Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Роҳел дид, ки ба Яъқуб назоид, ва Роҳел ба хоҳари худ ҳасад бурд, ва ба Яъқуб гуфт: «Ба ман фарзанд бидеҳ; вагар на, мемирам».

[2] Ва Яъқуб ба Роҳел хашм гирифт ва гуфт: «Магар ман дар ҷои Худо ҳастам, ки самари батнро аз ту боздоштааст?»

[3] Гуфт: «Инак канизи ман Билҳо; бо вай бихоб, то ки бар зонуям бизояд, ва ман низ аз вай фарзанд ёбам».

[4] Ва канизи худ Билҳоро ба ӯ ба занӣ дод; ва Яъқуб бо вай хобид.

[5] Ва Билҳо ҳомила шуда, ба Яъқуб писаре зоид.

[6] Ва Роҳел гуфт: «Худо ба доди ман расид, ва овози маро низ шунид, ва писаре ба ман дод». Бинобар ин ӯро Дон ном ниҳод.

[7] Ва Билҳо, канизи Роҳел, боз ҳомила шуда, писари дуюмин ба Яъқуб зоид.

[8] Ва Роҳел гуфт: «Ба гӯштинҳои Худо бо хоҳари худ гӯштин гирифтам, ва ғолиб омадам». Ва ӯро Нафтолӣ ном ниҳод.

[9] Ва Леё дид, ки аз зоидан мондааст, ва канизи худ Зилфоро гирифт, ва ӯро ба Яъқуб ба занӣ дод.

[10] Ва Зилфо, канизи Леё, ба Яъқуб писаре зоид.

[11] Ва Леё гуфт: «Толеъ ёр шуд!» Ва ӯро Ҷод ном ниҳод.

[12] Ва Зилфо, канизи Леё, писари дуюмин ба Яъқуб зоид.

[13] Ва Леё гуфт: «Ба хушбахтии ман аст! Зеро ки духтарон маро хушбахт хоҳанд хонд». Ва ӯро Ошер ном ниҳод.

[14] Ва дар айёми гандумдаравӣ Реубен рафт, ва меҳргиёҳҳо дар саҳро ёфт, ва онҳоро ба модари худ Леё овард. Ва Роҳел ба Леё гуфт: «Аз меҳргиёҳҳои писарат ба ман бидеҳ».

[15] Вай ба ӯ гуфт: «Оё кам аст, ки шавҳари маро гирифтӣ, боз мехоҳӣ меҳргиёҳҳои писари маро бигирӣ?!» Ва Роҳел гуфт: «Имшаб ба ивази меҳргиёҳҳои писарат бо ту бихобад».

[16] Ва бегоҳӣ Яъқуб аз саҳро омад, ва Леё ба пешвози ӯ баромад, ва гуфт: «Назди ман даро; зеро ки музди туро бо меҳргиёҳҳои писарам адо кардам». Ва ҳамон шаб бо вай хобид.

[17] Ва Худо дуои Леёро шунид, ва ӯ ҳомила шуд, ва писари панҷумин ба Яъқуб зоид.

[18] Ва Леё гуфт: «Худо музди маро дод ба ивази он ки канизамро ба шавҳарам додам». Ва ӯро Иссокор ном ниҳод.

[19] Ва боз Леё ҳомила шуда, писари шашумин ба Яъқуб зоид.

[20] Ва Леё гуфт: «Худо ҳадияи хубе ба ман дод; акнун шавҳарам назди ман хоҳад зист, зеро ки шаш писар ба ӯ зоидам». Ва ӯро Забулун ном ниҳод.

[21] Ва баъд духтаре зоид; ва ӯро Дино ном ниҳод.

[22] Ва Худо Роҳелро ба ёд овард, ва дуои ӯро шунид, ва батни ӯро кушод.

[23] Ва ӯ ҳомила шуд, ва писаре зоид, ва гуфт: «Худо нанги маро аз миён бардошт».

[24] Ва ӯро Юсуф ном ниҳода, гуфт: «Худованд ба ман писари дигаре хоҳад дод».

