Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Яъқуб фаҳмид, ки дар Миср ғалла мавҷуд аст, ва Яъқуб ба писарони худ гуфт: «Чаро нигоҳ карда нишастаед?»

[2] Ва гуфт: «Инак, шунидам, ки дар Миср ғалла ҳаст; ба он ҷо биравед, ва барои мо аз он ҷо ғалла бихаред, то ки зист кунем ва намирем».

[3] Даҳ бародари Юсуф барои харидани ғалла ба Миср рафтанд.

[4] Вале Биньёмин, бародари Юсуфро Яъқуб бо бародарони ӯ нафиристод; зеро гуфт: «Мабодо зиёне ба ӯ расад».

[5] Дар миёни ононе ки барои харидани ғалла омаданд, банӣ‐Исроил ҳам буданд; зеро ки дар замини Канъон қаҳтӣ буд.

[6] Ва Юсуф ҳокими он замин буд; ва ба тамоми қавми он замин ғалла мефурӯхт. Вақте ки бародарони Юсуф омаданд, рӯй ба замин ниҳода, ба ӯ саҷда карданд.

[7] Ва чун Юсуф бародарони худро дид, онҳоро шинохт; вале худро ба онҳо ношинос вонамуд кард, ва бо онҳо ба дуруштӣ гап зад, ва ба онҳо гуфт: «Аз куҷо омадед?» Гуфтанд: «Аз замини Канъон, то ки хӯрокворӣ бихарем».

[8] Агарчи Юсуф бародарони худро шинохт, онҳо ӯро нашинохтанд.

[9] Ва Юсуф хобҳоеро, ки дар бораи онҳо дида буд, ба хотир овард; ва ба онҳо гуфт: «Шумо ҷосус ҳастед; барои дидани урьёнии ин замин омадаед».

[10] Ба ӯ гуфтанд: «Не, оғои мо; ғуломонат барои харидани хӯрокворӣ омадаанд.

[11] Мо ҳама писарони як шахс ҳастем; мо одамони дурусткорем; ғуломонат ҷосус нестанд».

[12] Ба онҳо гуфт: «Не, шумо барои дидани урьёнии замин омадаед».

[13] Гуфтанд: «Мо, ғуломонат, дувоздаҳ бародаронем; мо писарони як шахс ҳастем дар замини Канъон, ва инак, хурдӣ имрӯз пеши падари мост, ва яке нест».

[14] Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Ҳамин аст он чи ба шумо гуфтам, ки ҷосус ҳастед.

[15] Ба ин тариқ озмуда хоҳед шуд: қасам ба ҷони фиръавн, ки аз ин ҷо берун нахоҳед рафт, магар ки бародари хурдии шумо ба ин ҷо биёяд.

[16] Як нафарро аз байни худ бифиристед, то ки бародари шуморо биёрад; ва шумо ба ҳабс гирифта мешавед, то ки суханони шумо санҷида шавад, ки ҳақ ба ҷониби шумост ё не; вагар на, қасам ба ҷони фиръавн, ки шумо ҷосус ҳастед».

[17] Ва онҳоро серӯза ба ҳабс гирифт.

[18] Ва рӯзи сеюм Юсуф ба онҳо гуфт: «Чунин бикунед ва зинда бимонед, зеро ки ман аз Худо метарсам.

[19] Агар шумо одамони дурусткор бошед, бигзор як бародари шумо дар ҳабсхонаи шумо бимонад; ва шумо биравед, ва ғалла барои гуруснагии хонаҳои худ бибаред.

[20] Ва бародари хурдии худро назди ман биёред, то ки суханони шумо тасдиқ шавад, ва намиред». Ва чунин карданд.

[21] Ва ба якдигар гуфтанд: «Дар ҳақиқат мо назди бародари худ гуноҳкор ҳастем. Вақте ки ба мо тазаррӯъ мекард, азияти ҷони ӯро дидем ва гӯш наандохтем; аз ин рӯ ин азият ба сари мо омад».

