Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Худо ба Яъқуб гуфт: «Бархоста, сӯи Байт‐Ил равона шав, ва он ҷо бинишин; ва он ҷо қурбонгоҳе бисоз барои Худо, ки ҳангоми гурехтанат аз пеши бародарат Эсов бар ту зоҳир гардид».

[2] Ва Яъқуб ба аҳли байти худ ва ҳамаи касоне ки бо ӯ буданд, гуфт: «Худоҳои бегонаро, ки дар миёни шумост, дур созед, ва худро покиза кунед, ва либоси худро иваз намоед;

[3] Ва бархоста, сӯи Байт‐Ил равона шавем, ва он ҷо ман қурбонгоҳе бисозам барои Худо, ки маро дар рӯзи тангии ман иҷобат намуд, ва дар роҳе ки рафтам, бо ман буд».

[4] Ва ҳамаи худоҳои бегонаро, ки дар дасташон буд, ва гӯшвораҳоро, ки дар гӯшашон буд, ба Яъқуб доданд, ва Яъқуб онҳоро зери дарахти булут, қи дар наздикии Шакем буд, гӯр кард.

[5] Ва кӯч карданд. Ва ваҳми Худо бар шаҳрҳои гирду пеши онҳо буд, ва банӣ‐Яъқубро таъқиб накарданд.

[6] Ва Яъқуб ба Луз, ки дар замини Канъон аст, ва ҳамон Байт‐Ил бошад, расид; худи ӯ ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд.

[7] Ва он ҷо қурбонгоҳе бино кард, ва он маконро Ил‐Байт‐Ил номид, зеро ки дар он ҷо, ҳангоме ки аз пеши бародари худ гурехт, бар ӯ Худо зоҳир гардида буд.

[8] Ва Дебӯро, дояи Ривқо, мурд, ва дар домани Байт‐Ил, зери дарахти булут дафн карда шуд, ки онро булути гирья номид.

[9] Вақте ки Яъқуб аз Фаддони Арам гашта меомад, Худо бар ӯ бори дигар зоҳир гардид, ва ӯро баракат дод.

[10] Ва Худо ба ӯ гуфт: «Номи ту Яъқуб аст, аммо минбаъд номи ту Яъқуб хонда нашавад, балки номи ту Исроил хоҳад буд». Ва ӯро Исроил ном ниҳод.

[11] Ва Худо ба ӯ гуфт: «Ман Худои Қодир ҳастам; борвар ва афзун шав; халқ ва гурӯҳи халқҳо аз ту ба вуҷуд оянд, ва подшоҳон аз камари ту бароянд.

[12] Ва заминеро, ки ба Иброҳим ва Исҳоқ додаам, ба ту хоҳам дод, ва ба наслат баъд аз ту ин заминро хоҳам дод».

[13] Ва Худо дар он ҷое ки бо ӯ сухан гуфт, аз пеши ӯ сууд кард.

[14] Ва Яъқуб дар он ҷое ки Худо бо ӯ сухан гуфт, сутуне барпо намуд, сутуне аз санг; ва ҳадияи рехтанӣ бар он рехт, ва равған бар он рехт.

[15] Ва Яъқуб он маконро, ки Худо дар он ҷо бо ӯ сухан гуфт, Байт‐Ил ном ниҳод.

[16] Ва аз Байт‐Ил кӯч карданд; ва чун андак масофате монда буд, ки ба Эфрот бирасанд, Роҳел зоид, ва дар зоиданаш душворӣ кашид.

[17] Ва ҳангоме ки дар зоиданаш душворӣ мекашид, доя ба ӯ гуфт: «Натарс, зеро ки ин низ бароят писар аст».

[18] Ва дар вақти ҷон доданаш, зеро ки мурд, ӯро Бен‐Ӯнӣ ном ниҳод, вале падараш ӯро Биньёмин номид.

[19] Ва Роҳел вафот ёфт, ва дар роҳи Эфрот, ки ҳамон Байт‐Лаҳм бошад, дафн карда шуд.

[20] Ва Яъқуб бар қабри ӯ сутуне гузошт, ки он то имрӯз сутуни қабри Роҳел аст.

[21] Ва Исроил кӯч кард, ва хаймаи худро дар он тарафи бурҷи Эдар барафрошт.

[22] Ва чунин воқеъ шуд, ки дар вақти иқомати Исроил дар он сарзамин Реубен рафта, бо суррияи падари худ Билҳо хобид. Ва Исроил инро шунид. Ва банӣ‐Яъқуб дувоздаҳ нафар буданд.

[23] Писарони Леё: Реубен, нахустзодаи Яъқуб, Шимъӯн, Левӣ, Яҳудо, Иссокор ва Забулун.

[24] Писарони Роҳел: Юсуф ва Биньёмин.

[25] Ва писарони Билҳо, канизи Роҳел: Дон ва Нафтолӣ.

[26] Ва писарони Зилфо, канизи Леё: Ҷод ва Ошер. Инҳоянд писарони Яъқуб, ки дар Фаддони Арам ба ӯ таваллуд шуданд.

[27] Ва Яъқуб назди падари худ Исҳоқ ба Мамре, ба Қирьяи Арбаъ, ки ҳамон Ҳебрӯн бошад, омад, ки он ҷо Иброҳим ва Исҳоқ дар мусофират буданд.

[28] Ва айёми Исҳоқ саду ҳаштод сол буд.

[29] Ва Исҳоқ ҷон супурд ва мурд, ва пиру солхӯрда шуда, ба қавми худ пайваст, ва писарони ӯ Эсов ва Яъқуб ӯро ба хок супурданд.

Китоби якуми Мусо, Ҳастӣ — Chapters