҳо ба киштӣ даромаданд.
[14] Онҳо, ва ҳамаи ҳайвонҳо мувофиқи ҷинсашон, ва ҳар гуна чорпоён мувофиқи ҷинсашон, ва тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, мувофиқи ҷинсаш, ва ҳамаи паррандагон мувофиқи ҷинсашон, ҳамаи мурғон, ҳамаи болдорон,
[15] Ҷуфт‐ҷуфт аз ҳар махлуқе ки рӯҳи ҳаёт дорад, назди Нӯҳ ба киштӣ омаданд.
[16] Ва онҳое ки омаданд, нар ва мода аз ҳар махлуқ омаданд, чунон ки Худо ба ӯ фармуда буд. Ва Худованд дарро аз пушти ӯ баст.
[17] Ва тӯфон чил рӯз бар замин давом кард, ва об афзуд, ва киштиро бардошт, ва он аз замин баланд шуд.
[18] Ва об пурзӯр мешуд ва бар замин хеле меафзуд; ва киштӣ бар сатҳи об шино мекард.
[19] Ва об бар замин хеле ва хеле пурзӯр шуд, ва ҳамаи кӯҳҳои баланде ки зери тамоми осмон буд, пӯшида шуд.
[20] Об пурзӯр шуда, понздаҳ зироъ болотар баромад, ва кӯҳҳо пӯшида шуд.
[21] Ва тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазид, ва паррандагон, ва чорпоён, ва ҳайвонҳои ваҳшӣ, ва ҳар махлуқе ки бар замин ҳаракат мекард, ва ҳамаи одамон мурданд.
[22] Ҳар он чи дар хушкӣ дами рӯҳи ҳаёт дар димоғаш буд, мурд.
[23] Ва ҳар махлуқе ки бар рӯи замин буд, аз одам то чорпоён, то ҳайвоноти хазанда ва то паррандагони осмон аз замин маҳв шуд: фақат Нӯҳ, ва он чи бо ӯ дар киштӣ буд, боқӣ монд.
[24] Ва об бар замин саду панҷоҳ рӯз пурзӯр мешуд.