[1] Ва Иброҳим боз зан гирифт, ки вай Қатуро ном дошт.
[2] Вай Зимрон, Ёқшон, Мадон, Мидьён, Ишбоқ ва Шуаҳро ба ӯ зоид.
[3] Ва Ёқшон Шабо ва Дадонро ба дуньё овард. Ва писарони Дадон Ашурим, Летушим ва Леумим буданд.
[4] Ва писарони Мидьён Эфо, Эфар, Ҳанӯх, Абидоъ ва Алдоо буданд. Ҳамаи инҳо писарони Қатуро буданд.
[5] Ва Иброҳим ҳар он чи дошт, ба Исҳоқ дод.
[6] Ва ба писарони сурриягоне ки Иброҳим дошт, Иброҳим тӯҳфаҳо дод, ва онҳоро, дар ҳини зиндагии худ, аз пеши писари худ Исҳоқ ба ҷониби шарқ, ба машриқзамин фиристод.
[7] Ва айёми солҳои умри Иброҳим, ки зиндагонӣ кард, саду ҳафтоду панҷ сол буд.
[8] Ва Иброҳим вафот ёфт, ва дар мӯйсафедии некӯ, пиру солхӯрда шуда, аз дуньё чашм пӯшид, ва ба қавми худ пайваст.
[9] Ва писаронаш Исҳоқ ва Исмоил ӯро дар мағораи Макфело, дар саҳрои Афрӯн ибни Сӯҳари ҳиттӣ, ки дар рӯ ба рӯи Мамре воқеъ аст, дафн карданд,
[10] Дар саҳрое ки Иброҳим аз фарзандони Ҳит харида буд. Дар он ҷо Иброҳим ва занаш Соро мадфун шуданд.
[11] Баъд аз вафоти Иброҳим Худо писари ӯ Исҳоқро баракат дод; ва Исҳоқ назди Беэр‐лаҳай‐рӯӣ иқомат дошт.
[12] Ва ин аст насаби Исмоил писари Иброҳим, ки Ҳоҷари мисрӣ, канизи Соро, ба Иброҳим зоида буд.
[13] Ва ин аст номҳои писарони Исмоил, номҳои онҳо мувофиқи насаби онҳо; нахустзодаи Исмоил Набойӯт, Қедор, Адбаил, Мибсом,
[14] Мишмоъ, Думо, Массо,
[15] Ҳадад, Темо, Ятур, Нофиш ва Қедмо.
[16] Инҳоянд писарони Исмоил, ва ин аст номҳои онҳо, дар қасабаҳои онҳо ва дар айлоқҳои онҳо; дувоздаҳ амири қабилаҳои онҳо.
[17] Ва солҳои зиндагонии Исмоил саду сию ҳафт сол буд; ва ӯ вафот ёфт, ва аз дуньё чашм пӯшид, ва ба қавми худ пайваст.
[18] Ва онҳо аз Ҳавило то Шур, ки пеши Миср ба самти Ашшур воқеъ аст, иқомат доштанд; ҷудо аз ҳамаи бародарони худ маскан гирифта буданд.
[19] Ва ин аст насаби Исҳоқ писари Иброҳим; Иброҳим Исҳоқро ба дуньё овард.
[20] Ва Исҳоқ чилсола буд, ки Ривқо духтари Батуили арамӣ ва хоҳари Лобони арамиро аз Фаддони Арам барои худ ба занӣ гирифт.
[21] Ва Исҳоқ пеши Худованд дар ҳаққи зани худ зорию илтиҷо кард, чунки вай бенасл буд; ва Худованд илтиҷои ӯро қабул кард, ва занаш Равқо ҳомила шуд.
[22] Ва писарон дар батни вай ҷунбиш мекарданд, ва гуфт: «Агар чунин бошад, ин ба ман барои чист?» Ва рафт, то ки аз Худованд бипурсад.
[23] Ва Худованд ба вай гуфт: «Ду қабила дар батни ту ҳастанд, ва ду қавм аз шиками ту ҷудо шаванд; ва қавме аз қавме зӯр барояд, ва калонӣ ба хурдӣ хизмат кунад».
[24] Ва моҳу рӯзаш пур шуда, вақти зоиданаш расид, ва инак экизак дар шиками вай буд.
[25] Ва нахустин сурхранг берун омад, тамоми баданаш мисли пӯстин пашмнок буд, ва ӯро Эсов ном ниҳоданд.
[26] Ва баъд аз он бародараш берун омад, ва пошнаи Эсовро ба дасти худ гирифта буд; ва ӯро Яъқуб ном ниҳоданд. Ва дар вақти таваллуди онҳо Исҳоқ шастсола буд.
[27] Ва бачаҳо калон шуданд, ва Эсов сайёди моҳир ва марди саҳроӣ шуд, вале Яъқуб — марди ҳалими хайманишин.
[28] Ва Исҳоқ Эсовро дӯст медошт, чунки сайди ӯ ба муддаои табъаш буд; вале Ривқо Яъқубро дӯст медошт.
[29] Боре Яъқуб ош мепухт, ва Эсов лакот аз гуруснагӣ аз саҳро омад.
[30] Ва Эсов ба Яъқуб гуфт: «Аз ин оши сурх барои хӯрданам бидеҳ, зеро ки аз гуруснагӣ лакот шудаам». Аз ин сабаб ӯро Адӯм номиданд.
[31] Ва Яъқуб гуфт: «Аввал нахустзодагии худро ба ман бифрӯш».
[32] Ва Эсов гуфт: «Инак, ман ба мурдан расидаам, ва аз ин нахустзодагӣ ба ман чӣ фоида?»
[33] Ва Яъқуб гуфт: «Ҳозир ба ман қасам ёд кун». Ва ба ӯ қасам ёд кард, ва нахустзодагии худро ба Яъқуб фурӯхт.
[34] Ва Яъқуб ба Эсов нон ва оши адас дод: ва ӯ хӯрд, ва нӯшид, ва бархоста, бирафт; ба ҳамин тариқ Эсов нахустзодагии худро хор дид.