[1] Кошки Ту осмонро дарронда, нузул менамудӣ! Кӯҳҳо аз ҳузури Ту гудохта мешуд,
[2] Мисли он ки хасу хошок аз оташ аланга мезанад, ва об аз оташ ба ҷӯш меояд, — нузул намо, то ки исми Худро ба душманони Худ машҳур созӣ, ва халқҳо аз дидори Ту ба ларза оянд.
[3] Вақте ки Ту корномаҳои аҷоибе ки мо чашми интизор надоштем, ба ҷо оварда, нузул менамудӣ, кӯҳҳо аз ҳузури Ту гудохта мешуд.
[4] Ва ҳаргиз нашнидаанд, ва гӯш накардаанд, ва чашм Худоеро ғайр аз Ту надидааст, ки барои умедворонаш чунин амал карда бошад.
[5] Ту бо онҳое ки шодмонанд, ва адолатро ба амал меоваранд, ва дар роҳҳои Ту Туро зикр менамоянд, бо хушӣ мулоқот мекунӣ; лекин Ту ба ғазаб омадаӣ, чунки мо гуноҳ кардаем, ва муддати зиёде дар он ғӯтидаем, — ва оё метавонем наҷот ёбем?
[6] Ва ҳамаамон мисли палиде гардидаем, ва тамоми адолати мо мисли либоси чиркин аст; ва ҳамаамон мисли барг пажмурда шудаем, ва гуноҳҳоямон мисли боде моро бардошта мебарад.
[7] Ва касе нест, ки исми Туро бихонад, ва бедор шуда, Туро пайравӣ намояд, зеро ки Ту рӯи Худро аз мо пинҳон кардаӣ, ва моро гузоштаӣ, ки аз гуноҳҳои худ нобуд шавем.
[8] Ва акнун, эй Худованд, Ту Падари мо ҳастӣ; мо гил ҳастем, ва Ту — кӯзагари мо, ва ҳамаамон амали дастҳои Ту мебошем.
[9] Худовандо! Бениҳоят дар ғазаб нашав, ва гуноҳро то абад дар хотир нигоҳ надор; лутфан назар андоз, ки ҳамаамон қавми Ту ҳастем.
[10] Шаҳрҳои муқаддаси Ту биёбон шудааст; Сион биёбон, ва Ерусалим харобазор гардидааст.
[11] Хонаи қудси мо ва ҷалоли мо, ки падарони мо дар он Туро ҳамду сано мехонданд, тӯъмаи оташ гардидааст, ва ҳар он чи барои мо азиз буд, харобазор шудааст.
[12] Оё баъд аз ҳамаи ин, эй Худованд, боз худдорӣ менамоӣ? Ва хомӯш монда, моро бениҳоят хорузор мекунӣ?