[1] Суруди Маҳбуби худро дар бораи токзори Ӯ барои Маҳбуби худ бисароям: Маҳбуби ман токзоре бар теппаи ҳосилхез дошт.
[2] Ва Ӯ замини онро канда, аз сангҳо тоза кард, ва разҳои ангури лаъл дар он шинонид, ва бурҷе дар миёнаҷои он бино кард, ва чархуште низ дар он канд, ва Ӯ умед дошт, ки ангури хуб меоварад, валекин ангури бад овард.
[3] Ва акнун, эй сокинони Ерусалим ва мардони Яҳудо, дар миёни Ман ва токзори Ман доварӣ намоед.
[4] Барои токзори Ман боз чӣ кор кардан лозим буд, ки Ман дар он накарда бошам? Чун умед доштам, ки ангури хуб меоварад, чаро ангури бад овард?
[5] Ва акнун Ман ба шумо эълон менамоям, ки ба токзори Худ чӣ кор хоҳам кард: Хорбандашро дур мекунам, ва он хароб хоҳад шуд; деворашро вайрон мекунам, ва он поймол хоҳад шуд.
[6] Ва онро харобазор мегардонам: на навдаҳояш каллак зада хоҳад шуд, ва на заминаш канда нарм карда хоҳад шуд, ва явшон ва хори шутур дар он хоҳад рӯид; ва ба абрҳо амр мефармоям, ки бар он борон наборонанд.
[7] Зеро ки хонадони Исроил токзори Худованди лашкарҳо мебошанд, ва мардони Яҳудо — ниҳоли дилпазири Ӯ; ва Ӯ умеди инсоф дошт, ва инак — ноинсофӣ; адолатро чашм дошт, ва инак — доду фарьёд.
[8] Эй вой бар онҳое ки хонаро ба хона илова менамоянд, киштзорро ба киштзор зам мекунанд, ба тавре ки ҷое боқӣ намемонад; ва шумо ба танҳоӣ бар замин маскан гирифтаед.
[9] Худованди лашкарҳо ба гӯши ман гуфт: «Ба яқин, хонаҳои бисьёр хароб хоҳад шуд, хонаҳои бузург ва зебо ғайримаскун хоҳад гардид;
[10] Зеро ки даҳ ҷуфт токзор як бат хоҳад дод, ва як ҳӯмер тухмӣ як эфа хоҳад овард».
[11] Эй вой бар онҳое ки бомдодон бармаҳал бархоста, аз паи арақ медаванд ва то бевақтии шаб нишаста, худро бо шароб оташ медиҳанд!
[12] Ва барбат ва уд, ва даф ва най ва шароб дар базмҳои онҳост; вале онҳо ба корҳои Худованд назар намекунанд, ва амали дастҳои Ӯро намебинанд.
[13] Бинобар ин қавми ман баногоҳ ҷалои ватан гардидаанд, ва ашрофи онҳо гирифтори гуруснагӣ мебошанд, ва авоми онҳо аз ташнагӣ хушк шудаанд.
[14] Бинобар ин дӯзах ҳирси худро афзун кардааст, ва даҳони худро бениҳоят кушодааст; ва шавкати онҳо, ва хушнӯдии онҳо, ва ғавғои онҳо, ва ҳар кӣ дар байнашон хушҳол аст, дар он фурӯ хоҳад рафт.
[15] Ва инсон сархам, ва мард залил, ва чашмони ҳавобаландон паст хоҳад шуд.
[16] Ва Худованди лашкарҳо дар доварӣ баланд хоҳад шуд, ва Худои Қуддус дар адолат тақдис хоҳад ёфт.
[17] Ва гӯсфандон, мисли он ки дар чарогоҳи худ бошанд, хоҳанд чарид, ва он чиро, ки дар харобаҳои сарватдорон боқӣ монда бошад, бегонаҳо хоҳанд хӯрд.
[18] Эй вой бар онҳое ки гуноҳро бо арғамчини батолат, ва хаторо мисли таноби ароба аз паи худ мекашанд,
[19] Ва мегӯянд: «Бигзор Ӯ шитоб намуда, амали Худро тезонад, то онро бубинем; ва бигзор машварати Қуддуси Исроил наздик шавад ва биёяд, то онро бидонем»!
[20] Эй вой бар онҳое ки бадиро некӣ, ва некиро бадӣ меноманд, торикиро рӯшноӣ, ва рӯшноиро торикӣ медонанд, талхро ширин, ва ширинро талх ҳисоб мекунанд!
[21] Эй вой бар онҳое ки дар назари худ хирадманд, ва дар пеши худ доно мебошанд!
[22] Эй вой бар онҳое ки дар нӯшидани шароб баҳодур, ва дар тайёр кардани машруботи дорувордор мардони пурзӯр мебошанд,
[23] Ки шарирро ба хотири ришва одил медонанд, вале одилонро аз адолаташон маҳрум мекунанд!
[24] Бинобар ин, чунон ки забонаи оташ хасро мехӯрад, ва хошок дар аланга нест мешавад, ончунон решаи онҳо пӯсида хок хоҳад шуд, ва шукуфаи онҳо мисли ғубор барбод хоҳад рафт; зеро ки онҳо аз шариати Худованди лашкарҳо нафрат кардаанд, ва каломи Қуддуси Исроилро хор дидаанд.
[25] Бинобар ин ғазаби Худованд бар қавми Ӯ оташ гирифтааст, ва Ӯ дасти Худро бар онҳо дароз карда, онҳоро зарба задааст, ва кӯҳҳо ба ларза омадааст, ва ҷасадҳои онҳо дар кӯчаҳо мисли ахлот партофта шудааст; бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст, ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
[26] Ва ливое барои халқҳои дурдаст хоҳад барафрошт, ва якеро аз ақсои замин хитоб хоҳад кард, — ва инак, вай шитоб намуда, ба осонӣ хоҳад омад.
[27] Андаруни вай на лакоте хоҳад буд, на заифе; вай на пинак хоҳад рафт, на хоб хоҳад кард; ва камарбанди вай аз камараш воз нахоҳад шуд, ва даволи пойафзолаш канда нахоҳад шуд.
[28] Тирҳои вай тез, ва ҳамаи камонҳояш зеҳ карда шудааст; сумҳои аспони вай мисли сахра аст, ва чархҳои вай мисли тундбод.
[29] Наъраи вай мисли наъраи модашер аст; мисли шерони ҷавон наъра мезанад, ва ғурришкунон сайд мегирад, ва онро мебарад, ва раҳокунандае нахоҳад буд.
[30] Ва дар он рӯз бар ӯ мисли хурӯши баҳр ғурриш хоҳад кард; ва кас агар ба замин назар андозад, инак торикӣ ва тангист, ва нур дар паси абрҳои сиёҳ тира шудааст.