[1] Ва Яъқуб чашм андохта, дид, ки инак, Эсов меояд, ва чорсад одам ҳамроҳи ӯст. Ва бачаҳоро ба Леё ва Роҳел ва ду каниз тақсим кард.
[2] Ва канизонро бо бачаҳошон пеш гузошт, ва Леёро бо бачаҳояш дар ақиби онҳо, ва Роҳелро бо Юсуф дар охир.
[3] Ва худаш пешопеши онҳо рафт, ва ҳафт маротиба то замин саҷда кард, то ки ба бародари худ расид.
[4] Ва Эсов ба пешвози ӯ давид, ва ӯро ба оғӯш кашид, ва сар бар гардани ӯ ниҳод, ва ӯро бӯсид, ва бигиристанд.
[5] Ва Эсов чашм андохта, занону бачагонро дид, ва гуфт: «Инҳо ба ту кистанд?» Гуфт: «Фарзандоне ки Худо ба бандаат бахшидааст».
[6] Ва канизон бо бачаҳошон наздик омада, саҷда карданд.
[7] Ва Леё бо бачаҳояш низ наздик омада, саҷда карданд. Ва дар охир Юсуф ва Роҳел наздик омада, саҷда карданд.
[8] Ва гуфт: «Аз баҳри чист туро тамоми ин гурӯҳе ки ба он вохӯрдам?» Гуфт: «То ки дар назари оғоям илтифот ёбам».
[9] Ва Эсов гуфт: «Эй бародарам, ман бисьёр дорам; он чи аз они туст, аз они ту бошад».
[10] Ва Яъқуб гуфт: «Не, агар дар назарат илтифот ёфта бошам, тӯҳфаи маро аз дастам бигир; зеро ки рӯи туро дидам, мисли дидани рӯи Худо, ва ту ба ман бо чашми нек назар кардӣ.
[11] Баракати маро, ки бароят оварда шуд, бигир; чунки Худо ба ман эҳсон кардааст, ва ҳама чиз дорам». Ва чун Яъқуб ӯро розӣ кард, ӯ гирифт.
[12] Ва гуфт: «Кӯч карда, биравем; ва ман пешопеши ту меравам».
[13] Ва Яъқуб гуфт: «Оғоям медонад, ки бачагон нозуканд, ва гӯсфандон ва говони ширдеҳ бо ман аст, ва агар онҳоро як рӯз ҳай кунанд, тамоми чорво мемирад.
[14] Бигзор оғоям аз бандаи худ пештар биравад, ва ман мувофиқи коре ки маро дар пеш аст, ва мувофиқи қадами бачагон оҳиста‐оҳиста равона мешавам, то ки назди оғоям ба Сеир бирасам».
[15] Ва Эсов гуфт: «Аз мардуме ки бо мананд, назди ту мегузорам». Гуфт: «Чӣ лозим аст? Фақат дар назари оғоям илтифот ёбам шудааст».
[16] Ва ҳамон рӯз Эсов роҳи худро пеш гирифта, ба Сеир баргашт.
[17] Вале Яъқуб ба Суккӯт равона шуд, ва хонае барои худ бино кард, ва барои чорвои худ соябонҳо сохт. Аз ин сабаб он мавзеъро Суккӯт номид.
[18] Ва Яъқуб аз Фаддони Арам баргашта, сиҳат саломат ба шаҳри Шакем, ки дар замини Канъон аст, омад ва дар рӯ ба рӯи шаҳр манзил кард.
[19] Ва он қитъаи заминро, ки дар он ҷо барои худ хайма барафрошта буд, аз дасти фарзандони Ҳамӯр, падари Шакем, ба сад сикка харид.
[20] Ва қурбонгоҳе дар он ҷо бино кард, ва онро ба исми Худованд Худои Исроил хонд.