Skip to content
Opens in a new window

[1] Ин аст китоби насаби Одам: дар рӯзе ки Худо одамро офарид, ба шабоҳати Худо ӯро сохт;

[2] Нару мода онҳоро офарид, ва онҳоро баракат дод, ва онҳоро, дар рӯзи офариниши онҳо, одам ном ниҳод.

[3] Ва Одам саду сӣ сол бизист, ва писаре ба шабоҳати худ, ба сурати худ ба дуньё овард, ва ӯро Шет номид.

[4] Ва айёми Одам, баъд аз таваллуди Шет, ҳаштсад сол буд, ва ӯ писарону духтарон ба дуньё овард.

[5] Пас тамоми айёми умри Одам нӯҳсаду сӣ сол буд; ва ӯ мурд.

[6] Ва Шет саду панҷ сол бизист, ва Анӯшро ба дуньё овард.

[7] Ва Шет, баъд аз таваллуди Анӯш, ҳаштсаду ҳафт сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.

[8] Пас тамоми айёми Шет нӯҳсаду дувоздаҳ сол буд; ва ӯ мурд.

[9] Ва Анӯш навад сол бизист, ва Қенонро ба дуньё овард.

[10] Ва Анӯш, баъд аз таваллуди Қенон, ҳаштсаду понздаҳ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.

[11] Пас тамоми айёми Анӯш нӯҳсаду панҷ сол буд; ва ӯ мурд.

[12] Ва Қенон ҳафтод сол бизист, ва Маҳалалъилро ба дуньё овард.

[13] Ва Қенон, баъд аз таваллуди Маҳалалъил, ҳаштсаду чил сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.

[14] Пас тамоми айёми Қенон нӯҳсаду даҳ сол буд; ва ӯ мурд.

[15] Ва Маҳалалъил шасту панҷ сол бизист, ва Ёрадро ба дуньё овард.

[16] Ва Маҳалалъил баъд аз таваллуди Ёрад, ҳаштсаду сӣ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.

[17] Пас тамоми айёми Маҳалалъил ҳаштсаду наваду панҷ сол буд; ва ӯ мурд.

[18] Ва Ёрад саду шасту ду сол бизист, ва Ҳанӯхро ба дуньё овард.

[19] Ва Ёрад, баъд аз таваллуди Ҳанӯх, ҳаштсад сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.

[20] Пас тамоми айёми Ёрад нӯҳсаду шасту ду сол буд; ва ӯ мурд.

[21] Ва Ҳанӯх шасту панҷ сол бизист, ва Матушолаҳро ба дуньё овард.

[22] Ва Ҳанӯх, баъд аз таваллуди Матушолаҳ, сесад сол пеши Худо роҳ рафт, ва писарону духтарон ба дуньё овард.

[23] Пас тамоми айёми Ҳанӯх сесаду шасту панҷ сол буд.

[24] Ва Ҳанӯх пеши Худо роҳ рафт, ва нопайдо шуд, зеро ки Худо ӯро гирифт.

[25] Ва Матушолаҳ саду ҳаштоду ҳафт сол бизист, ва Ломакро ба дуньё овард.

[26] Ва Матушолаҳ, баъд аз таваллуди Ломак, ҳафтсаду ҳаштоду ду сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.

[27] Пас тамоми айёми Матушолаҳ нӯҳсаду шасту нӯҳ сол буд; ва ӯ мурд.

[28] Ва Ломак саду ҳаштоду ду сол бизист, ва писаре ба дуньё овард.

[29] Ва ӯро Нӯҳ ном ниҳода, гуфт: «Ин моро тасаллӣ хоҳад дод аз аъмоли мо ва аз заҳмати дастҳои мо аз замине ки Худованд ба он лаънат хонд».

[30] Ва Ломак, баъд аз таваллуди Нӯҳ, панҷсаду наваду панҷ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.

[31] Пас тамоми айёми Ломак ҳафтсаду ҳафтоду ҳафт сол буд; ва ӯ мурд.

[32] Ва Нӯҳ панҷсадсола буд, ва Нӯҳ Сом, Ҳом ва Ёфатро ба дуньё овард.

Китоби якуми Мусо, Ҳастӣ — Chapters