[1] Ва Иброҳим пир ва солхӯрда шуд, ва Худованд Иброҳимро дар ҳар чиз баракат дод.
[2] Ва Иброҳим ба ғуломи худ, ки калони хонаи ӯ буда, тамоми дороии ӯро идора мекард, гуфт: «Дасти худро зери рони ман бигузор,
[3] Ва ба Худованд Худои осмон ва Худои замин туро қасам медиҳам, ки зане барои писарам аз духтарони канъониён, ки дар миёни онҳо иқомат дорам, нагирӣ;
[4] Балки ба замини ман, ба зодгоҳи ман биравӣ, ва зане барои писарам Исҳоқ бигирӣ».
[5] Ва ғулом ба ӯ гуфт: «Шояд, он зан розӣ нашавад, ки бо ман ба ин замин биёяд; оё писаратро ба замине ки аз он берун омадаӣ, баргардонам?»
[6] Ва Иброҳим ба ӯ гуфт: «Зинҳор, писари маро ба он ҷо барнагардонӣ.
[7] Худованд Худои осмон, ки маро аз хонаи падарам ва аз замини зодгоҳам берун овард, ва ба ман сухан ронд, ва ба ман қасам ёд карда, гуфт, ки: „Ин заминро ба насли ту хоҳам дод“ — Ӯ фариштаи Худро пешопеши ту хоҳад фиристод, то ки зане барои писарам аз он ҷо бигирӣ.
[8] Вале агар он зан ба омадан бо ту розӣ нашавад, аз ин қасами ман фориғ хоҳӣ буд; аммо, зинҳор, писарамро ба он ҷо барнагардонӣ».
[9] Ва ғулом дасти худро зери рони оғои худ Иброҳим гузошт, ва дар ин хусус ба ӯ қасам ёд кард.
[10] Ва ғулом даҳ шутур аз шутурони оғои худ гирифта, бирафт. Ва тамоми ганҷинаи оғояш дар дасти ӯ буд. Ва бархоста, сӯи Арам‐наҳрайн, ба шаҳри Ноҳӯр бирафт.
[11] Ва шомгоҳ, вақте ки занон барои обкашӣ мебаромаданд, шутуронро дар беруни шаҳр назди чоҳи об чӯконид.
[12] Ва гуфт: «Эй Худованд, Худои оғоям Иброҳим! Имрӯз ба муродам бирасон, ва ба оғоям Иброҳим эҳсон бикун.
[13] Инак, ман ба сари чашмаи об истодаам, ва духтарони аҳли ин шаҳр барои обкашӣ мебароянд;
[14] Ва чунин бишавад, ки он духтаре ки ба вай гӯям: „Кӯзаи худро хам кун, то бинӯшам“, ва ӯ гӯяд: „Бинӯш, ва шутуронатро низ нӯшонам“, — ҳамон бошад, ки барои бандаи Худ Исҳоқ ихтиёр кардаӣ; ва аз рӯи ин бидонам, ки ба оғоям эҳсон кардаӣ».
[15] Ва ӯ ҳанӯз суханашро тамом накарда буд, ва инак Ривқо, ки аз Батуил, писари Милко, зани Ноҳӯр, бародари Иброҳим, таваллуд шуда буд, берун омад, ва кӯзае бар китф дошт.
[16] Ва он духтар бисьёр хушрӯй ва бокира буд, ва марде бо ӯ нахобида буд; ва сӯи чашма фуромад, ва кӯзаи худро пур карда, боло баромад.
[17] Ва ғулом ба пешвози вай шитофта, гуфт: «Як ҷуръа об аз кӯзаи худ ба ман бинӯшон».
[18] Гуфт: «Эй оғои ман, бинӯш!» Ва дарҳол кӯзаашро ба дасташ фуроварда, ӯро нӯшонид.
[19] Ва чун аз нӯшониданаш фориғ шуд, гуфт: «Барои шутуронат низ об мекашам, то даме ки аз нӯшидан бозистанд».
[20] Ва дарҳол кӯзаи худро дар обхӯр холӣ кард, ва боз сӯи чоҳ ба обкашӣ бидавид, ва барои ҳамаи шутуронаш об кашид.
[21] Ва он мард бо ҳайрат менигарист ва сукут мекард, то бидонад, ки оё Худованд сафари ӯро муваффақият бахшидааст ё не.
