[1] Ин аст насаби писарони Нӯҳ: Сом, Ҳом ва Ёфат. Ба онҳо баъд аз тӯфон писарон таваллуд шуданд.
[2] Писарони Ёфат: Ҷӯмар, Моҷӯҷ, Модай, Ёвон, Тубол, Машак ва Тирос.
[3] Писарони Ҷӯмар: Ашканаз, Рифат ва Тӯҷармо.
[4] Писарони Ёвон: Алишо, Таршиш, Киттим ва Дӯдоним.
[5] Аз онҳо халқҳои соҳилҳо дар заминҳои худ паҳн шуданд, ҳар яке мувофиқи забони худ, мувофиқи қабилаҳои худ, дар халқҳои худ.
[6] Писарони Ҳом: Куш, Миср, Фут ва Канъон.
[7] Писарони Куш: Сабо, Ҳавило, Сабто, Раъмо ва Сабтако. Писарони Раъмо: Шабо ва Дадон.
[8] Ва Куш Нимрӯдро ба дуньё овард: ӯ ба пурзӯр шудан бар рӯи замин шурӯъ кард.
[9] Ӯ пеши Худованд сайёди пурзӯр буд; ба ҳамин сабаб мегӯянд: «Мисли Нимрӯд сайёди пурзӯр пеши Худованд».
[10] Ибтидои мамлакати ӯ Бобил, Арак, Аккад ва Калне дар замини Шинъор буд.
[11] Аз он замин Ашшур баромада, Нинве, Раҳӯбӯир ва Колаҳро бино кард,
[12] Ва Расанро дар миёни Нинве ва Колаҳ; ва он шаҳри бузург буд.
[13] Ва Миср Лудим, Аномим, Лаҳобим ва Нафтуҳимро ба дуньё овард,
[14] Ва Фатрусим ва Каслуҳимро, ки аз он ҷо фалиштиён пайдо шудаанд, ва Кафтӯримро.
[15] Ва Канъон Сидӯн нахустзодаи худ ва Ҳитро ба дуньё овард,
[16] Ва Ябусӣ, Амӯрӣ ва Ҷирҷоширо,
[17] Ва Ҳиввӣ, Арқӣ ва Синиро,
[18] Ва Арводӣ, Саморӣ ва Ҳамотиро. Баъд аз он қабилаҳои канъонӣ паҳн шуда рафтанд.
[19] Ва ҳудуди канъониён аз Сидӯн ба самти Ҷарор то Ғазза буд ва ба самти Садӯм, Амӯро, Адмо ва Сабӯим то Лошаъ.
[20] Инҳоянд писарони Ҳом, мувофиқи қабилаҳои онҳо, мувофиқи забонҳои онҳо, дар заминҳои онҳо, дар халқҳои онҳо.
[21] Ба Сом низ, ки падари ҳамаи писарони Эбар ва бародари калонии Ёфат буд, писарон таваллуд шуданд.
[22] Писарони Сом: Элом, Ашшур, Арфакшад, Луд ва Арам.
[23] Ва писарони Арам: Ус, Ҳул, Ҷатар ва Маш.
[24] Ва Арфакшад Шолаҳро ба дуньё овард, ва Шолаҳ Эбарро ба дуньё овард.
[25] Ва ба Эбар ду писар таваллуд шуд: яке Фолаҷ ном дошт, зеро ки дар айёми ӯ замин тақсим шудааст; ва номи бародараш — Ёқтон.
[26] Ва Ёқтон Алмӯдод, Шолаф, Ҳазармавт ва Ёраҳро ба дуньё овард,
[27] Ва Ҳадӯром, Узол ва Диқлоро,
[28] Ва Ӯбол, Абимоил ва Шаборо,
[29] Ва Ӯфир, Ҳавило ва Йӯбобро. Ҳамаи онҳо писарони Ёқтон буданд.
[30] Ва маскани онҳо аз Мешо буд ба самти Сафоро, кӯҳи шарқӣ.
[31] Инҳоянд писарони Сом мувофиқи қабилаҳои онҳо, мувофиқи забонҳои онҳо, дар заминҳои онҳо мувофиқи халқҳои онҳо.
[32] Инҳоянд қабилаҳои писарони Нӯҳ, мувофиқи насаби онҳо, дар халқҳои онҳо. Аз онҳо баъд аз тӯфон халқҳо бар рӯи замин паҳн шуданд.