Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Сорай, зани Абром, ба вай фарзанд наовард, ва ӯро Ҳоҷар ном канизи мисрие буд.

[2] Ва Сорай ба Абром гуфт: «Инак, Худованд маро аз зоидан боздошт; пас бо канизи ман бихоб: шояд, аз вай фарзанддор шавам». Ва Абром ба сухани Сорай даромад.

[3] Ва чун даҳ сол аз иқомати Абром дар замини Канъон гузашт, Сорай, зани Абром, канизи худ Ҳоҷари мисриро гирифт, ва ба шавҳари худ Абром ӯро ба занӣ дод.

[4] Ва бо Ҳоҷар хобид; вай ҳомила шуд. Ва чун дид, ки ҳомила аст, хотунашро хор дошт.

[5] Ва Сорай ба Абром гуфт: «Дар озори ман айбдор ту ҳастӣ; ман канизи худро ба оғӯши ту додам; ва чун дид, ки ҳомила аст, маро хор дошт; Худованд дар миёни ману ту доварӣ кунад».

[6] Ва Абром ба Сорай гуфт: «Инак, канизи ту ба дасти туст; он чи писанди назари ту бошад, бо вай бикун». Ва Сорай варо ба танг овард; вай аз пеши ӯ гурехта рафт.

[7] Ва фариштаи Худованд варо назди чашмаи об дар биёбон, яъне чашмае ки ба роҳи Шур мебошад, ёфт.

[8] Ва гуфт: «Эй Ҳоҷар, канизи Сорай! Аз куҷо омадӣ, ва куҷо меравӣ?» Вай гуфт: «Ман аз пеши хотуни худ Сорай гурехтам».

[9] Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт: «Назди хотуни худ баргард ва зери дасти вай мутеъ шав».

[10] Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт: «Насли туро бисьёр афзун гардонам, ки аз бисьёрӣ онро натавон шумурд».

[11] Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт: «Инак, ҳомила ҳастӣ, ва писаре хоҳӣ зоид, ва ӯро Исмоил ном хоҳӣ монд; зеро ки Худованд азияти туро шунидааст.

[12] Ва ӯ марди ваҳшӣ хоҳад буд; дасти ӯ бар ҳама, ва дасти ҳама бар ӯ; пеши ҳамаи бародарони худ маскан хоҳад гирифт».

[13] Ва исми Худовандро, ки ба ӯ гап зад, Ато‐Эл‐рӯӣ хонд, зеро гуфт: «Гӯё ки ман ин ҷо баъд аз бинандаи ман бидидам».

[14] Аз ин сабаб он чоҳ Беэр‐лаҳай‐рӯӣ ном дорад, ки дар миёни Қодеш ва Борад воқеъ аст.

[15] Ва Ҳоҷар ба Абром писар зоид; ва Абром писари худро, ки Ҳоҷар зоид, Исмоил ном ниҳод.

[16] Ва Абром ҳаштоду шашсола буд, ҳангоме ки Ҳоҷар Исмоилро ба Абром зоид.

Китоби якуми Мусо, Ҳастӣ — Chapters