[1] Баъд аз ин ҳодисот чунин воқеъ шуд, ки соқии подшоҳи Миср ва нонвой пеши оғои худ подшоҳи Миср хато карданд.
[2] Ва фиръавн ба ду дарбории худ: ба сарсоқӣ ва ба сарнонвой хашм гирифт.
[3] Ва онҳоро дар хонаи сардори посбонон, дар зиндоне ки Юсуф он ҷо бандӣ буд, андохт.
[4] Сардори посбонон Юсуфро бар онҳо баргумошт, ва ӯ ба онҳо хизмат мекард. Ва муддате онҳо дар ҳабс буданд.
[5] Ва соқӣ ва нонвои подшоҳи Миср, ки дар зиндон бандӣ буданд, ҳар ду дар як шаб хоб диданд, ҳар яке мувофиқи таъбири хоби худ хоб диданд.
[6] Ва бомдодон Юсуф назди онҳо омада, дид, ки инак, онҳо бедимоғ ҳастанд.
[7] Ва аз дарбориёни фиръавн, ки бо ӯ дар хонаи оғояш буданд, пурсида, гуфт: «Чаро имрӯз чеҳраи шумо ғамгин аст?»
[8] Ба ӯ гуфтанд: «Хобе дидем, ва касе нест, ки онро таъбир кунад». Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Оё таъбирҳо аз Худо нест? Ба ман нақл кунед».
[9] Ва сарсоқӣ хоби худро ба Юсуф нақл карда, гуфт: «Хоб дидам, ки инак, токе пеши ман буд;
[10] Ва ток се шоха дошт; ва он бишукуфт, ва ғӯра баст, ва шингилҳои ангураш пухт.
[11] Ва ҷоми фиръавн дар дастам буд, ва ангурҳоро гирифта, дар ҷоми фиръавн фушурдам, ва ҷомро ба дасти фиръавн додам».
[12] Ва Юсуф ба вай гуфт: «Таъбираш ин аст: се шоха се рӯз аст.
[13] Баъд аз се рӯз фиръавн саратро барафрозад ва ба мансабат баргардонад, ва ҷоми фиръавнро ба дасти вай хоҳӣ дод, ба тариқи пештара, ки соқии ӯ будӣ.
[14] Вақте ки аҳволи ту некӯ шавад, маро ёд кун; ва ба ман эҳсон фармуда, маро назди фиръавн зикр намо, ва маро аз ин хона берун овар.
[15] Зеро ки ман аз замини ибриён дуздида шудаам; ва ин ҷо низ ҳеҷ коре накардаам, ки маро дар зиндон андозанд».
[16] Ва чун сарнонвой дид, ки некӯ таъбир кард, ба Юсуф гуфт: «Ман низ хоб дидам, ки инак, се сабад кулча бар сари ман аст;
[17] Ва дар сабади болоӣ ҳар гуна хӯрок барои фиръавн аз ҳунари нонвой мебошад; вале мурғон онҳоро аз сабаде ки бар сари ман аст, мехӯранд».
[18] Ва Юсуф ба ҷавоб гуфт: «Таъбираш ин аст: се сабад се рӯз аст;
[19] Баъд аз се рӯз фиръавн сари туро аз танат ҷудо кунад, ва туро бар дарахте овезад; ва мурғон гӯшти баданатро бихӯранд».
[20] Дар рӯзи сеюм, ки рӯзи таваллуди фиръавн буд, ӯ зиёфате барои тамоми чокарони худ орост, ва дар миёни чокарони худ сарсоқӣ ва сарнонвойро ҳозир кард.
[21] Ва сарсоқиро ба мансаби ӯ баргардонид, ва ӯ ҷомро ба дасти фиръавн дод.
[22] Вале сарнонвойро ба дор кашид, чунон ки Юсуф ба онҳо таъбир карда буд.
[23] Ва сарсоқӣ Юсуфро ба ёд наовард, балки ӯро фаромӯш кард.