Skip to content
Opens in a new window

[1] Каломе ки Ишаъё ибни Омӯс дар бораи Яҳудо ва Ерусалим дар рӯъё дидааст.

[2] Ва дар айёми охир воқеъ хоҳад шуд, ки кӯҳи хонаи Худованд бар сари кӯҳҳо барқарор хоҳад гардид, ва аз теппаҳо баланд хоҳад шуд, ва ҳамаи халқҳо сӯи он равона хоҳанд шуд.

[3] Ва қавмҳои бисьёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт: «Биёед, ба кӯҳи Худованд, ба хонаи Худои Яъқуб бароем, то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад, ва мо ба роҳҳои Ӯ равона шавем». Зеро шариат аз Сион, ва каломи Худованд аз Ерусалим хоҳад баромад.

[4] Ва Ӯ дар миёни халқҳо доварӣ хоҳад кард, ва қавмҳои бисьёрро танбеҳ хоҳад намуд; ва онҳо шамшерҳои худро ба амочҳо, ва найзаҳои худро ба досколаҳо табдил хоҳанд дод; ва халқе бар халқе шамшер нахоҳанд кашид, ва ҷангро дигар таълим нахоҳанд гирифт.

[5] Эй хонадони Яъқуб! Биеёд, дар нури Худованд роҳ равем.

[6] Зеро Ту қавми Худ, хонадони Яъқубро тарк кардаӣ, чунки онҳо аз расму оини шарқӣ пур шудаанд, ва мисли фалиштиён фол мекушоянд, ва бо зодагони бегонаҳо қонеъ мешаванд.

[7] Ва замини вай аз нуқра ва тилло пур шудааст; ва хазоини вай интиҳо надорад; ва замини вай аз аспон пур шудааст, ва аробаҳои вай интиҳо надорад;

[8] Ва замини вай аз бутҳо пур шудааст: онҳо ба амали дастҳои худ, ба он чи ангуштҳошон сохтааст, саҷда мекунанд.

[9] Ва инсон сарпаст, ва мард залил шудааст; ва Ту онҳоро нахоҳӣ омурзид!

[10] Аз тарси Худованд ва аз шавкати кибриёи Ӯ ба кӯҳпора дохил шав, ва худро дар хок пинҳон кун.

[11] Чашмони ҳавобаланди инсон залил ва ғурури мардон паст хоҳад шуд, ва танҳо Худованд дар он рӯз баланд хоҳад буд.

[12] Зеро аз ҷониби Худованди лашкарҳо рӯзест, ки бар ҳар чизи ҳавобаланд ва мағрур хоҳад омад, ва бар ҳар чизи сарбаланд, — ва он паст хоҳад шуд, —

[13] Ва бар ҳамаи арзҳои сиҳӣ ва сарбаланди Лубнон, ва бар ҳамаи булутҳои Бошон,

[14] Ва бар ҳамаи кӯҳҳои саркаш, ва бар ҳамаи теппаҳои сарбаланд,

[15] Ва бар ҳар бурҷи баланд, ва бар ҳар ҳисори мустаҳкам,

[16] Ва бар ҳамаи киштиҳои Таршиш, ва бар ҳамаи зеварҳои назаррабо.

[17] Ва ҳавобаландии инсон паст, ва ғурури мардон залил хоҳад шуд, ва танҳо Худованд дар он рӯз баланд хоҳад буд.

[18] Ва бутҳо тамоман маҳв хоҳад шуд.

[19] Ва мардум ба мағораҳои кӯҳпораҳо ва ба сӯрохҳои хок дохил хоҳанд шуд, аз сабаби тарси Худованд ва аз шавкати кибриёи Ӯ, вақте ки Ӯ бархезад, то заминро вожгун созад.

[20] Дар он рӯз инсон бутҳои нуқра ва бутҳои тиллои худро, ки барои парастиши худ сохтааст, ба кӯрмушҳо ва кӯршабпаракҳо хоҳад партофт,

[21] То ки мардум ба ғорҳои кӯҳпораҳо ва ба дутаҳиҳои байни сахраҳо дохил шаванд, аз сабаби тарси Худованд ва аз шавкати кибриёи Ӯ, вақте ки Ӯ бархезад, то заминро вожгун созад.

[22] Шумо аз инсон, ки нафаси ӯ дар бинии ӯст, даст кашед, зеро ки у чӣ чизе ҳисоб меёбад?

Китоби Ишаъёи Набӣ — Chapters