Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Иброҳим аз он ҷо сӯи замини ҷанубӣ кӯч кард, ва дар миёни Қодеш ва Шур маскан гирифт, ва дар Ҷарор манзил кард.

[2] Ва Иброҳим дар ҳаққи зани худ Соро гуфт: «Ӯ хоҳари ман аст». Ва Абималик подшоҳи Ҷарор одам фиристода, Сороро гирифт.

[3] Ва Худо пеши Абималик дар хоби шаб омада, ба ӯ гуфт: «Инак, ту мемирӣ аз боиси ин зан, ки гирифтаӣ; зеро ки вай зани шавҳардор аст».

[4] Ва Абималик ҳанӯз ба вай наздикӣ накарда буд, ва гуфт: «Худоё! Наход ки халқи одилро низ бикушӣ?

[5] Магар ӯ ба ман нагуфт: „Вай хоҳари ман аст“? Худи вай ҳам гуфт: „Ӯ бародари ман аст“. Ба соддадилӣ ва покдастии худ ин корро кардам».

[6] Ва Худо ба ӯ дар хоб гуфт: «Ман низ медонистам, ки ба соддадилии худ ин корро кардӣ, ва Ман низ туро нигоҳ доштам, то ки пеши Ман гуноҳкор нашавӣ; аз ин сабаб нагузоштам, ки ба вай даст бирасонӣ.

[7] Ва акнун занро ба шавҳараш баргардон: зеро ки ӯ пайғамбар аст, ва барои ту дуо хоҳад гуфт, ва ту зинда хоҳӣ монд; вале агар барнагардонӣ, бидон, ки ту ва ҳар кӣ аз они туст, ҳатман хоҳед мурд».

[8] Ва Абималик бомдодон бархоста, тамоми ғуломони худро хонд, ва ҳамаи ин суханонро ба самъашон расонд; ва ин одамон хеле ҳаросон шуданд.

[9] Ва Абималик Иброҳимро хонда, ба ӯ гуфт: «Чӣ кор аст, ки ба мо кардӣ? Ба ту чӣ гуноҳ кардам, ки бар ман ва бар мамлакати ман гуноҳи азиме овардӣ? Корҳои накарданӣ ба ман кардӣ».

[10] Ва Абималик ба Иброҳим гуфт: «Чиро дар назар доштӣ, ки ин корро кардӣ?»

[11] Ва Иброҳим гуфт: «Гумон кардам, ки худотарсӣ дар ин макон нест, ва аз боиси занам маро хоҳанд кушт.

[12] Ва дар ҳақиқат низ вай хоҳари ман аст: духтари падарам, аммо на духтари модарам; ва зани ман шуд.

[13] Ва инак, ҳангоме ки Худо маро аз хонаи падарам ба роҳи мусофират андохт, ба вай гуфтам: эҳсоне ки ба ман бояд бикунӣ, ин аст, ки ҳар ҷо биравем, дар ҳаққи ман бигӯӣ: „Ӯ бародари ман аст“».

[14] Ва Абималик гӯсфандон, ва говон, ва ғуломон, ва канизон гирифта, ба Иброҳим бахшид, ва занаш Сороро ба ӯ баргардонд.

[15] Ва Абималик гуфт: «Инак, замини ман пеши туст; ҳар ҷо, ки писанди назарат афтад, сокин шав».

[16] Ва ба Соро гуфт: «Инак, ҳазор сиккаи нуқра ба бародарат додам; инак, ин барои ту чашмбанд аст пеши ҳамаи касоне ки бо ту ҳастанд, ва пеши ҳама бегуноҳият исбот шуд».

[17] Ва Иброҳим пеши Худо дуо гуфт, ва Худо Абималик, ва зани ӯ, ва канизони ӯро шифо бахшид, ва онҳо зоён шуданд.

[18] Зеро ки Худованд батни тамоми аҳли байти Абималикро аз боиси Соро, зани Иброҳим, сахт баста буд.

Китоби якуми Мусо, Ҳастӣ — Chapters