[1] Ваҳй дар бораи биёбони назди баҳр. Мисли гирдбодҳое ки дар ҷануб мевазад, вай аз биёбон, аз замини пурдаҳшат меояд.
[2] Рӯъёи мудҳише ба ман аён шудааст: хоин хиёнат менамояд, ва тороҷгар тороҷ мекунад. Эй Элом, баро! Эй Модай, муҳосира намо! Ба тамоми оҳу нолаи он хотима хоҳам дод.
[3] Аз ин рӯ камари маро ларза гирифтааст; дарде, мисли дарди зане ки мезояд, маро дар бар гирифтааст; аз он чи мешунавам, печутоб мехӯрам, ва аз он чи мебинам, ҳаросон шудаам.
[4] Ошуфтадил шудаам; тарсу бим маро мадҳуш кардааст; шоми фароғати ман ба тарсу ларз мубаддал шудааст.
[5] Суфраро оростаанд; ҷойпӯшҳоро густурдаанд; ба хӯрдану нӯшидан машғуланд. «Эй мирон, бархезед, сипарҳоро равған молед!»
[6] Зеро ки Худованд ба ман чунин гуфтааст: «Бирав, дидбоне бимон, то он чиро, ки бинад, хабар диҳад,
[7] Ва чун фавҷҳои саворонро: ҷуфт‐ҷуфт саворони асп, саворони улоғ, саворони шутурро бинад, ба онҳо бо диққати тамом гӯш андозад».
[8] Ва ӯ мисли шер садо баровард: «Эй оғои ман! Рӯзона ман доимо бар дидбонгоҳ меистам, ва тамоми шабҳо дар посбонии худ мебошам.
[9] Ва инак, савори ароба бо ҷуфт‐ҷуфти асп меоянд». Ва ӯ хитоб намуда, гуфт: «Бобил фурӯ ғалтидааст, фурӯ ғалтидааст, ва тамоми санамҳои худоёнашро ба замин зада шикастаанд».
[10] Эй хирмангоҳи ман ва писари хирмани ман! Он чи аз Худованди лашкарҳо, Худои Исроил шунидаам, ба шумо гуфтам.
[11] Ваҳй дар бораи Думо. Маро аз Сеир фарьёд мекунанд: «Эй посбон! Чӣ посе аз шаб аст? Эй посбон! Чӣ посе аз шаб аст?»
[12] Посбон гуфт: «Субҳ меояд, вале ҳанӯз шаб аст. Агар боз пурсидан хоҳед, бипурсед: бори дигар биёед».
[13] Ваҳй дар бораи банӣ‐араб. Эй қофилаҳои дадониён! Дар сангзори Арабистон манзил кунед.
[14] Эй сокинони замини Темо! Ба пешвози ташнагон об биёред, гурезагонро бо нонашон истиқбол намоед.
[15] Зеро ки онҳо аз шамшерҳо гурехтаанд: аз шамшери бараҳна, ва аз камони кашида, ва аз гаронии ҷанг.
[16] Зеро ки Худованд ба ман чунин гуфтааст: «Баъд аз як сол, мисли солҳои муздур, тамоми ҷалоли Қедор маҳв хоҳад шуд;
[17] Ва бақияи шумораи баҳодурони камондори банӣ‐Қедор кам хоҳад шуд, зеро ки Худованд, Худои Исроил чунин гуфтааст».