Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Юсуф пеши ҷамоате ки дар хузураш истода буданд, дигар худдорӣ карда натавонист, ва нидо кард: «Ҳамаро аз пеши ман берун бароред!» Ва касе назди Юсуф намонд, вақте ки ӯ худро ба бародаронаш шиносонид.

[2] Ва бо овози баланд бигирист, ва мисриён шуниданд, ва аҳли байти фиръавн шунид.

[3] Ва Юсуф ба бародарони худ гуфт: «Ман Юсуф ҳастам! Оё падарам зинда аст?» Вале бародаронаш ба ӯ ҷавоб дода наметавонистанд; зеро ки пеши ӯ мушавваш гардиданд.

[4] Ва Юсуф ба бародарони худ гуфт: «Наздики ман биёед». Ва наздик омаданд. Ва гуфт: «Ман Юсуф, бародари шумо ҳастам, ки маро ба Миср фурӯхтед.

[5] Вале акнун ғамгин ва мутаассиф нашавед, ки маро ба ин ҷо фурӯхтед; зеро ки Худо маро пеш аз шумо барои ҳифзи ҳаёт фиристод.

[6] Зеро ҳоло ду сол шудааст, ки қаҳтӣ бар замин ҳукмфармост, ва боз панҷ соли дигар на шудгор мешавад, на дарав.

[7] Лекин Худо маро пеш аз шумо фиристод, то ки шуморо дар замин боқӣ гузорад ва бо наҷоти бузурге ҳаёти шуморо нигоҳ дорад.

[8] Пас, на шумо маро ба ин ҷо фиристодаед, балки Худо, ки Ӯ маро падар ба фиръавн, оғо ба тамоми аҳли байти вай ва ҳоким бар тамоми замини Миср гардонид.

[9] Шитоб кунед ва назди падарам рафта, ба ӯ гӯед: писари ту Юсуф чунин мегӯяд: „Худо маро оғои тамоми Миср гардондааст; назди ман биё, таъхир накун.

[10] Ва дар замини Ҷӯшан маскан хоҳӣ гирифт; ва наздики ман хоҳӣ буд, ту ва писаронат, ва писарони писаронат, ва гӯсфандонат, ва говонат, ва ҳар чизе ки дорӣ.

[11] Ва туро дар он ҷо ризқу рӯзӣ хоҳам дод, зеро ки боз панҷ сол қаҳтӣ мешавад; мабодо ту, ва аҳли байти ту, ва ҳар чизе ки дорӣ, бенаво гардед“.

[12] Ва инак, чашмони шумо ва чашмони бародарам Биньёмин мебинад, ки ин манам, ки бо шумо сухан мегӯям.

[13] Пас ба падарам аз тамоми ҷалоли ман дар Миср ва аз он чи дидед, хабар диҳед; ва шитоб намуда, падарамро ба ин ҷо биёред».

[14] Ва бар гардани бародари худ Биньёмин афтода, бигирист; ва Биньёмин бар гардани ӯ гирья кард.

[15] Ва ҳамаи бародарони худро бӯсид ва дар оғӯш гирифта, бигирист; ва баъд аз он бародаронаш бо ӯ гуфтугӯ карданд.

[16] Вақте ки ба гӯши аҳли байти фиръавн овоза расид, ки бародарони Юсуф омадаанд, ин ба назари фиръавн ва ба назари чокаронаш хуш омад.

[17] Ва фиръавн ба Юсуф гуфт: «Ба бародарони худ бигӯ: „Чунин бикунед: маркабҳои худро бор кунед, ва ба замини Канъон равона шавед;

[18] Ва падари худ ва аҳли байти худро гирифта, назди ман биёед; беҳтарин замини Мисрро ба шумо хоҳам дод, ва аз фарбеҳии замин хоҳед хӯрд“.

[19] Ва туро амр мефармоям ба онҳо бигӯӣ: „Чунин бикунед: аробаҳо аз замини Миср барои тифлони худ ва барои занони худ бигиред, ва падари худро бардошта биёред;

[20] Ва аз тарк кардани чизу чораи худ таассуф нахӯред зеро ки беҳтарини тамоми замини Миср аз они шумост“»

[21] Ва банӣ‐Исроил чунин карданд. Ва Юсуф, мувофиқи амри фиръавн, аробаҳо ба онҳо дод, ва тӯшаи роҳ ба онҳо дод

[22] Ба ҳар яке аз онҳо як даста либос дод, вале ба Биньёмин сесад сиккаи нуқра ва панҷ даста либос дод.

[23] Ва ҳамчунин барои падари худ даҳ хари боршуда бо нозу неъмати Миср ва даҳ модахари боршуда бо ғалла ва нон ва хӯрок барои сафари падари худ фиристод.

[24] Ва бародарони худро фиристод, ва чун онҳо равона шуданд, ба онҳо гуфт: «Дар роҳ низоъ накунед».

[25] Ва аз Миср баромаданд, ва назди падари худ Яъқуб ба замини Канъон омаданд.

[26] Ва ӯро огоҳ намуда, гуфтанд: «Юсуф ҳанӯз зинда аст, ва ӯ ҳокими тамоми замини Миср аст». Вале дили ӯ ошуфта шуд; зеро ки ба гапи онҳо бовар накард.

[27] Ва ҳамаи суханонеро, ки Юсуф ба онҳо гуфта буд, ба ӯ нақл карданд; ва аробаҳоеро ки Юсуф барои овардани ӯ фиристода буд, бидид; ва рӯҳи падари онҳо, Яъқуб, боз зинда шуд.

[28] Ва Исроил гуфт: «Бас аст! Писари ман Юсуф ҳанӯз зинда аст; меравам ва пеш аз мурданам ӯро мебинам».

Китоби якуми Мусо, Ҳастӣ — Chapters