[1] Ва воқеъ шуд дар айёми Амрофал подшоҳи Шинъор, Арйӯк подшоҳи Алосор, Кадорлоӯмар подшоҳи Элом ва Тидъол подшоҳи Ҷӯим,
[2] Ки онҳо бо Бараъ подшоҳи Садӯм, Биршаъ подшоҳи Амӯро, Шиноб подшоҳи Адмо, Шамэбар подшоҳи Сабӯим ва подшоҳи Балаъ, ки ҳамон Сӯар бошад, ҷанг карданд.
[3] Ҳамаи онҳо дар водии Сиддим, ки ҳамон баҳри Намак бошад, бо ҳам пайвастанд.
[4] Дувоздаҳ сол онҳо дар хизмати Кадорлоӯмар буданд ва дар соли сездаҳум исьён карданд.
[5] Ва дар соли чордаҳум Кадорлоӯмар ва подшоҳоне ки бо ӯ буданд, омада, рафоиёнро дар Аштарут‐Қарнайн, зузиёнро дар Ҳом ва эмиёнро дар Шове‐Қирьётаим шикаст доданд,
[6] Ва ҳӯриёнро дар кӯҳи онҳо Сеир то Ил‐Форон, ки дар шафати биёбон аст.
[7] Ва баргашта, ба чашмаи Мишфот, ки ҳамон Қодеш бошад, омаданд ва тамоми дашти Амолеқро, ва амӯриёнро низ, ки дар Ҳассун‐Томор сокин буданд, шикаст доданд.
[8] Он гоҳ подшоҳи Садӯм, подшоҳи Амӯро, подшоҳи Адмо, подшоҳи Сабӯим ва подшоҳи Балаъ, ки ҳамон Сӯар бошад, берун омаданд; ва онҳо дар водии Сиддим ба ҷанг даромаданд,
[9] Бо Кадорлоӯмар подшоҳи Элом, Тидъол подшоҳи Ҷӯим, Амрофал подшоҳи Шинъор ва Арйӯк подшоҳи Алосор; чор подшоҳ бо панҷ.
[10] Ва водии Сиддим пур аз чоҳҳои қир буд; ва подшоҳони Садӯм ва Амӯро рӯй ба гурез оварда, ба он ҷо афтоданд; ва боқимондагон ба кӯҳистон гурехтанд.
[11] Ва ҳамаи дорони Садӯм ва Амӯроро бо тамоми озуқаи онҳо гирифта рафтанд.
[12] Ва бародарзодаи Абром, Лутро, ки дар Садӯм сокин буд, бо дороияш гирифта рафтанд.
[13] Ва гурезае омада, ба Аброми ибрӣ хабар дод, ва ӯ дар булутзори Мамреи амӯрӣ, ки бародари Ашкӯл ва бародари Онер буд, истиқомат дошт, ва онҳо иттифоқчиёни Абром буданд.
[14] Чун Абром шунид, ки хешаш ба асирӣ афтодааст, сесаду ҳаждаҳ нафар ғуломони хоназоди дастпарварди худро бо худ бурда, то Дон таъқиб намуд.
[15] Ва шабонгоҳ тақсим шуда, ба онҳо тохт, ӯ ва ғуломонаш; ва онҳоро шикаст дод ва то ба Ҳӯбо, ки аз Димишқ ба тарафи шимол аст, таъқиб намуд.
[16] Ва тамоми дороиро баргардонид, ва хеши худ Лут ва дороии ӯро, ва занон ва қавмро низ.
[17] Вақте ки ӯ, баъд аз шикаст додани Кадорлоӯмар ва подшоҳоне ки бо вай буданд, баргашта меомад, подшоҳи Садӯм назди водии Шове, ки ҳамон водии подшоҳ бошад, ба пешвози ӯ баромад.
[18] Ва Малкисодақ подшоҳи Салим, нон ва май баровард, ва ӯ коҳини Худои Таоло буд.
[19] Ва ӯро баракат дода, гуфт: «Муборак аст Абром аз ҷониби Худои Таоло, Молики осмон ва замин;
[20] Ва муборак аст Худои Таоло, ки душманонатро ба дастат таслим кард». Ва Абром ба вай аз ҳар чиз даҳьяк дод.
[21] Ва подшоҳи Садӯм ба Абром гуфт: «Ашхосро ба ман бидеҳ, ва дороиро барои худ бигир».
[22] Ва Абром ба подшоҳи Садӯм гуфт: «Дасти худро ба Худованд Худои Таоло, Молики осмон ва замин бардошта, қасам мехӯрам,
[23] Ки аз тамоми дороии ту риштае ё даволи кафше нагирам, то нагӯӣ: „Ман Абромро бой гардондам“, —
[24] Магар фақат он чи чавонон хӯрданд, ва ҳиссаи одамоне ки ҳамроҳи ман рафтанд: бигзор Онер, Ашкӯл ва Мамре ҳиссаи худро бигиранд».