Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва мор аз ҳамаи ҳайвонҳои саҳро, ки Худованд Худо ба вуҷуд оварда буд, айёртар буд. Ва ба зан гуфт: «Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?»

[2] Зан ба мор гуфт: «Аз меваи дарахтони боғ хӯрда метавонем,

[3] Лекин аз меваи дарахте ки дар васати боғ аст, Худо гуфт, ки нахӯред ва онро ламс накунед, мабодо бимиред».

[4] Мор ба зан гуфт: «Не, нахоҳед мурд;

[5] Балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд».

[6] Ва зан дид, ки он дарахт барои хӯрок хуб аст, ва назаррабост, ва дарахти дилпазири донишафзост; ва аз меваи он гирифта, хӯрд; ва ба шавҳари худ низ дод, ва ӯ хӯрд.

[7] Ва чашмони ҳар дуи онҳо воз шуд, ва донистанд, ки бараҳнаанд, ва баргҳои анҷирро ба ҳам дӯхта, лӯнгиҳо барои худ сохтанд.

[8] Ва овози Худованд Худоро шуниданд, ки дар вақти салқинии рӯз дар боғ мегашт; ва Одам ва занаш аз пеши назари Худованд Худо дар миёни дарахтони боғ пинҳон шуданд.

[9] Ва Худованд Худо ба Одам хитоб карда, гуфт: «Куҷоӣ ту?»

[10] Гуфт: «Чун овозатро дар боғ шунидам, ҳаросон шудам, зеро ки ман бараҳнаам, ва пинҳон шудам».

[11] Ва гуфт: «Кӣ ба ту гуфт, ки ту бараҳнаӣ? Оё аз он дарахте ки хӯрданашро ба ту манъ кардам, хӯрдаӣ?»

[12] Одам гуфт: «Ин зане ки ба ман додаӣ, аз меваи дарахт ба ман дод, ва ман хӯрдам».

[13] Ва Худованд Худо ба зан гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки кардӣ?» Зан гуфт: «Мор маро фирефта кард, ва ман хӯрдам».

[14] Ва Худованд Худо ба мор гуфт: «Азбаски ин корро кардӣ, аз ҳамаи чорпоён ва аз ҳамаи ҳайвонҳои саҳро ту малъун бошӣ; ту бар шикамат роҳ хоҳӣ рафт, ва тамоми айёми умрат хок хоҳӣ хӯрд.

[15] Ва дар миёни ту ва зан, ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам: вай сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт».

[16] Ба зан гуфт: «Ранҷи туро дар ҳомиладории ту бисьёр афзун мегардонам; бо дард фарзандон хоҳӣ зоид; ва иштиёқи ту ба шавҳарат хоҳад буд, ва ӯ бар ту ҳукмронӣ хоҳад кард».

[17] Ва ба Одам гуфт: «Азбаски ба овози занат гӯш додӣ ва аз он дарахт хӯрдӣ, ки амр фармуда, гуфтам: „Аз он нахӯрӣ“, замин аз боиси ту малъун шуд; тамоми айёми умрат аз он бо ранҷ хоҳӣ хӯрд;

[18] Хору хас бароят хоҳад рӯёнид; ва алафи саҳроро хоҳӣ хӯрд.

[19] Ба арақи ҷабинат нон хоҳӣ хӯрд, то даме ки ба хок баргардӣ, ки аз он гирифта шудаӣ; зеро ки ту хок ҳастӣ, ва ба хок хоҳӣ баргашт».

[20] Ва Одам зани худро Ҳавво ном ниҳод, зеро ки вай модари ҳамаи зиндаҳо шуд.

[21] Ва Худованд Худо барои Одам ва зани ӯ либос аз пӯст сохт ва онҳоро пӯшонид.

[22] Ва Худованд Худо гуфт: «Инак, Одам мисли яке аз Мо орифи неку бад гардидааст; ва акнун мабодо дасти худро дароз кунад, ва аз дарахти ҳаёт низ гирифта хӯрад, ва то абад зинда монад».

[23] Ва Худованд Худо ӯро аз боғи Адан берун кард, то ки заминро, ки аз он гирифта шудааст, кор кунад.

[24] Ва Одамро бадар ронд, ва ба тарафи шарқии боғи Адан каррубиёнро, ва шамшери оташбори чархзанандаро гузошт, то ки роҳи дарахти ҳаётро нигаҳбонӣ кунанд.

Китоби якуми Мусо, Ҳастӣ — Chapters