[1] Ваҳй дар бораи Мӯоб. Ҳайҳот, ки дар як шаб Ор хароб гардида, аҳли Мӯоб нобуд шудаанд! Ҳайҳот, ки дар як шаб Қир хароб гардида, аҳли Мӯоб нобуд шудаанд!
[2] Мардуми он ба буткада, ва аҳли Дивӯн ба минбарҳо барои гиристан баромадаанд; Мӯоб ба ҳоли Набӯ ва Медбо вовайло мекунад; мӯйсари ҳама гирифта шудааст, риши ҳама тарошида шудааст.
[3] Дар кӯчаҳои он мардум бар камари худ палос бастаанд; бар бомҳои он ва дар майдонҳои он ҳама вовайло мекунанд, зор‐зор мегирьянд.
[4] Ва Ҳешбӯн ва Элъоле фиғон мекашанд; овозашон то Ёҳас шунида мешавад; бинобар ин ҷанговарони Мӯоб низ навҳа мекунанд; ҷони онҳо андарунашон меларзад.
[5] Дили ман ба ҳоли Мӯоб фиғон мекашад: гурезаҳои он то ба Сӯор ва Эҷлот‐Илишиё расидаанд. Ҳайҳот, ки ба фарози Луҳит гирьякунон мебароянд, ва дар аснои роҳи Ҳӯрӯноим доду фарьёди ҷонгудозе мебароранд!
[6] Ҳайҳот, ки обҳои Нимрим тамом шудааст, чаманзор хушкидааст, наботот талаф гардидааст, сабзае боқӣ намондааст!
[7] Бинобар ин сарвати андӯхтаи худ ва пасандозҳои худро ба он соҳили наҳри Аровим мебаранд.
[8] Ҳайҳот, ки ҳудуди Мӯобро фигон фаро гирифтааст! Вовайлои он то Эҷлоим аст, вовайлои он то Беэр‐Элим аст.
[9] Ҳайҳот, ки оби Димон аз хун пур шудааст! Ва Ман бар Димон боз балоҳо хоҳам овард: бар гурезаҳои Мӯоб ва бар боқимондагони заминаш шерро хоҳам овард.