Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Исроил бо ҳар чи дошт, ба сафар рафт, ва чун ба Беэр‐Шобаъ омад, барои Худои падари худ Исҳоқ қурбо ниҳо забҳ кард.

[2] Ва Худо дар рӯъёи шаб ба Исроил хитоб карда, гуфт «Яъқуб, Яъқуб!» Гуфт: «Лаббай!»

[3] Гуфт: «Манам он Худо, Худои падарат; аз рафтан ба Миср натарс; зеро ки дар он ҷо кавми бузурге аз ту ба вуҷуд меоварам.

[4] Ман бо ту ба Миср меравам; ва Ман низ туро аз он ҷо берун меоварам; ва Юсуф бо дасти худ чашмони туро мепӯшад».

[5] Ва Яъқуб аз Беэр‐Шобаъ равона шуд; ва банӣ‐Исроил падари худ Яъқубро, ва тифлони худро, ва занони худро бо аробаҳое ки фиръавн барои овардани ӯ фиристода буд, бурданд.

[6] Ва чорвои худ ва дороии худро, ки дар замини Канъон пайдо карда буданд, гирифтанд, ва Яъқуб ва тамоми наслаш бо ӯ ба Миср омаданд.

[7] Ва писарони худ ва писарони писарони худро бо худ, ва духтарони худ ва духтарони писарони худро, ва тамоми насли худро бо худ ба Миср овард.

[8] Ва ин аст номҳои банӣ‐Исроил, ки ба Миср омаданд: Яъқуб ва писарони ӯ. Реубен, нахустзодаи Яъқуб.

[9] Писарони Реубен: Ҳанӯх, Фаллу, Ҳесрӯн ва Кармӣ.

[10] Писарони Шимъӯн: Ямуил, Ёмин, Ӯҳад, Ёкин, Сӯҳар ва Шоул, ки писари зани канъонӣ буд.

[11] Писарони Левӣ: Ҷершӯн, Қаҳот ва Марорӣ.

[12] Писарони Яҳудо: Эр, Ӯнон, Шело, Форас ва Зораҳ; вале Эр ва Ӯнон дар замини Канъон мурданд. Писарони Форас Ҳесрӯн ва Ҳомул буданд.

[13] Писарони Иссокор: Тӯлоъ, Фувво, Йӯб ва Шимрӯн.

[14] Писарони Забулун: Сарад, Элӯн ва Яҳлаил.

[15] Инҳоянд писарони Леё, ки онҳоро, ва духтари худ Диноро дар Фаддони Арам ба Яъқуб зоид; ҳамаи писарон ва духтаронаш сию се нафар.

[16] Писарони Ҷод: Сифйӯн, Ҳаҷӣ, Шунӣ, Эсбӯн, Эрӣ, Арӯдӣ ва Аръилӣ.

[17] Писарони Ошер: Имно, Ишво, Ишвӣ ва Барио ва хоҳари онҳо Сораҳ. Писарони Барио: Ҳабар ва Малкиил.

[18] Инҳоянд писарони Зилфо, ки варо Лобон ба духтари худ Леё дод; ва ин шонздаҳ нафарро ба Яъқуб зоид.

[19] Писарони Роҳел, зани Яъқуб: Юсуф ва Биньёмин.

[20] Ва ба Юсуф дар замини Миср Менашше ва Эфроим таваллуд шуданд, ки онҳоро Оснат, духтари Фӯтифараъ, коҳини Ӯн ба ӯ зоид.

[21] Писарони Биньёмин: Балаъ, Бакар, Ашбел, Ҷеро, Наамон, Эҳӣ, Рӯш, Муфим, Ҳуфим ва Орд.

[22] Инҳоянд писарони Роҳел, ки ба Яъқуб таваллуд шуданд; ҷамъ чордаҳ нафар.

[23] Писари Дон: Ҳушим.

[24] Писарони Нафтолӣ: Яҳсаил, Ҷунӣ, Есар ва Шилем.

[25] Инҳоянд писарони Билҳо, ки варо Лобон ба духтари худ Роҳел дод. Вай инҳоро ба Яъқуб ҷамъ ҳафт нафар зоид.

[26] Ҳамаи касоне ки бо Яъқуб ба Миср омаданд, онҳое ки аз камари ӯ рӯидаанд, ғайр аз занони писарони Яъқуб, ҷамъ шасту шаш нафар буданд.

[27] Ва писарони Юсуф, ки ба ӯ дар Миср таваллуд шуданд, ду нафар буданд. Ҳамаи касони хонадони Яъқуб, ки ба Миср омаданд, ҳафтод нафар буданд.

[28] Ва Яҳудоро пеш аз худаш назди Юсуф фиристод, то ки ӯро ба Ҷӯшан роҳнамоӣ кунад. Ва ба замини Ҷӯшан омаданд.

[29] Ва Юсуф аробаи худро тайёр кард, ва ба пешвози падари худ Исроил ба Ҷӯшан рафт, ва чун ӯро бидид, ба гарданаш овезон шуд, ва муддате бар гарданаш бигирист.

[30] Ва Исроил ба Юсуф гуфт: «Акнун, пас аз дидани рӯи ту, метавонам бимирам; зеро ки ҳанӯз зинда ҳастӣ».

[31] Ва Юсуф ба бародарони худ ва ба аҳли байти падари худ гуфт: «Меравам, ва ба фиръавн хабар медиҳам, ва ба вай мегӯям: „Бародаронам ва аҳли байти падарам, ки дар замини Канъон буданд, назди ман омаданд.

[32] Ва ин одамон рамабон ҳастанд, зеро ки мардуми чорводор мебошанд; ва гӯсфандон ва говон ва тамоми дороии худро овардаанд“.

[33] Ва агар фиръавн шуморо даъват намуда, гӯяд: „Касбу коратон чист?“

[34] Бигӯед: „Ғуломонат аз наврасии худ то алҳол мардуми чорводор ҳастем, ҳам мо ва ҳам падарони мо“, — то ки дар замини Ҷӯшан сокин шавед. Зеро ки ҳар рамабон барои мисриён нафратангез аст».

Китоби якуми Мусо, Ҳастӣ — Chapters