Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Худованд ба Абром гуфт: «Аз замини худ, аз ақрабои худ ва аз хонаи падари худ сӯи замине ки ба ту нишон диҳам, равона шав.

[2] Ва аз ту халқи бузурге ба вуҷуд оварам, ва туро баракат диҳам, ва номи туро бузург созам: ва ту намунаи баракат хоҳӣ шуд.

[3] Ва баракат диҳам онҳоеро, ки туро муборак хонанд, ва лаънат гӯям ба онҳое ки туро малъун хонанд; ва дар ту ҳамаи қабилаҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост».

[4] Ва Абром, чунон ки Худованд ба ӯ фармуд, равона шуд; ва Лут ҳамроҳи ӯ рафт. Ва Абром ҳафтоду панҷсола буд, ҳангоме ки аз Ҳоррон берун омад.

[5] Ва Абром зани худ Сорай ва бародарзодаи худ Лутро бо тамоми дороие ки андӯхта буданд, ва бо ашхосе ки дар Ҳоррон доштанд, гирифт; ва берун омаданд, то ки сӯи замини Канъон равона шаванд; ва ба замини Канъон омаданд.

[6] Ва Абром заминро тай карда, то мавзеи Шакем, то булутзори Мӯре расид. Ва дар он вақт канъониён дар ин замин буданд.

[7] Ва Худованд бар Абром зоҳир гардида, гуфт: «Ба насли ту ин заминро медиҳам». Ва дар он ҷо барои Худованд, ки бар ӯ зоҳир шуд, қурбонгоҳе бино кард.

[8] Ва аз он ҷо ба кӯҳе ки аз Байт‐Ил ба тарафи шарқ аст, кӯч кард; ва хаймаи худро барафрошт, ва Байт‐Ил ба тарафи ғарбӣ ва Ай ба тарафи шарқии он буд; ва дар он ҷо қурбонгоҳе барои Худованд бино кард ва исми Худовандро хонд.

[9] Ва Абром рахт баста, ба самти ҷануб роҳ паймудан гирифт.

[10] Ва дар он замин қаҳтӣ буд. Ва Абром ба Миср фурӯд омад, то ки дар он ҷо зиндагӣ кунад; зеро ки қаҳтӣ дар он замин шиддат ёфт.

[11] Вақте ки ба Миср наздик меомад, ба зани худ Сорай гуфт: «Инак, ман медонам, ки ту зани хушрӯй ҳастӣ;

[12] Ва чун мисриён туро бинанд, гӯянд: „Ин зани ӯст“; пас маро бикушанд, ва туро зинда нигоҳ доранд.

[13] Пас бигӯ, ки ту хоҳари ман ҳастӣ, то ки ба хотири ту ба ман некӣ шавад, ва ҷонам ба туфайли ту зинда монад».

[14] Ва ҳангоме ки Абром ба Миср омад, мисриён ин занро диданд, ки хеле хушрӯй аст;

[15] Ва акобири фиръавн варо диданд, ва дар ҳузури фиръавн варо ситоиш карданд; ва ин зан ба хонаи фиръавн гирифта оварда шуд.

[16] Ва ба хотири вай ба Абром некӣ кард; ва Абром соҳиби гӯсфандон, ва говон, ва харон, ва ғуломон, ва канизон, ва хачирон, ва шутурон гардид.

[17] Ва Худованд фиръавн ва аҳли байти ӯро аз боиси Сорай, зани Абром, ба балоҳои бад гирифтор кард.

[18] Ва фиръавн Абромро хонда, гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба ман кардӣ? Чаро ба ман нагуфтӣ, ки вай зани туст?

[19] Чаро гуфтӣ: „Вай хоҳари ман аст“? Ва ман варо ба занӣ гирифтанӣ будам. Ва акнун инак зани ту; бигир ва бирав».

[20] Ва фиръавн дар ҳаққи ӯ ба одамони худ амр фармуд, ва ӯро бо занаш ва бо ҳар чизе ки дошт, гуселониданд.

Китоби якуми Мусо, Ҳастӣ — Chapters