[1] Рӯъёи Ишаъё ибни Омӯс, ки онро дар бораи Яҳудо ва Ерусалим дар айёми Узиё, Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, дидааст.
[2] Эй осмон, бишнав, ва эй замин, гӯш андоз, чунки Худованд сухан меронад: «Писаронро парвариш додам ва ба воя расонидам, вале онҳо бар зидди Ман исьён карданд.
[3] Барзагов молики худро, ва хар охури соҳиби худро мешиносад, аммо Исроил намешиносад: қавми Ман фаҳм намекунанд».
[4] Эй вой бар халқи хатокор, бар қавме ки зери бори гуноҳ мондаанд, бар насли бадкешон, бар писарони каҷрафтор! Худовандро тарк кардаанд, Куддуси Исроилро хор доштаанд, ақиб гаштаанд.
[5] Чаро боз зарбу лат хӯред, чун маъсиятро давом диҳед? Тамоми сар дарднок аст, ва тамоми дил садчок.
[6] Аз кафи по то фарқи сар дар ӯ ҷои сиҳате нест: ҷароҳат ва реш ва захми хуншор, ки на пок карда шудааст, на баста шудааст ва на бо равған нарм гардонида шудааст.
[7] Замини шумо харобазор гардидааст; шаҳрҳои шумо ба оташ сӯхтааст; саҳроҳои шуморо дар пеши назари шумо бегонаҳо мехӯранд, ва харобӣ асари торумори бегонаҳост.
[8] Ва духтари Сион мисли чайлае дар токзор, мисли чатре дар полиз, мисли шаҳри муҳосирашудае мебошад.
[9] Агар Худованди лашкарҳо бақияи андаке барои мо намегузошт, мо мисли Садӯм мешудем ва ба Амӯро монандӣ медоштем.
[10] Эй мирони Садӯм! Сухани Худовандро бишнавед. Эй қавми Амӯро! Ба шариати Худои мо гӯш андозед.
[11] «Қурбониҳои бисьёри шумо ба Ман чӣ лозим аст? — мегӯяд Худованд. — Аз қурбониҳои сӯхтании қӯчқорҳо ва чарбуи парвориён сер шудаам, ва ба хуни нарговҳо, гӯсфандҳо ва такаҳо рағбат надорам.
[12] Вақте ки меоед, то ба ҳузури Ман ҳозир шавед, кист, ки аз шумо талабида бошад, ки саҳнҳои Маро поймол кунед?
[13] Ҳадияи бекора дигар набиёред; бухур барои Ман зишт аст; навмоҳ ва шанбе ва анҷуман низ: ба хабосат ва маҷлиси идона наметавонам тоқат оварам.
[14] Аз навмоҳҳо ва идҳои шумо ҷони Ман нафрат дорад; онҳо барои Ман бори гарон аст, ки аз бардоштанаш тоқатам тоқ шудааст.
[15] Ва ҳангоме ки дастҳои худро дароз мекунед, чашмони Худро аз шумо мепӯшам; дуоро афзун кунед ҳам, намешунавам, чунки дастҳои шумо пур аз хун аст.
[16] Шустушӯй кунед, пок шавед; аъмоли бади худро аз чашмони Ман дур созед; аз бадкирдорӣ даст кашед.
[17] Некӯкориро таълим гиред; толиби адлу инсоф бошед; ба мазлум халосӣ диҳед; ба ятим додгарӣ намоед; бевазанро ҳимоят кунед».
[18] «Биёед исбот намоем, — мегӯяд Худованд, — агар гуноҳҳои шумо мисли қирмиз бошад, мисли барф сафед хоҳад шуд; агар мисли арғувон сурх бошад, мисли пашм хоҳад шуд.
[19] Агар орзуманд бошед ва бишнавед, неъматҳои заминро хоҳед хӯрд.
[20] Вале агар сар печида, муқобилат кунед, шамшер шуморо хоҳад хӯрд: зеро ки даҳони Худованд чунин мегӯяд».
[21] Пойтахти амин чӣ гуна зинокор шудааст! Вай аз инсоф пур буд, дар вай адолат сокин буд, вале алҳол — қотилон!
[22] Нуқраи ту ба ғаш табдил ёфтааст; шароби ту бо об омехта шудааст.
[23] Мирони ту худсар шуда, шарики дуздон гардидаанд; ҳар яке аз онҳо ришваро дӯст медоранд ва аз паи бахшишҳо медаванд; ба ятим додгарӣ намекунанд, ва даъвои бевазан назди онҳо намеояд.
[24] Бинобар ин Худованд, Худованди лашкарҳо, Неруманди Исроил мегӯяд: «Ҳой, Ман аз шикасти адуёни Худ қаноат ҳосил хоҳам кард ва аз душманони Худ интиқом хоҳам гирифт!
[25] Ва дасти Худро бар ту хоҳам баргардонид, ва ғашши туро чун дар ишқор тоза хоҳам кард, ва тамоми нопокии туро дур хоҳам сохт.
[26] Ва доварони туро мисли пештара ва мушовирони туро мисли аввала хоҳам баргардонид; пас аз он ту „Шаҳри адолат, пойтахти амин“ хонда хоҳӣ шуд».
[27] Сион ба василаи инсоф наҷот хоҳад ёфт, ва тавбакунандагонаш — ба василаи адолат.
[28] Ва осиёну хатокорон саросар шикаст хоҳанд хӯрд, ва онҳое ки Худовандро тарк кардаанд, маҳв хоҳанд шуд.
[29] Зеро онҳо аз дарахтони пистае ки шумо орзу карда будед, хиҷил хоҳанд шуд, ва аз боғҳое ки шумо баргузида будед, нангин хоҳанд гашт.
[30] Зеро шумо мисли дарахти пистае ки баргҳояш пажмурда шуда бошад, ва мисли боғе ки об надошта бошад, хоҳед шуд.
[31] Ва зӯровар ба пӯстлохи катон, ва амалаш ба шарорае мубаддал хоҳад шуд, ва ҳар дуяшон якҷоя хоҳанд сӯхт, ва оташкуше нахоҳад буд.