Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва воқеъ шуд баъд аз ин ҳодисот, ки Худо Иброҳимро озмуда, ба ӯ гуфт: «Эй Иброҳим!» Гуфт: «Лаббай!»

[2] Ва гуфт: «Писари худро, ки ягонаи туст, ва ӯро дӯст медорӣ, яъне Исҳоқро бигир; ва ба замини Мӯриё бирав, ва дар он ҷо ӯро бар яке аз кӯҳҳое ки ба ту хоҳам гуфт, барои қурбонии сӯхтанӣ барор».

[3] Ва Иброҳим бомдодон бархоста, хари худро зин кард, ва ду нафар аз ғуломбачагонаш ва Исҳоқ писарашро ҳамроҳи худ гирифт; ва ҳезум барои қурбонии сӯхтанӣ шикаст, ва бархоста, сӯи маконе ки Худо ба ӯ гуфт, равона шуд.

[4] Дар рӯзи сеюм Иброҳим чашм андохта, он маконро аз дур дид.

[5] Ва Иброҳим ба ғуломбачагони худ гуфт: «Шумо дар ин ҷо бо хар бимонед; ва ман бо писар ба он ҷо рафта, ибодат мекунем, ва назди шумо бармегардем».

[6] Ва Иброҳим ҳезуми қурбонии сӯҳтаниро гирифта, бар писари худ Исҳоқ бор кард; оташ ва кордро ба дасти худ гирифт, ва ҳар ду якҷоя равона шуданд.

[7] Ва Исҳоқ ба падари худ Иброҳим сухан ронда, гуфт: «Эй падарам!» Гуфт: «Лаббай, писарам!» Гуфт: «Инак оташ ва ҳезум, пас барраи қурбонӣ куҷост?»

[8] Ва Иброҳим гуфт: «Эй писарам, Худо барраи қурбониро барои Худ ҳозир хоҳад кард». Ва ҳар ду якҷоя рафтан гирифтанд.

[9] Ва ба маконе ки Худо ба ӯ гуфт, расиданд; ва Иброҳим дар он ҷо қурбонгоҳе бино кард, ва ҳезумро чид, ва писари худ Исҳоқро баста, бар қурбонгоҳ болои ҳезум гузошт.

[10] Ва Иброҳим дасти худро дароз карда, кордро гирифт, то ки писари худро забҳ кунад.

[11] Вале фариштаи Худованд аз осмон ӯро хонда, гуфт: «Иброҳим! Иброҳим!» Гуфт: «Лаббай!»

[12] Ва гуфт: «Дасти худро ба писар дароз накун ва ба ӯ чизе накун; зеро акнун донистам, ки ту аз Худо метарсӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, аз Ман дареғ надоштӣ».

[13] Ва Иброҳим чашм андохта, дид: инак, дар қафо қӯчқоре бо шохҳояш дар бешае андармон шудааст; ва Иброҳим рафта, қӯчқорро гирифт, ва дар ивази писараш онро барои қурбонии сӯхтанӣ баровард.

[14] Ва Иброҳим номи он маконро Адӯной‐йирэ хонд; бинобар ин то имрӯз гуфта мешавад: «Дар кӯҳи Худованд бояд ҳозир шавад».

[15] Ва дуюмбора фариштаи Худованд Иброҳимро аз осмон хонд,

[16] Ва гуфт: «Ба Зоти Худ қасам ёд мекунам, мегӯяд Худованд, азбаски ту ин корро кардӣ ва писари худро, ки ягонаи туст, дареғ надоштӣ, —

[17] Туро бисьёр баракат хоҳам дод ва насли туро бағоят афзун хоҳам кард, мисли ситорагони осмон ва мисли реге ки дар соҳили баҳр аст; ва насли ту шаҳрҳои душманони худро мусаххар хоҳад кард;

[18] Ва ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост, барои он ки ту ба овози ман гӯш додӣ».

[19] Ва Иброҳим назди ғуломбачагони худ баргашт, ва онҳо бархоста, яқҷоя ба Беэр‐Шобаъ равона шуданд; ва Иброҳим дар Беэр‐Шобаъ иқомат кард.

[20] Ва воқеъ шуд баъд аз ин ҳодисот, ки ба Иброҳим хабар дода, гуфтанд: «Инак, Милко низ ба бародарат Ноҳӯр писарҳо зоид, ки инҳоянд:

[21] Нахустзодаи ӯ Ус, бародараш Буз, Қамуил падари Арам,

[22] Касад, Ҳазӯ, Филдош, Идлоф ва Батуил».

[23] Ва Батуил Ривқоро ба дуньё овард. Ҳамин ҳаштро Милко ба Ноҳӯр бародари Иброҳим зоид.

[24] Ва суррияи ӯ, ки Реумо ном дошт, вай низ Табаҳ, Ҷаҳам, Таҳаш ва Маъкоро зоид.

Китоби якуми Мусо, Ҳастӣ — Chapters