Skip to content
Opens in a new window

[1] Баъд аз ин ҳодисаҳо каломи Худованд дар рӯъё ба Абром расида, гуфт: «Натарс, эй Абром; Ман сипари ту ҳастам; музди ту бағоят бузург аст».

[2] Ва Абром гуфт: «Худоё Худовандо! Ба ман чӣ медиҳӣ? Ва ман бефарзанд меравам; ва Алиазари димишқӣ хонаи маро идора мекунад».

[3] Ва Абром гуфт: «Инак, ба ман насл надодӣ, ва инак, хоназодам вориси ман аст».

[4] Ва дарҳол каломи Худованд ба ӯ даррасида, гуфт: «Ин вориси ту нахоҳад буд, балки он ки аз камари ту барояд, вориси ту хоҳад буд».

[5] Ва ӯро берун оварда, гуфт: «Ба осмон назар кун, ва ситорагонро бишумур, агар онҳоро шумурда тавонӣ». Ва ба ӯ гуфт: «Насли ту ҳамин қадар хоҳад шуд».

[6] Ва ба Худованд имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд.

[7] Ва ба ӯ гуфт: «Манам Худованд, ки туро аз Ури калдониён берун овардам, то ки ин заминро ба ирсият ба ту бидиҳам».

[8] Ва гуфт: «Худоё Худовандо! Аз чӣ бидонам, ки вориси он хоҳам буд?»

[9] Ва ба ӯ гуфт: «Ғуноҷини сесола, модабузи сесола, қӯчқори сесола, қумрӣ ва кабӯтарбачае барои Ман бигир».

[10] Ӯ ин ҳамаро гирифт, ва онҳоро дупора кард, ва ҳар пораро рӯ ба рӯи ҷуфташ гузошт; фақат мурғонро пора накард.

[11] Ва лошахӯрон бар лошаҳо фурӯд омаданд; лекин Абром онҳоро ронд.

[12] Ва ҳангоми ғуруби офтоб Абромро хоби гарон зер кард; ва инак, даҳшат ва зулмоти азиме ӯро фаро гирифт.

[13] Ва ба Абром гуфт: «Яқин бидон, ки насли ту дар замине ки аз они онҳо набошад, ғариб хоҳанд буд, ва онҳоро банда хоҳанд кард, ва бар онҳо чорсад сол зулм хоҳанд кард.

[14] Ва бар халқе ки онҳо бандагонаш хоҳанд буд, Ман доварӣ хоҳам кард; ва баъд аз он бо дороии зиёд берун хоҳанд омад.

[15] Ва ту назди падарони худ ба саломатӣ хоҳӣ рафт ва дар пирии некӯ мадфун хоҳӣ шуд.

[16] Ва дар насли чорум ба ин ҷо хоҳанд баргашт, зеро ки гуноҳи амӯриён ҳанӯз пур нашудааст».

[17] Ва чун офтоб ғуруб карда, торикӣ фаро расид, танӯри пурдуд ва оташи алангадор аз миёни он пораҳо гузар кард.

[18] Дар он рӯз Худованд бо Абром аҳд баста, гуфт: «Ин заминро аз наҳри Миср то наҳри бузург, яъне наҳри Фурот, ба насли ту медиҳам:

[19] Қениёнро, қеназзиёнро, қадмӯниёнро,

[20] Ҳиттиёнро, фариззиёнро, рафоиёнро,

[21] Амӯриёнро, канъониёнро, ҷирҷошиёнро ва ябусиёнро».

Китоби якуми Мусо, Ҳастӣ — Chapters