[25] Ва пас аз он ки Роҳел Юсуфро зоид, Яъқуб ба Лобон гуфт: «Маро ҷавоб деҳ, то ки ба макони худ ва ба замини худ биравам;

[26] Занон ва фарзандони маро, ки барояшон ба ту хизмат кардам, ба ман бидеҳ, то ки биравем; зеро хизматеро, ки ба ту кардам, ту медонӣ».

[27] Ва Лобон ба ӯ гуфт: «Кошки дар назари ту илтифот меёфтам! Ба фол гирифтаам, ки ба хотири ту Худованд маро баракат додааст».

[28] Ва гуфт: «Музди худро ба ман муайян кун, то ки онро ба ту диҳам».

[29] Ба вай гуфт: «Худат медонӣ, ки ман ба ту чӣ гуна хизмат кардаам, ва чорвои ту назди ман чӣ гуна зиёд шуд.

[30] Зеро ки пеш аз омадани ман моли ту кам буд, ва бениҳоят зиёд шуд; ва ба хотири ман Худованд туро баракат дод; ва акнун кай ман барои хонаи худ низ кор мекунам?»

[31] Ва гуфт: «Ба ту чӣ бидиҳам?» Ва Яъқуб гуфт: «Чизе ба ман надеҳ. Вале агар ин корро барои ман бикунӣ, ман аз нав рамаи туро чӯпонӣ ва посбонӣ хоҳам кард:

[32] Имрӯз дар тамоми рамаи ту гардиш мекунам; ҳар меши хол‐хол ва алоро аз он ҷудо кун, ва ҳар меши сиёҳ аз миёни гӯсфандон ва алою хол‐хол аз миёни бузон музди ман хоҳад буд.

[33] Ва дар оянда сидқи ман дар ҳаққи ман шаҳодат хоҳад дод, вақте ки биёӣ, то ки музди маро дар пеши назарат бубинӣ: он чи аз бузон хол‐холу ало ва аз гӯсфандон сиёҳ набошад, назди ман чизи дуздӣ ҳисоб ёбад».

[34] Ва Лобон гуфт: «Майлаш, гуфтаи ту шавад».

[35] Ва ҳамон рӯз нарбузҳои доғдору алоро, ва ҳамаи модабузҳои хол‐хол ва алоро, ки доғи сафед доштанд, ва ҳамаи гӯсфандони сиёҳро ҷудо карда, ба дасти писаронаш дод.

[36] Ва дар миёни худ ва Яъқуб масофаи серӯза муқаррар намуд. Ва Яъқуб боқии чорвои Лобонро чӯпонӣ кард.

[37] Ва Яъқуб навдаҳои тару тозаи сафедор, бодом ва кастонаро гирифт, ва хатҳои сафед бар онҳо бурида, пӯстро то сафедии чӯб канда партофт;

[38] Ва навдаҳои пӯстбуридаро дар тағораҳои обхӯрие ки чорво барои нӯшидан назди онҳо меомад, дар рӯ ба рӯи чорво гузошт, то ки ҳангоми ба обхӯрӣ омаданаш бордор шавад.

[39] Ва чорво дар пеши навдахо бордор мешуд, ва барраҳои доғдор, хол‐хол ва ало мезоид.

[40] Ва Яъқуб барраҳоро ҷудо мекард, ва рӯи рамаро сӯи тамоми чорвои доғдор ва сиёҳи Лобон мегузошт; ва барои худ рамаҳои алоҳида тартиб медод, ва онҳоро бо чорвои Лобон як ҷо намемонд.

[41] Ва ҳар гоҳ, ки чорвои тануманд бордор мешуд, Яъқуб навдаҳоро дар тағораҳо пеши назари чорво мемонд, то ки дар пеши навдаҳо бордор шавад.

[42] Вале ҳар гоҳ чорвои заиф бордор мешуд, онҳоро намемонд. Ва заифҳо аз они Лобон ва танумандҳо аз они Яъқуб мешуданд.

[43] Ва ин мард хеле ва хеле бой шуд, ва рамаҳои бисьёр, ва канизон, ва ғуломон, ва шутурон, ва харон дошт.

Китоби якуми Мусо, Ҳастӣ — Chapters