[1] Ва Одам бо зани худ Ҳавво хобид; ва ӯ ҳомила шуда, Қобилро зоид, ва гуфт: «Мардеро аз Худованд пайдо кардам».
[2] Ва боз бародари ӯ Ҳобилро зоид. Ва Ҳобил рамабон буд; ва Қобил зироаткор буд.
[3] Баъд аз мурури айём, Қобил аз маҳсули замин ҳадияе барои Худованд овард.
[4] Ва Ҳобил низ аз нахустзодагони рамаи худ ва аз дунбаи онҳо ҳадияе овард. Ва Худованд Ҳобил ва ҳадияи ӯро манзур дошт;
[5] Аммо Қобил ва ҳадияи ӯро манзур надошт. Ва Қобил хеле ба хашм омад, ва рӯяш турш шуд.
[6] Ва Худованд ба Қобил гуфт: «Чаро ба хашм омадӣ? Ва чаро рӯят турш шуд?
[7] Агар некӣ мекардӣ, оё мақбул намешудӣ? Ва чун некӣ накардӣ, гуноҳ дар сари остона аст, ва иштиёқманди туст, вале ту бар вай ҳукмфармо шав».
[8] Ва Қобил бо бародари худ Ҳобил сухан гуфт. Ва ҳангоме ки онҳо дар саҳро буданд, Қобил бар бародари худ Ҳобил қиём кард, ва ӯро кушт.
[9] Ва Худованд ба Қобил гуфт: «Бародарат Ҳобил куҷост?» Гуфт: «Намедонам; магар ман посбони бародарам ҳастам?»
[10] Ва гуфт: «Чӣ кор аст, ки кардӣ? Хуни бародарат аз замин сӯи Ман фарьёд мезанад.
[11] Ва акнун ту малъун ҳастӣ аз замине ки даҳони худро кушодааст, то ки хуни бародари туро аз дастат фурӯ барад.
[12] Ҳар гоҳ заминро кор кунӣ, он дигар қуввати худро ба ту надиҳад; ту сарсону овора дар ҷаҳон хоҳӣ буд».
[13] Ва Қобил ба Худованд гуфт: «Ҷазои гуноҳам бузургтар аст аз он ки бардошта тавонам.
[14] Инак, маро имрӯз аз рӯи замин бадар рондӣ, аз рӯи Ту низ пинҳон хоҳам шуд, ва сарсону овора дар ҷаҳон хоҳам шуд, ва ҳар кӣ маро дарьёбад, маро хоҳад кушт».
[15] Худованд ба вай гуфт: «Пас ҳар кӣ Қобилро бикушад, ҳафтчандон аз вай интиқом гирифта шавад». Ва Худованд бар Қобил аломате гузошт, то ҳар кӣ ӯро дарьёбад, ӯро накушад.
[16] Ва Қобил аз пеши Худованд баромада рафт; ва дар замини Нӯд, ба тарафи шарқии Адан маскан гирифт.
[17] Ва Қобил бо зани худ хобид; вай ҳомила шуда, Ҳанӯхро зоид. Ва ӯ шаҳре бино кард; ва он шаҳрро ба номи писари худ Ҳанӯх номид.
[18] Ва ба Ҳанӯх Ирод таваллуд шуд; Ирод Маҳиёилро ба дуньё овард; Маҳиёил Матушоилро ба дуньё овард; Матушоил Ломакро ба дуньё овард.
[19] Ва Ломак ду зан барои худ гирифт: номи яке Одо буд, ва номи дигаре Зилло.
[20] Одо Ёболро зоид: вай падари хайманишинон ва чорводорон буд.
[21] Ва номи бародараш Юбол буд: вай падари ҳамаи навозандагони ғиҷҷак ва най буд.
[22] Зилло низ Тубалқобилро зоид, ки пардозгари ҳар олати мис ва оҳан буд. Ва хоҳари Тубалқобил Наамо буд.
[23] Ва Ломак ба занони худ гуфт: «Эй Одо ва Зилло! Овози маро бишнавед, эй занони Ломак! Ба сухани ман гӯш диҳед: ман барои захми худ мардеро куштам, ва барои зарби худ ҷавонеро.
[24] Агар барои Қобил ҳафтчандон интиқом гирифта шавад, пас барои Ломак ҳафтоду ҳафтчандон».
[25] Ва Одам боз бо зани худ хобид; вай писаре зоид, ва ӯро Шет ном ниҳод; зеро, гуфт, Худо насли дигаре ба ман қарор дод, дар ивази Ҳобил, ки Қобил ӯро кушт.
[26] Ба Шет низ писаре таваллуд шуд, ва ӯро Анӯш номид; дар он вақт ба хондани исми Худованд шурӯъ карданд.