[1] Ваҳй дар бораи Димишқ. Инак, Димишқ аз миёни шаҳрҳо маҳв гардида, ғарами харобаҳо хоҳад шуд.
[2] Шаҳрҳои Арӯэр тарк карда хоҳад шуд, — маконе барои рамаҳо хоҳад гардид, ва онҳо дар он ҷо хоҳанд хобид, ва касе нахоҳад буд, ки онҳоро хӯсонад.
[3] Ва ҳисор аз Эфроим барҳам хоҳад хӯрд, ва салтанат аз Димишқ ва аз бакияи Арам; ҳолашон мисли ҷалоли банӣ‐Исроил хоҳад буд, — мегӯяд Худованди лашкарҳо.
[4] Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки ҷалоли Яъқуб заиф гардида, фарбеҳии баданаш ба лоғарӣ табдил хоҳад ёфт;
[5] Ва мисли он хоҳад буд, ки даравгар пояҳоро ҷамъ мекунад, ва дасташ хӯшаҳоро медаравад; ва мисли он хоҳад буд, ки дар водии Рафоим хӯшаҳоро мечинанд;
[6] Ва мисли меваҳое ки бар дарахти зайтун баъд аз зада афшондани он боқӣ мемонад, дар ӯ ду‐се донае бар сари шохаи баландаш, ва чор‐панҷ донае бар навдаҳои боровараш боқӣ хоҳад монд, — мегӯяд Худованд, Худои Исроил.
[7] Дар он рӯз инсон ба Офаринандаи худ рӯй хоҳад овард, ва чашмонаш сӯи Қуддуси Исроил дӯхта хоҳад шуд;
[8] Ва ӯ ба қурбонгоҳҳое ки бо дастҳои худ бино кардааст, рӯй нахоҳад овард, ва ба он чи ангуштҳои ӯ сохтааст, яъне ба бутҳои Ашера ва Ҳамон назар нахоҳад кард.
[9] Дар он рӯз шаҳрҳои истеҳкомдори он мисли харобаҳое хоҳад шуд, ки дар ҷангалҳо ва бар қуллаҳои кӯҳ воқеъ аст, ва онҳоро пеши банӣ‐Исроил тарк карда буданд; ва он ба харобазор табдил хоҳад ёфт.
[10] Зеро ки ту Худои наҷоти худро фаромӯш кардӣ, ва кӯҳпораи паноҳгоҳи худро ба ёд наовардӣ; бинобар ин ту ниҳолҳои дилпазир шинондӣ, ва қаламчаҳои бегонаро кишт кардӣ.
[11] Дар рӯзе ки ниҳол шинондӣ, онҳоро сабзу хуррам гардондӣ, ва саҳаргоҳон кишти худро шукуфондӣ, аммо ҳосилаш дар рӯзи беморӣ ва дарди бедармон барбод хоҳад рафт.
[12] Эй вой аз ғиреви қавмони бисьёр, ки мисли ғалаёни баҳрҳо талотум мекунанд! Ва аз хурӯши қабилаҳо, ки мисли хурӯши обҳои азим мехурӯшанд!
[13] Қабилаҳо мисли хурӯши обҳои азим мехурӯшанд; вале Ӯ ба онҳо итоб намуд, ва онҳо ба ҷойҳои дур гурехтанд, ва мисли коҳрезае аз бод бар кӯҳҳо ронда шуданд, ва мисли ғуборе аз гирдбод.
[14] Шомгоҳ — ва инак даҳшат аст, вале пеш аз субҳидам он нест мешавад. Чунин аст насиби тороҷгарони мо, ва қисмати харобкунандагони мо.