[22] Ва ҳангоме ки шутурон аз нӯшидан бозистоданд, он мард ҳалқаи тиллои вазнаш ним сиқл, ва барои дастҳои вай ду дастпонаи вазнаш даҳ сиқл тиллоро гирифт,
[23] Ва гуфт: «Ту духтари кистӣ? Ба ман бигӯ; оё дар хонаи падарат ҷое барои мо ҳаст, то ки шабро гузаронем?»
[24] Ба ӯ гуфт: «Ман духтари Батуил, писари Милко, ҳастам, ки ӯро ба Ноҳӯр зоидааст».
[25] Ва боз ба ӯ гуфт: «Назди мо коҳу беда бисьёр аст, ва ҷой низ барои шабгузаронӣ».
[26] Ва он мард саҷда намуд ва Худовандро ибодат кард,
[27] Ва гуфт: «Муборак аст Худованд, Худои оғоям Иброҳим, ки эҳсони Худро, ва вафои Худро аз оғоям дареғ надошт! Ва чун дар роҳ будам, Худованд маро сӯи хонаи бародари оғоям ҳидоят намуд».
[28] Ва духтар давида рафта, ба аҳли байти модари худ воқеаро хабар дод.
[29] Ва Ривқоро бародаре буд, ки Лобон ном дошт. Ва Лобон назди он мард, сӯи чашма давида баромад.
[30] Ва ҳангоме ки он ҳалқаро, ва бар дастҳои хоҳараш он дастпонаҳоро дид, ва суханони хоҳари худ Ривқоро шунид, ки мегуфт: «Он мард ба ман чунин гуфт», — пеши мард омад, ва инак, ӯ назди шутурон ба сари чашма истодааст.
[31] Ва гуфт: «Биё, эй мубораки Худованд! Чаро дар берун истодаӣ? Ман хонаро, ва манзиле барои шутурон муҳайё кардам».
[32] Ва он мард ба хона даромад, ва Лобон шутуронро воз кард, ва коҳу беда ба шутурон дод, ва об барои шустани пойҳояш ва пойҳои касоне ки ҳамроҳаш буданд.
[33] Ва хӯрок пеши ӯ ниҳоданд, вале гуфт: «То матлаби худро нагӯям, чизе намехӯрам». Гуфтанд: «Бигӯ».
[34] Ва гуфт: «Ман ғуломи Иброҳим ҳастам.
[35] Ва Худованд оғои маро бисьёр баракат додааст, ва ӯ бузург шудааст, ва гӯсфандону говон, нуқра ва тилло, ғуломону канизон, шутурону харон ба ӯ додааст.
[36] Ва зани оғоям Соро, баъд аз пир шуданаш, писаре ба оғоям зоид, ва ҳар чӣ ӯ дорад, ба вай додааст.
[37] Ва оғоям маро қасам дода, гуфт: „Зане барои писарам аз духтарони канъониён, ки дар заминашон иқомат дорам, нагирӣ;
[38] Балки ба хонаи падари ман ва назди хешу табори ман биравӣ, ва зане барои писарам бигирӣ“.
[39] Ва ба оғои худ гуфтам: „Шояд, он зан ҳамроҳи ман наояд“.
[40] Ба ман гуфт: „Худованд, ки пешаш роҳ меравам, фариштаи Худро бо ту хоҳад фиристод ва сафари туро муваффақият хоҳад бахшид, то ки зане барои писарам аз хешу табори ман ва аз хонаи падари ман бигирӣ.
[41] Ҳамон вақт аз қасами ман фориғ хоҳӣ буд, ки назди хешу табори ман рафта бошӣ; ва агар онҳо ба ту надиҳанд, аз қасами ман фориғ хоҳӣ буд“.
[42] Ва имрӯз ман ба сари чашма расидам, ва гуфтам: „Эй Худованд, Худои оғоям Иброҳим! Агар сафари маро, ки ба он рафта истодаам, бомуваффақият гардонӣ,
[43] Инак, ман ба сари ин чашмаи об истодаам, ва чунин бишавад, ки он духтаре ки барои обкашӣ барояд, ва ба вай гӯям: «Маро аз кӯзаи худ як ҷуръа об бинӯшон»,
[44] Ва ба ман гӯяд: «Ҳам ту бинӯш, ва ҳам барои шутуронат об мекашам», — вай ҳамон зане бошад, ки Худованд барои писари оғои ман ихтиёр кардааст“.