[22] Ва Реубен ба ҷавоби онҳо гуфт: «Оё ба шумо нагуфта будам, ки ба муқобили бача гуноҳ накунед? Вале гӯш накардед; ва инак, хуни ӯ бозхост мешавад».

[23] Ва онҳо надонистанд, ки Юсуф мефаҳмад; зеро ки тарҷумоне дар миёни онҳо буд.

[24] Ва Юсуф худро аз онҳо канор гирифта, бигирист. Ва назди онҳо баргашта, бо онҳо гуфтугӯ кард, ва Шимъӯнро аз миёни онҳо гирифта, дар пеши назари онҳо ӯро бандӣ кард.

[25] Ва Юсуф фармон дод, ки ҷуволҳои онҳоро аз ғалла пур кунанд, ва нуқраи онҳоро дар халтаи ҳар яке баргардонанд, ва ба онҳо тӯшаи роҳ бидиҳанд. Ва ба онҳо чунин карданд.

[26] Ва ғаллаи худро ба харони худ бор карда, аз он ҷо равона шуданд.

[27] Ва чун яке халтаи худро дар манзил кушод, то ки хӯроке ба хари худ диҳад, нуқраи худро дид, ки инак, дар даҳани халтаи ӯст.

[28] Ва ба бародарони худ гуфт: «Нуқраи ман баргардонида шудааст! Инак, дар халтаи ман аст!» Ва дили онҳо ба тапиш афтод, ва ба якдигар бо тарсу ларз мегуфтанд: «Ин чӣ кор аст, ки Худо ба мо кардааст?»

[29] Ва назди падари худ Яъқуб ба замини Канъон омаданд, ва аз он чи ба онҳо рӯй дод, хабар дода, гуфтанд:

[30] «Он марде ки ҳокими он замин аст, бо мо ба дуруштӣ сухан гуфт, ва моро ҷосусони он замин гумон кард.

[31] Вале ба ӯ гуфтем: „Мо одамони дурусткорем; мо ҷосус нестем.

[32] Мо, дувоздаҳ бародарон, писарони падари худ ҳастем; яке нест, ва хурдӣ имрӯз назди падари мо дар замини Канъон аст“.

[33] Ва он марде ки ҳокими он замин аст, ба мо гуфт: „Ба ин тариқ хоҳам фаҳмид, ки шумо дурусткор ҳастед: яке аз бародарони худро назди ман бимонед; ва ғалла барои гуруснагии хонаҳои худ бигиред, ва биравед.

[34] Ва бародари хурдии худро назди ман биёред, то донам, ки шумо ҷосус нестед, балки одамони дурусткоред; он гоҳ бародари шуморо ба шумо бидиҳам, ва дар ин замин додугирифт кунед“».

[35] Ва ҳангоме ки онҳо халтаҳои худро холӣ мекарданд, инак, ҳамьёни нуқраи ҳар яке дар халтаи вай буд. Ва чун онҳо ва падарашон ҳамьёнҳои нуқраро диданд, ҳаросон шуданд.

[36] Ва падари онҳо Яъқуб ба онҳо гуфт: «Маро аз фарзандонам маҳрум кардед: Юсуф нест, ва Шимъӯн нест, ва Биньёминро мехоҳед бибаред, — ин ҳама кулфатҳо бар сари ман аст!»

[37] Ва Реубен ба падари худ арз намуда, гуфт: «Ду писари маро бикуш, агар ӯро назди ту набиёрам; ӯро ба дасти ман бисупор; ва ман ӯро назди ту баргардонам».

[38] Гуфт: «Писарам бо шумо нахоҳад рафт, зеро ки бародараш мурдааст, ва ӯ танҳо мондааст. Ва агар дар роҳе ки меравед, зиёне ба ӯ расад, ҳамоно мӯи сафеди маро бо андӯҳ ба гӯр хоҳед бурд».

Китоби якуми Мусо, Ҳастӣ — Chapters