[1] Дар соле ки Тартон ба Ашдӯд омад, вақте ки Сарҷун, подшоҳи Ашшур ӯро фиристод, ва бо Ашдӯд ҷанг карда, онро забт намуд,
[2] Дар ҳамон вақт Худованд ба воситаи Ишаъё ибни Омӯс сухан ронда, гуфт: «Бирав, ва палосро аз камари худ бикшо, ва кафшро аз пойҳои худ дур кун». Ва ӯ чунин кард: бараҳна ва пойлуч роҳ мерафт.
[3] Ва Худованд гуфт: «Чунон ки бандаи Ман Ишаъё се сол бараҳна ва пойлуч роҳ рафтааст, то аломате ва ишорате дар бораи Миср ва Ҳабаш бошад,
[4] Ончунон подшоҳи Ашшур асирони Миср ва матрудони Ҳабашро — ҷавонон ва пиронро — бараҳна ва пойлуч ва кунлуч хоҳад бурд, то ки расвоӣ барои Миср бошад.
[5] Ва аз Ҳабаш, ки пуштибони онҳост, ва аз Миср, ки ифтихори онҳост, ҳаросон ва хиҷил хоҳанд шуд.
[6] Ва дар он рӯз сокинони ин соҳил хоҳанд гуфт: „Инак, чунин аст ҳоли пуштибони мо, ки ба кӯмакаш рӯ оварда будем, то аз подшоҳи Ашшур раҳо шавем! Пас, мо чӣ гуна халосӣ меёбем?“»