[1] Ва Юсуф ба нозири хонаи худ амр фармуда, гуфт: «Халтаҳои ин мардонро, ба қадре ки бурда метавонанд, аз хӯрокворӣ пур кун, ва нуқраи ҳар якеро дар даҳани халтааш бимон;
[2] Ва ҷоми маро, он ҷоми нуқраро, дар даҳани халтаи он хурдӣ бо қимати ғаллаи ӯ бимон». Ва мувофиқи сухане ки Юсуф гуфт, иҷро кард.
[3] Бомдодон, чун чашми рӯз кушода шуд, ин мардонро бо харони онҳо равона карданд.
[4] Онҳо аз шаҳр баромада, ҳанӯз чандон дур нарафта буданд, ки Юсуф ба нозири хонаи худ гуфт: «Бархоста, аз ақиби ин одамон шитоб кун, ва чун ба онҳо даррасидӣ, бигӯй: „Чаро бадӣ ба ивази некӣ кардед?
[5] Оё ин ҳамон ҷом нест, ки оғоям аз он менӯшад? Ва ӯ бо он фол мекушояд. Он чи кардед, бад кардед“».
[6] Ва ба онҳо даррасид, ва ин суханонро ба онҳо гуфт.
[7] Ба ӯ гуфтанд: «Чаро оғои мо чунин суханонро мегӯяд? Ҳошо, ки ғуломонат коре мисли ин бикунанд.
[8] Он нуқраеро, ки дар даҳани ҳалтаҳои худ ёфта будем, аз замини Канъон назди ту гашта овардем; пас чӣ гуна аз хонаи оғоят нуқра ё тилло медуздем?
[9] Назди ҳар яке аз ғуломонат ёфт шавад, бимирад; ва мо низ ғуломони оғои ту бошем».
[10] Гуфт: «Майлаш; аз рӯи гуфтаи шумо шавад: назди касе ки ёфт шавад, ӯ ғуломи ман бошад, ва шумо озод бошед».
[11] Ва шитоб намуда, ҳар яке халтаи худро ба замин фуроварданд, ва ҳар яке халтаи худро кушоданд.
[12] Ва кофтуков кард; аз калонӣ сар карда, бо хурдӣ тамом кард; ва ҷом аз халтаи Биньёмин ёфт шуд.
[13] Ва либосҳои худро чок заданд, ва ҳар яке хари худро бор карда, ба шаҳр баргаштанд.
[14] Вақте ки Яҳудо ва бародаронаш ба хонаи Юсуф омаданд, ӯ ҳанӯз он ҷо буд, ва пеши ӯ бар замин афтоданд.
[15] Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки кардед? Оё надонистед, ки шахсе мисли ман албатта фол мекушояд?»
[16] Яҳудо гуфт: «Ба оғои худ чӣ гӯем? Чӣ арз кунем? Ва чӣ гуна худро сафед намоем? Худо гуноҳи ғуломонатро дарьёфтааст; инак, мо ғуломони оғои худ бошем, ҳам мо ва ҳам он ки ҷом дар дасташ ёфт шуд».
[17] Гуфт: «Ҳошо, ки ман чунин кунам: он ки ҷом дар дасташ ёфт шуд, ғуломи ман бошад, ва шумо ба саломатӣ назди падари худ биравед».
[18] Ва Яҳудо ба ӯ наздик омада, гуфт: «Эй оғои ман, марҳамат фармуда ба ғуломи худ изн бидеҳ, ки сухане ба гӯши оғои худ бигӯям, ва бар ғуломи худ хашм нагир; зеро ки ту чун фиръавн ҳастӣ.
[19] Оғоям аз ғуломонаш пурсида, гуфт: „Оё шуморо падар ё бародаре ҳаст?“
[20] Ва ба оғои худ арз кардем, ки моро падари пире ҳаст, ва ӯро писари пиронсолагӣ, писари хурдӣ, ки бародараш мурдааст, ва ӯ аз модари худ танҳо мондааст; ва падараш ӯро дӯст медорад.
[21] Ва ба ғуломони худ гуфтӣ: „Ӯро назди ман биёред, то ки ба ӯ чашм андозам“.
[22] Ва ба оғои худ гуфтем: „Он ҷавон аз падари худ ҷудо шуда наметавонад, ва агар аз падари худ ҷудо шавад, ӯ хоҳад мурд“.
[23] Вале ба ғуломони худ гуфтӣ: „Агар бародари хурдии шумо бо шумо наояд, рӯи маро дигар нахоҳед дид“.
[24] Ва ҳангоме ки назди ғуломат, падари худ, омадем, суханони оғои худро ба ӯ нақл кардем.
[25] Ва падари мо гуфт: „Баргардед, ва андаке хӯрокворӣ барои мо бихаред“.
[26] Гуфтем: „Рафта наметавонем; лекин агар бародари хурдии мо бо мо равад, меравем; зеро ки рӯи он мардро дида наметавонем, агар бародари хурдии мо бо мо набошад“.
[27] Ва ғуломат, падарам, ба мо гуфт: „Шумо медонед, ки занам ба ман дуто зоида буд.
[28] Ва яке аз назди ман берун рафт, ва ман гуфтам: албатта дарида шудааст; ва то кунун ӯро надидаам;
[29] Ва агар инро низ аз назди ман бибаред, ва зиёне ба ӯ расад, ҳамоно мӯи сафеди маро бо андӯҳ ба гӯр хоҳед бурд“.
[30] Ва акнун агар назди ғуломат, падари худ, биравем, ва ин ҷавон бо мо набошад, ва ҳол он ки ҷони ӯ бо ҷони вай баста аст,
[31] Ва чун бубинад, ки писар нест, ӯ хоҳад мурд; ва ғуломонат мӯи сафеди ғуломат, падари худро бо андӯҳ ба гӯр хоҳанд бурд.
[32] Зеро ки ғуломат назди падари худ зомини писар шуда, гуфтам: „Агар ӯро назди ту набиёрам, умрбод пеши падари худ гуноҳкор бошам“.
[33] Ва акнун бигзор, ки ғуломат ба ивази ин ҷавон дар бандагии оғои худ бимонад, ва ин ҷавон бо бародарони худ биравад.
[34] Зеро чӣ гуна назди падари худ биравам, ва ин ҷавон ҳамроҳи ман набошад? Мабодо балоеро, ки ба падарам рӯй диҳад, бубинам».