Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Худованд ба ман гуфт: «Варақи калоне барои худ бигир, ва бар он бо хати маъмул бинавис: „Маҳер шолол, ҳош баз“ ».

[2] Ва ман барои худ шоҳидони амин — Уриёи коҳин ва Закарьё ибни Баракьёро гирифтам,

[3] Ва ба набия наздикӣ кардам, ва ӯ ҳомила шуда, писаре зоид; ва Худованд ба ман гуфт: «Номи ӯро чунин бихон: Маҳер‐шолол‐ҳош‐баз;

[4] Зеро, пеш аз он ки кӯдак тавонад „Падарам“ ва „Модарам“ бигӯяд, сарвати Димишқ ва ғанимати Сомарияро пеши подшоҳи Ашшур хоҳанд бурд».

[5] Ва Худованд суханашро ба ман давом дода, боз гуфт:

[6] «Азбаски ин қавм аз обҳои Шилӯаҳ, ки оҳиста‐оҳиста ҷорӣ мешавад, нафрат карда, аз Расин ва писари Рамальёҳу ба ваҷд меоянд,

[7] Бинобар ин, инак Худованд обҳои наҳри пурталотум ва бузургро — подшоҳи Ашшур ва тамоми ҳашамати ӯро — бар онҳо хоҳад овард; ва он аз ҳамаи шохобҳояш боло хоҳад баромад, ва аз ҳамаи канорҳояш берун хоҳад рафт;

[8] Ва туғьёнаш ба Яхудо гузашта, онро зер хоҳад кард, ва саршор гардида, то ба гардан хоҳад расид; ва болҳои он тамоми арзу тӯли замини туро, эй Имонуил, фаро хоҳад гирифт».

[9] Талотум хоҳед кард, эй қавмон, вале шикаст хоҳед хӯрд! Ва гӯш андозед, эй ҳамаи кишварҳои дурдаст: камари худро хоҳед баст, вале шикаст хоҳед хӯрд! Камари худро хоҳед баст, вале шикаст хоҳед хӯрд!

[10] Қасд хоҳед кард, вале он ботил хоҳад шуд! Сухан хоҳед ронд, вале он ба амал нахоҳад омад, зеро ки Худо бо мост!

[11] Зеро Худованд ба ман чунин гуфт, дар сурате ки дасти қавми Ӯ бар ман буд, ва ба ман талқин намуд, ки бо роҳи ин қавм наравам; ва гуфт:

[12] «Ҳар он чиро, ки ин қавм суиқасд ҳисоб мекунанд, шумо суиқасд ҳисоб накунед; ва аз он чи онҳо метарсанд, натарсед, ва биме надошта бошед.

[13] Худованди лашкарҳоро, — танҳо Ӯро, — тақдис намоед, ва Ӯ тарси шумо бошад, ва Ӯ бими шумо бошад.

[14] Ва Ӯ макони муқаддас барои шумо хоҳад буд, ва санги пешпо ва сахраи монеа — барои ҳар ду хонадони Исроил, ва тузоқу қуллоб — барои сокинони Ерусалим.

[15] Ва бисьёре аз онҳо пешпо хоҳанд хӯрд, ва фурӯ хоҳанд ғалтид, ва ба шикаст дучор хоҳанд гардид, ва дар тузоқ хоҳанд афтод, ва гирифтори куллоб хоҳанд шуд.

[16] Шаҳодатро мисли лӯлае бипечон, ва шариатро дар миёни шогирдони Ман мӯҳр намо».

[17] Ва ман ба Худованде ки рӯи Худро аз хонадони Яъқуб пинҳон кардааст, интизорӣ кашида, умедвори Ӯ хоҳам шуд.

[18] Инак ман ва фарзандоне ки Худованд ба ман додааст, аз ҷониби Худованди лашкарҳо, ки дар Сион сокин аст, барои Исроил аломот ва ишорот ҳастем.

[19] Ва чун ба шумо гӯянд: «Аз ҷодугарон ва азоимхононе ки суфу куф ва ириму ҷирим мекунанд, дархост намоед», — бигӯед: «Ҳар қавм, охир, аз Худои худ дархост менамоянд, на ин ки ба воситаи мурдаҳо дар бораи зиндаҳо!».

[20] Ба шариат ва шаҳодат рӯ оваред! Ба яқин сухане мисли ин хоҳанд гуфт, ки он ҳеҷ маъное надорад.

[21] Ва қавм бо машаққат ва гуруснагӣ бар замин хоҳанд гашт; ва чун гурусна монанд, хашмгин шуда, подшоҳи худ ва Худои худро лаънат хоҳанд кард; ва ба боло рӯй хоҳанд овард,

[22] Ва бар замин хоҳанд нигарист, ва инак тангӣ ва тирагист, зулмоти нокомист, ва дар торикӣ андохта хоҳанд шуд.

Китоби Ишаъёи Набӣ — Chapters