[1] Ва чун одамон бар рӯи замин афзудан гирифтанд, ва ба онҳо духтарон таваллуд шуданд,
[2] Писарони Худо духтарони одамизодро диданд, ки хушрӯянд, ва ҳар кадомро, ки хуш мекарданд, барои худ ба занӣ мегирифтанд.
[3] Ва Худованд гуфт: «Рӯҳи Ман дар одамизод доим нахоҳад монд, зеро ки вай башар аст; бигзор айёми вай саду бист сол бошад».
[4] Дар он рӯзгорон дар замин баҳодурон буданд, алалхусус баъд аз замоне ки писарони Худо назди духтарони одамизод омаданд, ва онҳо барояшон фарзанд оварданд. Ин паҳлавонон аз қадимулайём мардони номвар буданд.
[5] Ва Худованд дид, ки бадкирдории одамизод дар замин бисьёр аст, ва ҳамаи фикру андешаҳои дили ӯ ҳамеша фақат бад аст.
[6] Ва Худованд пушаймон шуд, ки одамизодро бар замин ба вуҷуд овард, ва дилаш маҳзун шуд.
[7] Ва Худованд гуфт: «Одамизодро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв месозам, аз одамизод то чорпоён, то ҳайвоноти хазанда ва то паррандагони осмон маҳв месозам; зеро пушаймонам, ки онҳоро ба вуҷуд овардаам».
[8] Аммо Нӯҳ дар назари Худованд илтифот ёфт.
[9] Ин аст насаби Нӯҳ: Нӯҳ марди одил буд, ва дар насли худ покдоман; Нӯҳ пеши Худо роҳ мерафт.
[10] Ва Нӯҳ се писар: Сом, Ҳом ва Ёфатро ба дуньё овард.
[11] Ва замин пеши Худо фосид шуд, ва замин аз ситам пур шуд.
[12] Ва Худо заминро дид, ки инак, он фосид шудааст: зеро ки ҳар башар роҳи худро бар замин фосид кардааст.
[13] Ва Худо ба Нӯҳ гуфт: «Интиҳои ҳар башар пеши Ман фаро расидааст; зеро ки замин аз дасти онҳо аз ситам пур шудааст. Ва инак, Ман онҳоро аз замин нест мекунам.
[14] Барои худ киштие аз чӯби ҷӯфар бисоз; лонаҳо дар киштӣ бино кун, ва онро аз дарун ва аз берун қир бимол.
[15] Ва онро ин тавр бисоз: қади киштӣ сесад зироъ бошад, бари он — панҷоҳ зироъ, ва баландии он — сӣ зироъ.
[16] Равзане дар киштӣ бисоз, ва онро ба зирое аз боло тамом кун, ва дари киштиро аз паҳлуи он бигузор; ва қабатҳои поён, миёна ва боло дар он бисоз.
[17] Ва инак, Ман тӯфони обро бар замин меоварам, то ҳар махлуқеро, ки рӯҳи ҳаёт дар он бошад, аз зери осмон нест кунам; ва ҳар чӣ бар замин аст, хоҳад мурд.
[18] Ва аҳди Худро бо ту барқарор мекунам, ва ба киштӣ медароӣ, ту, ва писаронат, ва занат, ва занони писаронат бо ту.
[19] Ва аз тамоми ҳайвонот, аз ҳар махлуқе ҷуфте ба киштӣ дохил кун, то ки бо худ зинда нигоҳ дорӣ: нар ва мода бошанд.
[20] Аз паррандагон мувофиқи ҷинсашон, ва аз чорпоён мувофиқи ҷинсашон, ва аз тамоми ҳайвоноти хазандаи замин мувофиқи ҷинсаш, ҷуфт‐ҷуфт аз ҳама назди ту оянд, то ки зинда нигоҳ дорӣ.
[21] Ва аз ҳар озуқае ки хӯрда шавад, бигир ва назди худ захира намо, то ки барои ту ва онҳо хӯрок бошад».
[22] Ва Нӯҳ чунин кард; ҳар он чиро, ки Худо ба ӯ фармуда буд, ба ҷо овард.