Skip to content
Opens in a new window

[1] Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид.

[2] Ва замин дар ҳолати ҳарҷумарҷ буд, ва торикӣ бар рӯи варта; ва Рӯҳи Худо бар рӯи об дар парвоз буд.

[3] Ва Худо гуфт: «Рӯшноӣ бишавад». Ва рӯшноӣ шуд.

[4] Ва Худо рӯшноиро дид, ки хуб аст; ва Худо рӯшноиро аз торикӣ ҷудо кард.

[5] Ва Худо рӯшноиро рӯз номид, ва торикиро шаб номид. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи аввал.

[6] Ва Худо гуфт: «Фалаке бошад дар миёни об, ва обро аз об ҷудо кунад».

[7] Ва Худо фалакро ба вуҷуд овард; ва оби зери фалакро аз оби болои фалак ҷудо кард. Ва чунин шуд.

[8] Ва Худо фалакро осмон номид. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи дуюм.

[9] Ва Худо гуфт: «Оби зери осмон дар як ҷо ҷамъ шавад, ва хушкӣ намудор шавад». Ва чунин шуд.

[10] Ва Худо хушкиро замин номид, ва маҷмӯи обҳоро баҳрҳо номид. Ва Худо дид, ки хуб аст.

[11] Ва Худо гуфт: «Замин наботот бирӯёнад, алафе ки тухм меоварад, дарахти мевадоре ки мувофиқи ҷинси худ мева медиҳад, ки тухмаш дар он бар рӯи замин бошад». Ва чунин шуд.

[12] Ва замин наботот рӯёнид, алафе ки мувофиқи ҷинси худ тухм меоварад, ва дарахти мевадоре ки тухмаш дар он мувофиқи ҷинси худ бошад. Ва Худо дид, ки хуб аст.

[13] Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи сеюм.

[14] Ва Худо гуфт: «Найирҳо дар фалаки осмон бошанд, то ки рӯзро аз шаб ҷудо кунанд, ва барои аломатҳо, ва замонҳо, ва рӯзҳо, ва солҳо бошанд;

[15] Ва найирҳо дар фалаки осмон бошанд, то ки бар замин рӯшноӣ диҳанд». Ва чунин шуд.

[16] Ва Худо ду найири бузург ба вуҷуд овард: найири аъзам, барои салтанати рӯз, ва найири асғар, барои салтанати шаб, ва ситорагон;

[17] Ва Худо онҳоро дар фалаки осмон гузошт, то ки бар замин рӯшноӣ диҳанд,

[18] Ва бар рӯзу шаб салтанат ронанд, ва рӯшноиро аз торикӣ ҷудо кунанд. Ва Худо дид, ки хуб аст.

[19] Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи чорум.

[20] Ва Худо гуфт: «Об аз ҷонварҳои бешумор пур шавад; ва паррандагон болои замин, бар рӯи фалаки осмон парвоз кунанд».

[21] Ва Худо наҳангони бузург ва ҳар гуна ҷонварҳои хазандаро, ки об аз онҳо мувофиқи ҷинсашон пур шуд, ва ҳар гуна паррандагони болдорро мувофиқи ҷинсашон офарид. Ва Худо дид, ки хуб аст.

[22] Ва Худо онҳоро баракат дода, гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва обҳои баҳрҳоро пур кунед, ва паррандагон бар замин афзун шаванд».

[23] Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи панҷум.

[24] Ва Худо гуфт: «Замин ҷони зиндаро мувофиқи ҷинсаш, чорпоён, ва ҳайвоноти хазанда, ва ҳайвонҳои ваҳшии заминро мувофиқи ҷинсашон берун оварад». Ва чунин шуд.

[25] Ва Худо ҳайвонҳои ваҳшии заминро мувофиқи ҷинсашон, ва чорпоёнро мувофиқи ҷинсашон, ва тамоми ҳайвоноти хазандаи заминро мувофиқи ҷинсаш ба вуҷуд овард. Ва Худо дид, ки хуб аст.

[26] Ва Худо гуфт: «Одамро ба сурати Мо, ба шабоҳати Мо биофарем; ва онҳо бар моҳиёни баҳр, ва бар паррандагони осмон, ва бар чорпоён, ва бар тамоми замин, ва бар тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, ҳукм ронанд».

[27] Ва Худо одамро ба сурати Худ офарид, ӯро ба сурати Худо офарид; онҳоро марду зан офарид.

[28] Ва Худо онҳоро баракат дод, ва Худо ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед».

[29] Ва Худо гуфт: «Инак, Ман ҳар алафи тухмдорро, ки бар рӯи тамоми замин ҳаст, ва ҳар дарахтеро, ки дорои меваи дарахти тухмдор мебошад, ба шумо додам, то ки барои шумо хӯрок бошад.

[30] Ва ба ҳамаи ҳайвонҳои замин, ва ба ҳамаи паррандагони осмон, ва ба ҳар хазандаи рӯи замин, ки ҷони зинда дорад, Ман тамоми алафи сабзро барои хӯрок додам». Ва чунин шуд.

[31] Ва Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид, ва инак, хеле хуб аст. Ва шом буд, ва субҳ буд: рӯзи шашум.

Китоби якуми Мусо, Ҳастӣ — Chapters