[45] Ман ҳанӯз гуфтани инро дар дили худ тамом накарда будам, ва инак Ривқо бо кӯзае бар китфи худ берун омад ва сӯи чашма фуромада, об кашид; ва ман ба вай гуфтам: „Як ҷуръа об ба ман бинӯшон“.
[46] Ва ӯ дарҳол кӯзаашро аз китфаш фуроварда, гуфт: „Бинӯш; ба шутурони ту низ об медиҳам“. Ман ҳам нӯшидам, ба шутурон низ об дод.
[47] Ва аз вай пурсида, гуфтам: „Ту духтари кистӣ?“ Гуфт: „Духтари Батуил, писари Ноҳӯр, ки Милко ба ӯ зоид“. Ва ҳалқаро дар бинии вай ва дастпонаҳоро бар дастҳояш пӯшондам.
[48] Ва саҷда намудам ва Худовандро ибодат кардам, ва Худованд, Худои оғои худ Иброҳимро муборак хондам, ки маро ба роҳи рост андохт, то ки духтари бародари оғои худро барои писараш бигирам.
[49] Ва акнун ба ман бигӯед, ки оё шумо мехоҳед ба оғои ман эҳсон ва вафо зоҳир намоед, ё не; ба ман бигӯед, то ки ман ба тарафи рост ё чап раҳсипор шавам».
[50] Ва Лобон ва Батуил дар ҷавоб гуфтанд: «Ин амр аз Худованд содир шудааст; мо ба ту чизе бад ё нек гуфта наметавонем.
[51] Инак Ривқо пеши туст; бигир ва бирав; бигзор вай зани писари оғои ту шавад, чунон ки Худованд гуфтааст».
[52] Ва чун ғуломи Иброҳим суханони онҳоро шунид, ба Худованд то замин саҷда кард.
[53] Ва ғулом асбоби нуқра, ва асбоби тилло, ва либосҳоро берун оварда, ба Ривқо дод, ва ба бародар ва модари вай инъомҳои гаронбаҳо дод.
[54] Ва ӯ ва касоне ки ҳамроҳаш буданд, хӯрданд ва нӯшиданд, ва шабро гузаронданд. Ва бомдодон, чун бархостанд, ӯ гуфт: «Маро сӯи оғоям ҷавоб диҳед».
[55] Вале бародар ва модари вай гуфтанд: «Духтар бо мо даҳ рӯзе бимонад, ва баъд равона шавад».
[56] Ба онҳо гуфт: «Маро нигоҳ надоред; Худованд сафари маро муваффақият бахшид; маро ҷавоб диҳед, то ки назди оғои худ биравам».
[57] Ва гуфтанд: «Духтарро ҷеғ зада, пурсем, ки ӯ чӣ мегӯяд».
[58] Ва Ривқоро ҷеғ зада, ба вай гуфтанд: «Оё бо ин мард меравӣ?» Гуфт: «Меравам».
[59] Ва хоҳари худ Ривқоро, ва дояашро, ва ғуломи Иброҳимро, ва одамони ӯро ҷавоб доданд.
[60] Ва Ривқоро баракат дода, ба вай гуфтанд: «Эй хоҳари мо! Аз ту ҳазорон‐ҳазор таваллуд ёбанд, ва насли ту шаҳрҳои душманони худро мусаххар намояд!»
[61] Ва Ривқо ва канизонаш бархоста, ба шутурон савор шуданд, ва аз ақиби он мард равона шуданд; ва ғулом Ривқоро гирифта, бирафт.
[62] Ва Исҳоқ аз Беэр‐лаҳай‐рӯӣ омад; зеро ки ӯ дар замини ҷануб иқомат дошт.
[63] Ва қариби шом Исҳоқ барои гаштугузор ба саҳро баромад; ва чашм андохта, дид, ки шутурон меоянд.
[64] Ва Ривқо чашм андохта, Исҳоқро дид, ва аз шутур фуромад.
[65] Ва ба ғулом гуфт: «Ин мард кист, ки дар саҳро ба пешвози мо меояд?» Ва ғулом гуфт: «Ин оғои ман аст». Вай бурқаъро гирифта, рӯи худро пӯшонид.
[66] Ва ғулом ҳамаи корҳоеро, ки карда буд, ба Исҳоқ нақл намуд.
[67] Ва Исҳоқ вайро ба хаймаи модари худ Соро овард; ва Ривқоро гирифт: вай зани ӯ шуд, ва ӯ ба вай дил баст; ва Исҳоқ пас аз азои модари худ тасаллӣ ёфт.