[1] «Эй ҳамаи ташнагон, сӯи обҳо биёед! Ва эй онҳое ки нуқра надоред, биёед, бихаред, ва бихӯред! Ва омада, бе нуқра ва бе баҳо шароб ва шир бихаред!
[2] Чаро нуқраро барои он чи нон нест, ва меҳнати худро барои он чи сер намекунад, сарф менамоед? Маро бодиққат бишнавед, ва чизҳои хубро бихӯред, то ки ҷони шумо аз фаровонӣ лаззат барад.
[3] Гӯши худро хам карда, назди Ман биёед; бишнавед, то ки ҷони шумо зинда шавад; ва Ман ба шумо аҳди ҷовидонӣ, яъне марҳаматҳои боэътимоди Довудро хоҳам бахшид.
[4] Инак, Ман Ӯро шоҳиде барои умматҳо, пешво ва ҳокими қабилаҳо гардонидаам.
[5] Инак, халқеро, ки ту намешинохтӣ, даъват хоҳӣ намуд, ва халқе ки туро намешинохтанд, сӯи ту хоҳанд давид, ба хотири Худованд Худои ту ва Қуддуси Исроил, зеро ки Ӯ туро шавкат бахшидааст.
[6] Худовандро толиб бошед, вақте ки Ӯ ёфт мешавад; Ӯро бихонед, вақте ки Ӯ наздик аст.
[7] Бигзор шарир роҳи худро, ва шахси бадкор фикрҳои худро тарк карда, сӯи Худованд баргардад, ва Ӯ ба вай раҳм хоҳад кард; ва сӯи Худои мо баргардад, зеро ки Ӯ бисьёр меомурзад.
[8] Зеро ки фикрҳои Ман фикрҳои шумо нест, ва роҳҳои шумо роҳҳои Ман нест, — мегӯяд Худованд.
[9] Зеро, чунон ки осмон аз замин баланд аст, ончунон роҳҳои Ман аз роҳҳои шумо, ва фикрҳои Ман аз фикрҳои шумо баланд аст.
[10] Зеро, чунон ки борон ва барф аз осмон меборад ва ба он ҷо барнамегардад, балки заминро сероб карда, онро ҳосилхез ва сабзу хуррам мегардонад, ва ба зироаткор тухм ва ба нонхӯр нон мебахшад,
[11] Ончунон каломе ки аз даҳони Ман мебарояд, хоҳад буд: вай сӯи Ман бенатиҷа нахоҳад баргашт, балки он чиро, ки Ман хостаам, ба ҷо хоҳад овард, ва ба иҷрои он чи, ки барояш варо фиристодаам, муваффақ хоҳад шуд.
[12] Зеро ки шумо бо хурсандӣ берун хоҳед рафт, ва бо осоиштагӣ гуселонида хоҳед шуд; кӯҳҳо ва теппаҳо пеши шумо бо овози баланд тараннум хоҳанд кард, ва хамаи дарахтони саҳро қарсак хоҳанд зад.
[13] Ба ҷои хорбӯтта сарв хоҳад рӯид, ва ба ҷои газна ос хоҳад рӯид; ва ин барои Худованд ҷалоле, аломати ҷовидонии маҳвнопазире хоҳад буд».