Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Яъқуб ба роҳ даромада, ба замини аҳли машриқ равона шуд.

[2] Ва дид, ки инак, дар саҳро чоҳе ҳаст, ва дар гирду пешаш се рамаи гӯсфандон хобидааст; зеро ки аз он чоҳ рамаҳоро об медоданд; ва санги калоне бар даҳани чоҳ буд.

[3] Ва чун ҳамаи рамаҳо дар он ҷо ҷамъ мешуданд, сангро аз даҳани чоҳ ғалтонида, рамаҳоро об медоданд; ва пас аз ин боз сангро дар ҷои он, ба даҳани чоҳ мегузоштанд.

[4] Ва Яъқуб ба онҳо гуфт: «Бародаронам, шумо аз куҷоед?» Гуфтанд: «Мо аз Ҳорронем».

[5] Ба онҳо гуфт: «Оё Лобон ибни Ноҳӯрро мешиносед?» Гуфтанд: «Мешиносем».

[6] Ба онҳо гуфт: «Оё вай саломат аст?» Гуфтанд: «Саломат аст; инак, духтараш Роҳел бо рама меояд».

[7] Гуфт: «Инак, рӯз ҳанӯз равшан аст; вақти ҷамъ кардани чорво нест; рамаҳоро об диҳед, ва рафта, чаронед».

[8] Гуфтанд: «Наметавонем, то даме ки ҳамаи рамаҳо ҷамъ шаванд, ва сангро аз даҳани чоҳ биғалтонанд; он гоҳ рамаро об медиҳем».

[9] Ҳанӯз бо онҳо гап зада истода буд, ки Роҳел бо рамаи падари худ омад, зеро ки ӯ онро мечаронид.

[10] Ва чун Яъқуб Роҳел духтари тағои худ Лобон ва рамаи тағои худ Лобонро дид, Яъқуб наздик шуда, сангро аз даҳани чоҳ ғалтонид ва рамаи тағои худ Лобонро об дод.

[11] Ва Яъқуб Роҳелро бӯсид ва овози худро баланд карда, гирист.

[12] Ва Яъқуб Роҳелро огоҳ намуд, ки ӯ ҷияни падари вай ва писари Ривқо мебошад. Роҳел тозон рафта, падари худро огоҳ кард.

[13] Ва чун Лобон хабари хоҳарзодаи худ Яъқубро шунид, ба пешвозаш шитофт, ва ӯро дар оғӯш гирифта, бӯсид, ва ба хонаи худ овард; ва ӯ ҳамаи ин гапҳоро ба Лобон ҳикоят кард.

[14] Ва Лобон ба ӯ гуфт: «Дар ҳақиқат ту устухон ва гӯшти ман ҳастӣ». Ва назди вай муддати як моҳ истод.

[15] Ва Лобон ба Яъқуб гуфт: «Азбаски хеши ман ҳастӣ, ба ман муфт хизмат мекунӣ магар? Ба ман бигӯй, ки муздат чист?»

[16] Ва Лобон ду духтар дошт; номи калони Леё ва номи хурдӣ Роҳел буд.

[17] Ва чашмони Леё заиф буд, вале Роҳел хушандом ва хушрӯй буд.

[18] Ва Яъқуб ба Роҳел дил баста буд, ва гуфт: «Барои духтари хурдиат Роҳел ба ту ҳафт сол хизмат мекунам».

[19] Ва Лобон гуфт: «Ӯро ба ту бидиҳам беҳтар аст аз он ки ба марди дигаре бидиҳам; назди ман бимон».

[20] Ва Яъқуб барои Роҳел ҳафт сол хизмат кард, ва онҳо ба назараш мисли якчанд рӯз намуданд, чунки варо дӯст медошт.

[21] Ва Яъқуб ба Лобон гуфт: «Занамро ба ман бисупор, зеро мӯҳлати ман пур шуд, то ки бо вай бихобам».

[22] Ва Лобон ҳамаи мардуми он ҷоро даъват намуда, базме орост.

[23] Вале шомгоҳ духтари худ Леёро гирифта, пеши ӯ овард; ва ӯ бо вай хобид.

[24] Ва Лобон канизи худ Зилфоро ба духтари худ Леё ба канизӣ дод.

[25] Ва бомдодон маълум шуд, ки ин Леё будааст. Ва ба Лобон гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба ман кардӣ? Магар барои Роҳел назди ту хизмат накардам? Чаро маро фиреб додӣ?»

[26] Ва Лобон гуфт: «Дар макони мо чунин намекунанд, ки хурдиро аз калонӣ пештар бидиҳанд.

[27] Ҳафтаи тӯи арӯсии инро тамом кун, ва хурдиро низ ба ту медиҳам, ба бадали хизмате ки назди ман боз ҳафт соли дигар бикунӣ».

[28] Ва Яъқуб чунин кард; ва ҳафтаи варо тамом кард. Ва Лобон духтари худ Роҳелро ба ӯ ба занӣ дод.

[29] Ва Лобон канизи худ Билҳоро ба духтари худ Роҳел ба канизӣ дод.

[30] Ва бо Роҳел низ хобид, ва Роҳелро аз Леё бештар дӯст медошт; ва боз ҳафт соли дигар назди Лобон хизмат кард.

[31] Ва чун Худованд дид, ки Леё номаҳбуб аст, батни ӯро кушод, вале Роҳел нозой монд.

[32] Ва Леё ҳомила шуда, писаре зоид, ва ӯро Реубен ном ниҳод, зеро гуфт: «Худованд мусибати маро дид, ва акнун шавҳарам маро дӯст хоҳад дошт».

[33] Ва бори дигар ҳомила шуда, писаре зоид, ва гуфт: «Зеро Худованд шунид, ки ман номаҳбуб ҳастам, ва инро низ ба ман бахшид». Ва ӯро Шимъӯн номид.

[34] Ва боз ҳомила шуда, писаре зоид, ва гуфт: «Акнун, ин дафъа, шавҳарам бо ман хоҳад пайваст, зеро ки ба вай се писар зоидам». Бинобар ин ӯро Левӣ ном ниҳод.

[35] Ва боз ҳомила шуда, писаре зоид, ва гуфт: «Ин дафъа Худовандро ҳамд мегӯям». Бинобар ин ӯро Яҳудо номид. Ва аз зоидан монд.

Китоби якуми Мусо, Ҳастӣ — Chapters