Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Яъқуб роҳи худро пеш гирифт. Ва фариштагони Худо ба ӯ вохӯрданд.

[2] Ва чун Яъқуб онҳоро дид, гуфт: «Ин лашкари Худост!» Ва он мавзеъро Маҳаноим номид.

[3] Ва Яъқуб пешопеши худ назди бародараш Эсов ба сарзамини Сеир, ба саҳрои Адӯм қосидонро фиристод;

[4] Ва ба онҳо амр фармуда, гуфт: «Ба оғоям Эсов бигӯед, ки бандаи ту Яъқуб чунин арз мекунад: „Бо Лобон иқомат доштам, ва то кунун таваққуф намудам;

[5] Ва ман молики барзаговон ва харон ва гӯсфандон, ва ғуломон ва канизон мебошам; ва фиристодам, то ки оғоямро огоҳӣ диҳам ва дар назарат илтифот ёбам“».

[6] Ва қосидон назди Яъқуб баргашта, гуфтанд: «Назди бародарат Эсов расидем; ва ӯ ба пешвози мо меояд, ва чорсад одам ҳамроҳи ӯст».

[7] Ва Яъқуб бағоят тарсид ва мушавваш шуд, ва касонеро, ки бо ӯ буданд, ва гӯсфандон ва говон ва шутуронро ба ду бошишгоҳ тақсим кард.

[8] Ва гуфт: «Агар Эсов ба як бошишгоҳ омада, онро зарба занад, бошишгоҳи дигар наҷот меёбад».

[9] Ва Яъқуб гуфт: «Эй Худои падарам Иброҳим ва Худои падарам Исҳоқ, эй Худованде ки ба ман гуфтаӣ: „Ба замини худ ва ба зодгоҳи худ баргард, ва Ман ба ту эҳсон кунам“!

[10] Ҳамаи марҳаматҳо ва ҳамаи некиҳоро, ки дар ҳаққи бандаат кардаӣ, сазовор нестам; зеро ки бо чӯбдасти худ аз ин Урдун гузашта будам; ва ҳоло молики ду бошишгоҳ мебошам.

[11] Марҳамат карда, маро аз дасти бародарам, аз дасти Эсов наҷот деҳ; зеро ман аз ӯ метарсам, ки мабодо биёяд ва маро, ва модару фарзандонро зарба занад.

[12] Ва Ту гуфтаӣ: „Ман ба ту эҳсон кунам, ва насли туро мисли реги дарьё гардонам, ки аз бисьёрӣ онро натавон шумурд“».

[13] Ва он шабро дар ҳамон ҷо гузаронд. Ва аз он чи дар дасташ буд, тӯҳфае барои бародари худ Эсов гирифт:

[14] Дусад модабуз ва бист нарбуз, дусад меш ва бист қӯчқор,

[15] Сӣ модашутури ширдеҳ бо бачаҳошон, чил модагов ва даҳ барзагов, бист модахар ва даҳ нархар.

[16] Ва ба дасти ғуломони худ ҳар рамаро алоҳида дод, ва ба ғуломони худ гуфт: «Аз пеши ман гузашта равед, ва дар мобайни рамаҳо фосилае бигзоред».

[17] Ва ба нахустин амр фармуда, гуфт: «Чун бародарам Эсов ба ту вохӯрад, ва аз ту пурсида, бигӯяд: „Аз они кистӣ? Ва куҷо меравӣ? Ва инҳо, ки пеши туст, аз они кист?“

[18] Ба ӯ бигӯй: „Аз они бандаат Яъқуб аст; инҳо тӯҳфаест, ки ба оғоям Эсов фиристода шудааст; ва инак, худаш низ дар ақиби мост“».

[19] Ва ҳамчунин ба дуюмин, ба сеюмин ва ба ҳамаи онҳое ки аз ақиби рамаҳо мерафтанд, амр фармуда, гуфт: «Чун ба Эсов бирасед, ба ӯ чунин гӯед;

[20] Ва низ гӯед: „Инак, бандаат Яъқуб дар ақиби мост“». Зеро ба дили худ гуфт: «Дили ӯро бо тӯҳфае ки пешопеши ман меравад, нарм мекунам ва баъд аз он бо ӯ рӯ ба рӯ мешавам; шояд, маро қабул кунад».

[21] Ва тӯҳфа пешопеш гузашта рафт; ва ӯ он шабро дар бошишгоҳ гузаронд.

[22] Ва шабонгоҳ бархост, ва ду занаш ва ду канизаш ва ёздаҳ писарашро гирифта, аз маъбари Яббӯқ гузашт.

[23] Ва онҳоро гирифта, аз он наҳр гузаронид, ва тамоми дороии худро гузаронид.

[24] Ва Яъқуб танҳо монд. Ва касе бо ӯ то дамидани субҳ гӯштин гирифт;

[25] Ва чун он кас дид, ки зӯраш ба ӯ намерасад, ба банди сурини ӯ расид, ва банди сурини Яъқуб, ҳангоми бо Вай гӯштин гирифтан, фушурда шуд.

[26] Ва гуфт: «Маро сар деҳ; зеро ки субҳ дамид». Гуфт: «То маро баракат надиҳӣ, Туро сар намедиҳам».

[27] Ба ӯ гуфт: «Номат чист?» Гуфт: «Яъқуб».

[28] Ва гуфт: «Минбаъд номи ту Яъқуб хонда нашавад, балки Исроил; зеро ки бо Худо ва бо одамон гӯштин гирифтӣ, ва ғолиб шудӣ».

[29] Ва Яъқуб савол дода, гуфт: «Хоҳишмандам, номи Худро бигӯй». Гуфт: «Чаро номи Маро мепурсӣ?» Ва ӯро дар он ҷо баракат дод.

[30] Ва Яъқуб он мавзеъро Фануил номид; зеро ки, гуфт ӯ, Худоро рӯ ба рӯ дидам, ва ҷонам раҳо шуд.

[31] Ва ҳангоме ки аз Фануил мегузашт, офтоб тулӯъ кард; ва ӯ бар сурини худ мелангид.

[32] Сабаб ҳамин аст, ки банӣ‐Исроил ирқуннисоро , ки дар банди сурин аст, то имрӯз намехӯранд, зеро ки ба ирқуннисои банди сурини Яъқуб расида буд.

Китоби якуми Мусо, Ҳастӣ — Chapters